Асри сангу мис (энеолит) - давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ. Дар Аврупо давраи энеолитро ба ҳазорсолаи 3 то м., дар Байнаннаҳрайн ва Миср ба ҳазорсолаи 4 то м. нисбат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна, дар Туркманистони Ҷанубӣ ёдгорҳои энеолитӣ фаровонанд. Ошноии нахустини инсон бо филизз ба эҳтимоли қавӣ ҳанӯз дар охирҳои асри санг сурат гирифта буд. Ҷустуҷӯи мавод барои сохтани абзори кор ва силоҳ инсони даврони ибтидоиро бо анвои сангҳои филизздор дучор намуд. Аз ҷумла одамони қадим пораҳои маъдани миси холисро ҳам пайдо карда, аз он бидуни дар кӯра тафта кардан абзори кор ва анвои гуногуни силоҳи давраи ибтидоӣ месохтанд, ки дар таърих ин давра энеолит – Асри сангу мис номида шуд. Нахустин ашёи аз филизз сохташуда ҷойи ашёву абзори сангӣ, чӯбӣ ва устухониро гирифтанд, ки ин ҳодиса дар сарзамини Осиёи Миёна ба асри 5 то милод рост меояд. Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.[1]

034 small axe 10.) 2nd m. BC, 11.) late 3rd m.BC, 12.) dagger 2nd m. BC ашёи аз филизз сохташуда

Нигаред низ

вироиш
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23