Асри сангу мис дар Тоҷикистон

Ёдгориҳои Асри сангу мис дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал ашё ва абзорҳои мансуб ба асри биринҷӣ солҳои 30–40 асри 20 ёфт шудаанд. Ҳафриёти нисбатан васеътарро солҳои 1955 Б. А. Литвинский дар соҳилҳои чапи Сирдарё, дар қисмати ғарбии водии Фарғона (дар минтақаи имрузаи Обанбори Қайроққум) ва с. 1955–1959 А. М. Манделштам дар водии Бешкент анҷом доданд. Ёдгорҳои фаровони ибтидои давраи асри биринҷиро солҳои 70–80 асри 20 аз бисёр мавзеъҳои Ҷануби Тоҷикистон ва Помир низ пайдо кардаанд. Яке аз бозёфти машҳури бостоншиносон шаҳркадаи Саразм аст.[1]

Шери Хуталон

Саразм

вироиш

Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тилоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • История таджикского народа. Т.1. - М., 1963;
  • Ранов В.А. Каменный век Таджикистана. - Душанбе,1965;
  • Средняя Азия в эпоху камня и бронзы. - М. – Л., 1966.
  • Исаков А. Саразм. — Душанбе, 1991.
  • Раззоков А. Саразм. — Душанбе, 2009

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23