Open main menu


Conference of the birds.jpg

«АСРОРНОМÁ» (форсӣ: اسرارنامه) — яке аз маснавиҳои ирфонии маъруфи шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ (ваф. 1221).«Асрорнома» аз 3309 байт иборат буда, ба 12 мақола тақсим мешавад ва ҳар як мақола ба шарҳу тафсили яке аз аслҳои тасаввуф бахшида шудааст. Дар «Асрорнома» ҳикоёту афсонаҳои дилчаспу рангини зиёде оварда шуда, маъниҳои муҷарради ирфонӣ бо тамсил ифода ёфтаанд. Нусхаҳои хаттии зиёде аз ин асар дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон маҳфуз буда, матни он борҳо дар Теҳрон ба табъ расидааст. Як нусхаи хаттии он, ки дар қарни 18 китобат шудааст, дар Захираи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Тоҷикистон зери рақами 648 маҳфуз аст.

МанбаъВироиш

/ 	С. Шаҳобуддинов.
  • دکترمحمدمعین. فرهنگفارسی. ج.۵. تهران،۱۳۷۹؛
  • فهرستنسخخطیفارسیانستیتویآثارخطیتاجیکستان. ج۱. تهران،۱۳۷۶