Асрору-л-балоға
«Асрору-л-балоғат» (ар. أسرار البلاغة) — китоби мутакаллим, адиб ва забоншиноси Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ дар улуми маъонӣ ва баён, ки ба забони арабӣ таълиф кардааст.
Нависанда | Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | арабӣ |
Ба шаҳодати аксари мутахассисон Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ бо ин китоби худ аввалин шуда асосҳои илми балоғатро тарҳрезӣ карда, қоидаву қонунҳои онро мураттаб сохтааст. «Асрору-л-балоғат» аз 33 фасл иборат буда, дар он масъалаҳои зерини илми балоғат ба таври муфассал такмилу баррасӣ шудаанд: таҷнис; татбиқ; истора; навъҳои истиора аз қабили истиораи муфида, истиораи ғайримуфида, истораи ҳақиқӣ ва истораи тахайюлӣ; инчунин ташбеҳ; тамсил; фарқи байни ташбеҳ ва тамсил; масъалаи ахз (гирифтани маъно аз каси дигар); сирқа (дуздии маъно); истеъдод ва истиъонат; ҳақиқат ва маҷоз; маҷози ақлӣ ва маҷози луғавӣ ва ғайра. «Асрору-л-балоғат» то имрӯз ҳамчун китоби дарсии илми балоғат дар сатҳи олӣ дар донишгоҳҳои улуми инсонӣ омӯхта мешавад ва матни он дар Қоҳира ва дигарон ҷойҳо борҳо ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Асрор-ул-балоғат / С. Шаҳобуддинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.