Ассимилятсия (биология)


АССИМИЛЯТСИЯ, анаболизм,дар биология қобилияти моддаҳои муҳити берунаро гирифта барои ҳаёт истифода кардани организм. Дар натиҷаи ассимилятсия моддаҳое, ки аз муҳит гирифта шудаанд, ба моддаҳои организм монанд шуда, қисми таркибии он мегарданд. Ассимилятсия ҳодисаи худнигоҳдории организмҳост. Ба туфайли ассимилятсия моддаҳои ҳангоми диссимилятсия таҷзияшуда барқарор ва ҳаёт аз заволёбӣ ҳифз мешавад. Ассимилятсия ва диссимилятсия ҳодисаҳои мухолиф, вале дар айни замон ду ҷиҳати хусусияти умумии ҳамаи организмҳо – мубодилаи моддаҳо мебошанд. Организм барои зистан бояд ҳамеша аз ғизое, ки мегирад, ҳуҷайра ва бофта ҳосил кунад. Ҷараёни ассимилятсия хусусияти интихобӣ дорад, яъне бисёр организмҳо дар шароити яксон зиндагӣ кунанд ҳам, фақат моддаҳои ба худ хосро синтез менамоянд. Ассимилятсия яке аз аломатҳои асосии организмҳост. Масалан, сабзишу нумӯ натиҷаи аз диссимилятсия бартарӣ доштани ассимилятсия, инчунин нисбат ба таҷзия бештар ҳосил шудани моддаҳо мебошад. Организмҳо вобаста ба моддаҳое, ки ҳангоми ассимилятсия истифода бурдаанд, 2 навъ – автотрофӣ ва гетеротрофӣ мешаванд. Организм­ҳои автотрофӣ ҳамаи моддаҳои мураккаби органикии барои ҳаёт зарур (сафеда, чарб ва карбогидратҳо)-ро аз моддаҳои ноорганикӣ ҳосил мекунанд. Ба организмҳои автотрофӣ, пеш аз ҳама, рустаниҳои сабз (дар онҳо фотосинтез мушоҳида мешавад) ва баъзе бактерияҳо мансубанд. Масалан, хлоробактерияҳо ва бактерияҳои арғувонӣ дар натиҷаи истифодаи рӯшноии Офтоб моддаҳои баҳри ҳаёташон заруриро синтез мекунанд. Баъзе бактерияҳо барои ассимилятсия хемосинтез, бактерияҳои дигар (масалан, бактерия­ҳои нитроандӯз) энергияи оксидшавии моддаҳои минералӣ (масалан, аммиак ва ғайра)-ро истифода мебаранд. Барои организмҳои гетеротрофӣ моддаҳои тайёри органикӣ лозиманд. Ба организмҳои гетеротрофӣ ҳайвонот, рус­таниҳои бехлорофил ва қисми зиёди микроорганизмҳо мансубанд. Ассимилятсия хосияти интихобӣ дошта, дар организмҳо аз насл ба насл мегузарад, вале устувории ассимилятсия нисбист. Агар организм барои ба шароити дигар мутобиқ шудан маҷбур бошад, ассимилятсия метавонад тағйир ёбад. Сабаби тағйирёбии ассимилятсия дар он аст, ки талаботи организм дар шароити нав дигар мешавад (ин хусусият асоси тағйирпазирӣ аст). Се нишондиҳандаи асосии ҷараёни ассимилятсия вуҷуд дорад. Депрессияи ассимилятсионӣ – зери таъсири омил­ҳои номусоиди муҳит ва вазъи дохилии рустанӣ суст шудани фаъолияти ассимилятсия; паст шудани шиддати фотосинтез ва зиёд гаштани нафасгирӣ, ки ҳангоми он дараҷаи мубодилаи гази карбонати рустанӣ дар рушноӣ ба нуқтаи ҷубронӣ наздик ё аз он паст аст. Депрессияи ассимилятсионии мунтазам ва бардавом ба борварии умумии рустанӣ таъсири манфӣ мерасонад. Депрессияи ассимилятсионӣ дар сурати гарм ва хушк будани иқлим, якбора паст ё баланд шудани ҳарорати ҳаво, кам будани бориш ва нами хок, бо об бад таъмин гаштани рустанӣ мушоҳида мешавад. Мубодилаи моддаҳоро тағйир дода, навъҳои зироати барои ҳаёти инсон муфидро ба вуҷуд овардан мумкин аст.

Адабиёт

вироиш