Ассимилятсия (маъданшиносӣ)

Ассимилятсия, якҷошавӣ — дар маъданшиносӣ (петрография), раванди таъсири мутақобили магма ва ҷинсҳои атроф. Дар натиҷаи ассимилятсия магма ҷинсҳои атрофро қисман ё пурра ҳал карда, таркиби худро тағйир медиҳад. Пайдоиши габбро ва диоритҳо дар қисми канории интрузияҳои гранит, ки дар табақаи оҳаксангҳо ҷойгиранд, мисоли раванди ассимилятсия мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Миловский А. В. Минералогия и петрография. Москва, 1982;
  • Логвиненко Н. В. Петрография осадочных пород. Москва, 1967.

Сарчашма

вироиш