Оҳаксанг — ҷинси кӯҳии таҳшинист, ки асосан аз калсит CaCO3 ва баъзан аз арагонит иборат аст.

Таркиб

вироиш

Таркибаш аксариат омехтаҳои доломит, кварс, минералҳои гилдор, оксидҳо, гидрооксидҳои оҳан, манган, инчунин марказит, фосфатҳо, гаҷ, моддаҳои органикӣ ва ғайра дорад. Таркиби химиявии оҳаксанги тоза ба таркиби калсит (56 % СаО ва 44 % СОг) наздик аст. Агар Оҳаксанг 4—17 %’ MgO дошта бошад, онро оҳаксанги доломитгашта, 25— 50 % зарраҳои гилӣ дошта бошад, мергел меноманд.

Бури табиии 96— 99% CaCO3 дошта низ оҳангсанг аст. Дар раванди метаморфизм оҳаксанг ба мармар табдил меёбад. Оҳаксангҳо вобаста ба андозаи донаҳои таркибашон гуногун ва аз рӯи сохт кристаллӣ, органогенӣ, шикастапора ва омехта меша­ванд. Оҳаксангҳо бештар қабат-қабат мехобанд. Оҳаксанги органогенӣ аз ҷамъ шу­да мондани боқимондаҳои органикӣ, ҳҳаксанги хемогенӣ бо роҳи аз маҳлулҳо такшон шудани калсит ва ҳҳаксанги шикастапора дар натичаи ҷамъ ва шах шуда мондани шикастапораҳои оҳаксангҳои қадима ба вуҷуд меоянд. Оҳаксанг дар шакли қабатҳои ғафс (аз садҳо то ҳазорҳо м) дар таҳнишастҳои тамоми системаҳои геологӣ (аз токембрий то антропоген) вомехӯрад. Дар Тоҷикистон оҳаксанг бештар дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисор ва каторкӯҳҳои Дарвозу Помир вомехӯрад.

Истифода

вироиш

Дар хоҷагии халқ оҳаксанг аҳа­мияти калон дорад. Аз он оҳак, се­мент тайёр мекунанд. Дар сохтмони корхонаҳои саноатӣ, манзилгоҳ ва роҳҳо ҳамчун санг, шағал, сангҳои рӯйкашию ороишӣ ба кор меравад. Оҳаксангро дар саноати химия (барои тай­ёр кардани соҳа, карбиди калсий, нурии минералӣ ва ғайра), металлургия (ба сифати флюс), полиграфия (ба­рои сохтани сангҳои литографӣ), саноати шишa, хӯрокворӣ (барои софкории шарбати лаблабуи қанд) ва ғайра фаровон истифода мебаранд.

Пайвандҳо

вироиш
  • Известняк — мақола дар донишномаи Кругосвет.(рус.)
  • Известняк — ҷинси кӯҳӣ. Тавсифот, тасвир, кон.(рус.)

Сарчашма

вироиш