Ассотсиатсияи ҷаҳонии матбуоти шоҳмот


АССОТСИÁТСИЯИ ҶАҲÓНИИ МАТБУÓТИ ШОҲМÓТ,созмонест, ки бо мақсади тарғиби шоҳмот ба воситаи матбуот таъсис дода шудааст. Ассотсиатсияи ҷаҳонии матбуоти шоҳмот ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии хабарнигороне, ки масоили марбут ба шоҳмотро пайгирӣ мекунанд, мусоидат менамояд ва барои ташкил намудани мусобиқаҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ассотсиатсияи ҷаҳонии матбуоти шоҳмот бо ташаббуси рӯзноманигори испаниягӣ Ҷ. Пуч ҳангоми баргузории мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Палма (Испания) соли 1968 бунёдгузорӣ шуд. Он беш аз 300 журналистро аз кишварҳои мухталиф муттаҳид сохтааст. Нахустин президенти Ассотсиатсияи ҷаҳонии матбуоти шоҳмот – Ҷ. Пуч. Аз соли 1977 ин вазифаро адиб ва рӯзноманигори даниягӣ С. Новруп ба уҳда дорад. Аз ҷониби Ассотсиатсияи ҷаҳонии матбуоти шоҳмот ва Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот барои беҳтарин шоҳмотбозони соли ҷаҳон ҷоизаи «Оскар» (аз соли 1968 барои мардон ва аз соли 1982 барои занон) таъсис шудааст, ки аъзои ин ду ниҳод ба таври раъйдиҳии ғоибона барандаи ҷоизаро муайян мекунанд. Ассотсиатсияи ҷаҳонии матбуоти шоҳмот ҳамчунин дар охири ҳар сол аз тариқи назарсанҷии хабарнигорон шоҳмотбозони номдори олам ва фаъолони шинохтаи шоҳмоти ҷаҳон 10 нафар беҳтарин шоҳмотбозон (аз соли 1968 мардон ва аз соли 1982 занон)-ро муайян карда, ба ҷаҳониён эълом медорад.

Адабиёт

вироиш
  • Шахматы // Энциклопедический словарь. Москва, 1990.