Ассотсиатсияҳои ситорагӣ


АССОТСИÁТСИЯҲОИ СИТОРАГӢ, гурӯҳҳои ситораҳои ҷавони (синнашон то даҳҳо млн сол) андозаи паҳнояшон 50–100 пк ва шумораашон аз якчанд то садно.Ассотсиатсияҳои ситорагӣ соли 1949 В. А. Амбарсумян кашф ва коҳиши онҳоро пешгӯӣ намуд. Таҳқиқоти баъдинаи Ассотсиатсияҳои ситорагӣ Блаув, Б. Морган, В. Маркарян, И. Копилов ва дигарон воқеаи васеъшавии Ассотсиатсияҳои ситорагиро тасдиқ кард. Дар охирҳои солҳои 40 садаи XX В. А. Амбарсумян роҳи дигари ҳалли масъалаи муайян намудани синни ситораҳоро пеш гирифт. Ӯ маълумоти мавҷударо оид ба тақсимоти ситораҳои навъҳои гуногун дар фазо, инчунин таҳқиқоти хусусӣ оид ба динамикаи ситораҳо (яъне ҳаракати онҳо дар майдони ҷозибавие, ки тамоми ситораҳои Галактика ба вуҷуд меоранд)-ро асоси кори худ гирифт. Дар ин асос ӯ ду хулосаи муҳимро на танҳо барои астрофизика, балки барои ҳамаи илмҳои табиатшиносӣ кард:

  • пайдоиши ситораҳо дар Галактика то ҳанӯз давом дорад;
  • пайдоиши ситораҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба амал меояд.
Трапетсияи Орион
Трапетсияи Орион

Ин хулосаҳо ба тарзи пайдоиши ситораҳо ва табиати манбаи энергияи ситораҳо вобаста набуда, дар кашфи навъҳои нави гурӯҳҳои ситоравӣ, ки Ассотсиатсияҳои ситорагӣ номида шудаанд, асос ёфтаанд. Чунин гурӯҳҳоро тарокуми ситорагӣ меноманд. Ду навъи тарокуми ситорагиро фарқ мекунанд: пароканда (мансура) ва курашакл (манзума). Тарокумҳои пароканда маъмулан аз даҳҳо ё садҳо ситораи пайдарпайи асосӣ ва ситораҳои фавқулазиме иборатанд, ки дар марказ чандон ғун нашудаанд. Тарокумҳои курашакл аз даҳҳо ва ё садҳо ҳазор ситораи пайдарпайии асосӣ ва ситораҳои сурхи азим иборатанд.
Навъҳои зерини Ассотсиатсияҳои ситорагӣ мавҷуданд:

  • ОВ-ассотсиатсия, ки асосан аз ситораҳои бузурги синфи тайфии О ва В иборатанд;
  • Т-ассотсиатсия, ки асосан ситораҳои хурди тағйирёбандаи намуди Т-Савр дорад;
  • R-ассотсиатсия, ки дар он ситораҳои синфи тайфии О–А2 бо туманоти газу чангии инъикоскунанда фаро гирифта шудаанд.

Ситораҳои узви Ассотсиатсияҳои ситорагӣ бо ҳам ҷозибавӣ алоқаманд нестанд, лекин таъсири ҷозибавии дигарон ситораҳоро ҳис мекунанд. Дар натиҷа Ассотсиатсияҳои ситорагӣ пароканда ва ситораҳои он дар фазои ситораҳои дигар парешон мешаванд. Ҳамаи ситораҳои Ассотсиатсияҳои ситорагӣ синни баробар доранд, ки далели дар як вақт пайдо шудани онҳо мебошад.

Адабиёт

вироиш
/ М. Холов.
  • Холопов П. Н. Звёздные скопления. Москва, 1981;
  • Локтин А. В., Марсаков В. А. Звёздная астрономия в лекциях. Ростов-на-Дону, 2010;
  • Ефремов Ю. Н. Очаги звездообразования в галактиках. Москва, 1989;
  • Ҳамон. Звездные сверхскопления и сверхассоциации // Природа. № 6. Москва, 2004.