Галактика
Каҳкашон (форсӣ: کهکشان), Галактика, (юн.-қад. γᾰλαξίας «Роҳи Ширӣ»[1] аз юн.-қад. γάλα, γάλακτος «шир») — манзумаҳои азими ситораӣ (то 1013 ситора), ки берун аз Роҳи Каҳкашони мо ҷойгиранд. Каҳкашон дар ҳамаи самтҳо намоён буда, фақат дар минтақаи Роҳи Каҳкашон дар натиҷаи фурӯбурди шуъои рӯшноии байни ситораҳо ба чашм намудор нестанд. Бо чашми одӣ се каҳкашон — туманоти Андромеда, Абрҳои Калон ва Хурди магелланиро, ки ба мо нисбатан наздиканд, мушоҳида кардан мумкин аст. Аксари каҳкашонҳо чунон дуранд, ки ҳамчун нуқтаҳои хурд ба чашм мерасанд. Дурахшонии даҳҳо ҳазор каҳкашон аз 15 қадри ситораӣ (15m) зиёдтар буда, бо ёрии телескопҳои бузурги рӯйизаминӣ ва кайҳонӣ шакл ва хосиятҳои физикии онҳоро таҳқиқ кардан мумкин аст. Каҳкашонро ситорашиносии беруникаҳкашонӣ меомӯзад. Маълумот дар бораи каҳкашон дар зиҷҳои алоҳида ҷамъ оварда мешавад. Аз онҳо зиҷи аввалини туманот ва тарокумҳои ситораии ситорашиноси фаронсавӣ Ш. Мессийе (охири садаи XVIII, дар он каҳкашони Андромеда чун М 31 қайд шудааст) ва «Зиҷи нави умумӣ»-и (NGS) астрономи инглис Й. Дрейер (1888) маъмул мебошанд (дар он каҳкашони Андромеда чун NGS 224 сабт гардидааст).
Навъҳо
вироишГалактикаро вобаста ба шакли зоҳириашон асосан ба се навъ — эллипсӣ, спиралӣ ва бешакл тақсим менамоянд. Галактикаи эллипсӣ (Е) ба эллипсоид монанд буда, дурахшониашон аз канор ба марказ меафзояд (25 %). Чунин галактика вобаста ба фишурдашавӣ ба 8 зергурӯҳ тақсим мешаванд: аз системаҳои куравӣ Е0 то системаҳои наскшакл Е7. Галактикаи спиралӣ (S) шакли спиралро дошта, зиёда аз нисфи ҳамаи галактикаро ташкил медиҳанд. Ба ин гурӯҳ Галактикаи мо ва Андромеда низ дохил мешаванд. Вобаста ба шакли ҳаста (ядро) галактикаи спиралӣ ба зергурӯҳҳои SA ва SB тақсим мешаванд. Шоха (бозу)-ҳои спиралии гурӯҳи SA бевосита аз ҳастаи марказӣ баромада, бозуҳои спиралии гурӯҳи SB аз ҳастаи тасмашакл оғоз меёбанд. Вобаста ба инкишофи бозуҳо ва андозаи ҳаста галактикаи спиралӣ ба зергурӯҳҳои Sa, Sb, Sc ва SBa, SBb, SBc тақсим мешаванд. Онҳо бо тоҷи ситоравии курашакли массаашон муайян иҳота шудаанд. Бозуҳои спиралӣ манбаи асосии пайдоиши ситораҳо буда, мавҷуд будани миқдори зиёди ситораҳои тафсони ҷавон далели он аст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки чунин таснифот барои ба низом даровардани шаклҳову хосиятҳои галактика кофӣ нест. Галактикае низ мавҷуданд, ки шаклан ва табиатан ба галактикаи эллипсӣ ва спиралӣ монанданд (SO). Онҳо аз қисми марказии зичи куравӣ ва қурси онро иҳотакунанда иборат бошанд ҳам, бозуҳои спиралӣ надоранд ва тақр. 20 дарсади галактикаи атрофи моро ташкил медиҳанд (галактикаи линзавӣ). Вобаста ба таҳаввули ояндаашон галактика ба гурӯҳҳои SA ё SB ҷудо мешаванд. Галактикаи бешакл умуман ҳаста надоранд. Тайфи галактика нишон медиҳад, ки онҳо асосан ба гурӯҳҳои тайфии А, F ё G мансуб буда, омехтаи хатҳои эмиссионӣ ҳастанд. Ин далели он аст, ки туманоти берунӣ аз ситораҳо ва маводди диффузӣ иборат мебошанд. Тақр. 5 дарсади галактикаи боқимонда шакли симметрӣ надошта, ба гурӯҳи бешакл (Ir) дохил мешаванд. Равшании онҳо паст буда, асосан аз ҳидрогени нейтралӣ (хунсо) иборатанд (мас., Абрҳои магелланӣ). Ба ин гурӯҳ галактикаи пекулярӣ ва галактикаи мутақобилтаъсир низ дохил мешаванд, ки хосиятҳояшон ба галактикаи эллипсӣ ва спиралӣ монанд нестанд. Галактикаи мутақобилтаъсир аслан галактикаи каратӣ мебошанд, ки дар байнашон «дум» ё «банд»-ҳои аз моддаҳои равшану тира таркибёфта мушоҳида мегарданд.
Галактика дар қисми марказии худ ҳаста доранд, ки аз ситораҳо ва газ иборат аст. Массаи ҳаста аз массаи Офтоб миллионҳо баробар зиёд буда, бо абрҳои газии то 150 пк тӯлкашида иҳота шудааст. Андозаи ҳаста камтар аз 10 пк ва қисми марказии он ≈ 10-4 пк аст. Ҳастаи баъзе галактика, асосан, аз ситораҳои тафсон ва газҳои ионӣ (ҳастаи пекулярӣ) иборат буда, дар онҳо раванди тавлидшавии ситораҳо мушоҳида мегардад. Ҳастаи галактикаи ғайристатсионарӣ ва галактикаи одӣ аз ҳам бо афканишоти босуръати рентгенӣ, ултрабунафш, инфрасурх, радиоӣ ва морфология тафовут доранд. Галактикаи ҳастаашон ғайристатсионариро ба галактикаи сейфертӣ, радиогалактикаҳо, ласертидҳо ва квазарҳо ҷудо мекунанд. Ба гурӯҳи галактикаи сейфертӣ, асосан, галактикаи спиралии ҳастаашон дурахшон дохил мешаванд. Дар тайфи онҳо хатҳои васеи эмиссионӣ мавҷуданд, ки дар натиҷаи ҳаракати босуръати гази ҳаста пайдо шудаанд. Дар радиогалактикаҳо дар фосилаи радиомавҷҳо афканишоти шадид мушоҳида шуда, онҳо асосан ба галактикаи эллипсӣ мансубанд. Ласертидҳо бо тағйирёбии дурахшонии оптикӣ (то 4-5m), радиомавҷҳо ва қутбиши афканишашон фарқ карда, ба ситора монанданд ва бо пардаи газӣ иҳота шудаанд. Дар тайфи онҳо лағзиши сурхи хатҳои тайфӣ ҷой дошта, имкон медиҳад, ки масофа то онҳо муайян карда шавад. Квазарҳо ҳастаи галактикаи дурҷойгирифта буда, бо афканиши шадиди радиомавҷҳо ва афканишоти инфрасурх фарқ мекунанд. Шакл ва сохтори галактика ба параметрҳои физикии онҳо — андоза, масса ва равшанӣ вобастагии зич доранд. Дар масофаҳои баробар бо афзудани равшании галактика андозаи назардид ва массаи онҳо зиёд мешавад. Агар ҷилои галактикаи ҳамшакл нисбат ба ҳамдигар ба як қадри ситоравӣ фарқ дошта бошад, пас, қутри галактикаи спиралӣ якуним баробар ва массаашон ду баробар ва ҳамин нишондодҳо барои галактикаи эллипсӣ се баробар меафзоянд. Массаи галактика ба воситаи массаи Офтоб (Мʘ ≈ 2:1030 кг) ифода карда мешавад. Массаи системаи ситоравиро бо усулҳои гуногун муайян мекунанд. Муқаррар намудани суръати чархиши нуқтаҳои канорӣ, марказӣ ва байни онҳо яке аз усулҳои дақиқи муайян намудани массаи галактикаи спиралӣ аст. Барои галактикаи эллипсӣ масса аз рӯйи васеъшавии хатҳои тайфии онҳо муайян карда мешавад, ки ба суръати ҳаракаташон мутаносиб аст. Галактикаи эллипсии дар маркази баъзе тарокумҳои галактикӣ мавҷуда (сD-галактикаҳо) равшанӣ ва массаи калон доранд (қадри мутлақи ситоравӣ — 24m, равшаноӣ 1042 Вт, масса 1013Мʘ). Дар Гурӯҳи маҳаллии галактика равшаноӣ ва массаи галактикаи эллипсӣ кам аст (қадри мутлақи ситоравӣ аз −14m то −6m, равшанӣ 1038—1035 Вт, масса 108—105 Мٜʘ). Барои галактикаи спиралӣ фосилаи қадри мутлақи ситоравӣ аз 22m то −14m, равшаноӣ 1041—1038 Вт, масса 1012—108 Мʘ мебошад. Барои галактикаи бешакл қадри мутлақи ситоравӣ камтар аз −18m, равшаноӣ ≤1038 Вт ва масса ≥1010 Мʘ. аст.
Баробари кам шудани равшаноии галактика шумораи онҳо меафзояд. Мас., то бузургии ситоравии 12m шумораи галактика 250, то 15m аллакай 50 ҳазор ва то 24m миллиардҳо галактикаро мушоҳида намудан мумкин аст. Муайян намудани масофа то галактика ва мавқеи ҷойгиршавии онҳо дар фазо нишон дод, ки галактика танҳо, каратӣ, гурӯҳӣ, тарокумҳои галактика ва ҳатто абри тарокумҳои галактика (фавқуттарокумҳо) мешаванд. Галактикаи танҳои дурахшон қариб 10 дарсади шумораи умумии галактикаро ташкил медиҳанд. Масофаи байни онҳо нисбат ба андозаҳояшон бамаротиб зиёд аст. Галактика дар фазо номунтазам тақсим шуда, шумораашон дар Кайҳони мушоҳидашуда тақр. 100 млрд аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Галактика / А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Маҷидов Ҳ., Нозимов О. Нуҷум, 2008;
- Раҳмонов А. Ҷирмҳои Системаи офтобӣ. Д., 2012;
- Тейлер Р. Дж. Галактики. Строение и эволюция./пер. с. англ., М., 1981;
- Физика космоса. Маленькая энциклопедия. М., 1986;
- Шкловский И. С. Вселенная, жизнь, разум. 6 изд. М., 1987.