Мардумгиёҳ
Мардумгиёҳ, астаранг, ябрӯҳ, ябрӯҳуссанам, одамгиёҳ, ё женшен (лот. Panax ginseng) — гиёҳест бисёрсола.
Мардумгиёҳ | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Panax.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Panax ginseng C.A.Mey. | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишБаландиаш то 70 см. Пояи рости миёнхолӣ, барги панҷашакл, хӯшагули чатрнамо, гули сафеди дуҷинса, меваи сурхи лӯбиёшакл дорад. Давраи нашви мардумгиёҳ дар беша 145 рӯз аст. Сабзиши он аз миёнаҳои май оғоз ёфта, нимаи июн гул мекунад ва мевааш дар нимаи якуми август мепазад. Рушду инкишофи мардумгиёҳ хеле суст аст. Мардумгиёҳ соли аввал одатан якто ва баъзан дуто барг дорад. Вазни решаи он ҳамагӣ 1 — 2 гр мешавад. Мардумгиёҳи 20 — 25-сола 4 — 5-то барг дошта, вазни решааш аз 60 гр зиёд нест. Мардумгиёҳ бори аввал дар 8 — 10 (баъзан 20)-ум соли ҳаёташ гул мекунад.
Густариш
вироишМардумгиёҳи худрӯй дар Шарқи Дур, Хитои Шимолу Шарқӣ ва нимҷазираи Корея месабзад. Мардумгиёҳ рустании гармипарвар ва сояпарвар аст. Одатан, дар сояи алафзори баланд ва анбӯҳи буттаву дарахтзор хуб нумӯъ меёбад. Бештар гурӯҳ-гурӯҳ ё ягон-ягон дучор меояд.
Хосияти шифоӣ
вироишХосияти шифобахшии решаи мардумгиёҳ 2700 сол то мардумгиёҳ маълум буд. Онро қариб дар тамоми маъхазҳои қадимаи тиб ҳамчун давои тамоми бемориҳо қаламдод кардаанд. То садаи 19 решаи мардумгиёҳ аз тило дида 18 маротиба қимматар буд. Ба Тоҷикистон мардумгиёҳ ро аз Хитой меоваранд. Алҳол мардумгиёҳи худрӯй дар дунё хеле кам мондааст. Дар Хитой агар пештар соле то 500 кг ва дар Корея то 20 кг решаи мардумгиёҳ тайёр мекарда бошанд, ҳоло на бештар аз 3 — 4 кг тайёр мекунанду халос.
Кобурд дар тиб
вироишДар тиб решаи мардумгиёҳро чун воситаи муқаввӣ ҳангоми хастагии ҷисмонию рӯҳӣ, заифии организм баъди бемории вазнин, иллати рагу дил, заъфи ғадудҳои ҷинсӣ, бемориҳои асабу рӯҳӣ, диабет, сил ва ғайра истифода мекунанд. Давоҳои мардумгиёҳ нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмониро тақвият дода, хобро беҳтар мегардонад, садо додани гӯшро рафъ месозанд, чашмро равшан мекунад. Мардумгиёҳ барои табобати бемории анемия (камхунӣ) давои хеле нофеъ аст. Бино ба ақидаи бисёр мутахассисон мардумгиёҳ ҷигарро аз равған гирифтан эмин медорад, истифодаи он дар мавриди бемориҳои миокардиодистрофия ва асаб муфид буда, фаъолияти ҳуҷайраҳои асабро барқарор месозад. Мардумгиёҳ силсилаи рагҳоро бо оксиген беҳтар таъмин мекунад, онро ба таъсири гипоксия устувор мегардонад. Дар беморон дар мавриди таъйин кардани нақеъи мардумгиёҳ вазъи умумии организм беҳтар шуда, сустию бемадорӣ, сардард ва хастагӣ барҳам мехӯрад. Муқаррар шудааст, ки истифодаи давоҳои мардумгиёҳ афзоиши омоси саратонро бозмедорад. Дар баробари ин ҳама мардумгиёҳ давои сусткамарӣ низ мебошад.
Аз мардумгиёҳ нақеъи спиртӣ таҳия месозанд. Бо ин мақсад 50 г решаи тар ё 15 г решаи хушки онро гирифта нағз майда мекунанд ва ба 500 г спирт (300) меандозанд. Зарфро ду ҳафта дар ҷои торик нигоҳ доштан лозим аст. Тарзи истифода: рӯзе 5 — 25 чакрагӣ 20 дақ. пеш аз таом (2 — 3 маротиба). Даври муолиҷа — 90 рӯз; баъди ҳар як моҳ 10 рӯз танаффус кардан лозим аст. Мардумгиёҳи Давоиро дар ҷои торик нигоҳ медоранд.
Мардумгиёҳ барои таҳияи ангубин низ кор фармуда мешавад. Баҳри ин 30 г решаи хушки онро дар қаҳвакӯбак орд мекунанд. Сипас 1 кг асалро гирифта дар ҳаммоми обӣ то 400 гарм ва бо хокаи решаи мардумгиёҳ омехта менамоянд. Даворо ба шиша гирифта, дар ҷои торик (ду ҳафта) нигоҳ медоранд. Рӯзе 3 маротиба якқошуқчагӣ (15 — 20 дақ. пеш аз таом) истеъмол кардан лозим аст. Мардумгиёҳ ангубини мардумгиёҳ ҳангоми ҳаяҷонпазирӣ, бехобӣ, гипертония, нуқси дил, атеросклероз, ҳомилагӣ, синамаконӣ ва барои кӯдакони сини то мактабӣ зиён дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, мардумгиёҳ, 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.