Астармола (лот. Scrophularia heucheriiflora) — гиёҳест худрӯй.

Астармола
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Scrophularia heucheriiflora

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш рост (то 80 см қад мекашад), пашмакдор. Баргаш дарозрӯя (6-13 см), думчадор. Хӯшагулаш туғшакл (дарозиаш 10-60 см). Гулаш майда, сабз. Ғӯзааш дарозрӯя (7-9 мм), нӯгтез, сертухм. Тухмаш ҷигарранги баланд. Моҳҳои март-май гул карда, май-июн тухм мебандад. Астармола маъмулан дар минтақаи ҷангалзори дарахтони паҳнбарг, арчазор, нишебиҳои хокии куҳ, замини партов (к. Мевағул, қаторкуҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ; 1600—2000 м баландтар аз сатҳи баҳр) мерӯяд.

Хосиятҳои шифоӣ

вироиш

Астармола гиёҳи доруист. Табибони халқӣ онро чун давои талхарон ва барои табобати сил, тарбод ва омос тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби астармоларо подзаҳр мешуморанд. Астармола рустании заҳрнок аст. Аз он моли майда, махсусан гӯсфанд бештар зиён мебинад. Ҳайвони бемор камиштиҳо, нафасгириаш тез,аъзои ҳозима ва гурдааш озурда мешавад, баъзан пешобаш хунолуда мегардад. Аломатҳои заҳролудӣ, маъмулан, баъди 3-5 шаборӯз барҳам мехӯранд. Баъзе навъҳои астармола (S. pamiroalaica, S. tadshicorum) низ дорои чунин хусусиятҳоянд. Дар таркиби баргу пояи астармола алкалоидҳо (0,01-0,18 %), гликозидҳо (0,5-2 %), сапонинҳо (10-22,5 %), флавоноидҳо (4,4-5,5 %), кумаринҳо (умбеллиферон, скополетин ва ғайра), иридоидҳо ва ғайра мавҷуданд.

Адабиёт

вироиш