АСТЕКҲО, мардуми нисбатан сернуфус аз ҳиндуёни Мексика. Бо забони науатлӣ, ки аз гурӯҳи забонҳои ютоастекист, такаллум мекунанд. Асри 12 милодӣ Астекҳо аз Шимол ба водии Мехико ворид гардида, муқимӣ шуданд ва дусад сол баъд ба бошишгоҳи Теночтитлан (Мехикои имрӯза) асос гузоштанд. Соли 1427 дар иттиҳод бо шаҳр­давлатҳои Тесюю ва Ткаюпан тамоми маскунини водиро ба тасарруфи худ дароварда, баъдҳо Мексикаи Марказиро низ тобеъ карданд.

Солҳои 1519–1921 испаниягиҳо онҳоро забт намуданд. То ба водӣ омадани Астекҳо сохти зиндагии қавмӣ-қабилавӣ доштанд, аз ибтидои садаи XV давлати синфие таъсис доданд, ки дар он ғуломдорӣ, тиҷорат ва косибии рушдёфта вуҷуд дошт. Бештар ба кишоварзӣ машғул буданд: рустаниҳои лӯбиёӣ, пахта, қаҳва, помидор ва тамоку парвариш мекарданд. Аз ҳайвоноти хонагӣ ба ҷуз саг ҳайвони дигаре надоштанд. Дар тибби халқӣ ва ахтаршиносӣ маъруф буданд. Ҳайкалтарошӣ низ ривоҷ дошт ва аксаран муҷассамаҳои худоёнашонро метарошиданд.

Адабиёт

вироиш
  • Народы Америки. Т. 2. М.–Ленинград, 1959.