Астуриас Мигел Анхел
Астуриас Мигел Анхел (19.10.1899, Гватемала — 09.06.1974, ҳамон ҷо) — нависанда, драматург ва дипломати Гватемала. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Гватемала (1923). Солҳои 1923—1933 берун аз ватан дар Лондон, Париж зиндагӣ кардааст. Ба ҷараёни адабии сюрреализм майл намуд. Солҳои 1940—1954 чун дипломат дар Мексика, Аргентина, Фаронса, Салвадор, 1966—1970 чун сафир дар Фаронса кор кардааст. Соли 1930 дар Париж китоби Астуриас бо номи «Қиссаҳои Гватемала» ба табъ расид, ки дар заминаи эҷодиёти шифоҳии мардум офарида шудааст. Дар романи «Ҷаноби Президент» (1933) тарзи ҳукмронии диктатуриро маҳкум намудааст. Соли 1949 романи «Одамҷуворӣ»-ро ба табъ расонд. Асари сегонаи Астуриас — «Боди шадид» (1950), «Падари сабз» (1954), «Чашмони майитҳо» (1960), ки аз тақдиру қисмати халқи Гватемала дар садаи XX қисса мекунад, саршор аз ғояҳои миллӣ-озодихоҳӣ мебошад ва ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ба Астуриас романи «Зани дунажода» (1964) ва китоби ривоятҳо «Оинаи Лида Сол» (1967) тааллуқ доранд. Эҷодиёти Астуриас ифодагари ормонҳои мардуми таҳҷоии Гватемала — ҳиндиёни майя ва эҷодиёти шифоҳии онҳо мебошад. Дар осори Астуриас устураҳои ҳиндиҳо бо воқеияти муосир омезиш дода шуда, тасвир ёфтаанд. Астуриас бо Ҷоизаи байналмилалии ленинӣ «Барои таҳкими сулҳи байни халқҳо» (1966) ва Мукофоти Нобел (1967) сарфароз гардидааст.
исп. Miguel Ángel Asturias Rosales | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | исп. Miguel Ángel Tejada Peñuela |
Таърихи таваллуд: | 19 октябр 1899[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 9 июн 1974[1][4][5][…] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, диплумот, рӯзноманигор, сиёсатмадор, шоири вакил |
Жанр: | румон |
Забони осор: | испониёӣ[1][8] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Осор
вироиш- Уикэнд в Гватемале. Москва, 1958;
- Избранные произведения. Т. 1˗2. Москва, 1988;
- Юный владетель сокровищ. Повесть//Легенды Гватемалы. Москва, 1999.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa401459/miguel-angel-asturias (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Астуриас Мигель Анхель // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118504797 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- Астуриас Мигел Анхел / А. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Мигель Анхель Астуриасоли Биобиблиографический указатель. Москва, 1960.