Роман (фр. roman ) — яке аз намудҳои эпикии такявии адабиёти бадеист, ки ҷараёни мураккаби ҳаёт, доираи васеи воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро дар тараққиёти онҳо акс кунонидааст. Манзараи ҳаёти инсонӣ дар роман ба таври мураккаб ва ҳарҷониба дар бар гирифта шудааст. Дар роман нисбат ба повест ва ҳикоя тақдири ба ҳам печидаи персонажҳои зиёде тасвир ёфтааст. Роҳи инкишофи ҳаёти инсонӣ, тақдир ва манфиатҳои ӯ дар роман ҳамин тавр тасвир меёбад, ки дар он характерҳо ва пояҳо — давраҳои ҳаёти вай бо рангорангияш ба эътибор гирbфта мешавад.

Роман (жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад. Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имкониятҳои васеи тасвир мебошад. Замону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд[1].

Таърих

вироиш

Пайдоиш ва Роман ҳамчун истилоҳи адабӣ дар Аврупои асрҳои инкишофи миёна пайдо шуда бошад ҳам, таърихи қадим ва бой роман дорад. Асарҳои ба роман монандро дар адабиёти қадими Юнон ҳиндустон, Чин, Япония пайдо кардан мумкин аст. Пайдоиши романро дар адабиёти форсу тоҷик ба асрҳои 4—5 мелодӣ («Корномаи Ардашери Бобакон») нисбат додаанд. Асарҳои машҳури асримиёнагӣ, аз xумла «Абӯмуслимнома», «Доробнома», «Самаки айёр», «Қиссаи Амир ҳамза», «Замчинома», «Баҳром ва Гуландом», «Саргузашти ҳотами Той», «Чор дарвеш»-ро, ки ба талаботи асосии жанри мазкур ҷавоб дода метавонанд, роман номидан мумкин аст. Дар адабиёти давраи нави тоҷик роман дар асоси анъанаҳои насри бадеии гузаштаи тоҷик ва адабиёти русу халқҳои дигари олам инкишоф ёфт. Нахустин романи адабиёти давраи нави тоҷик «Дохунда» мебошад, ки ба қалами Садриддини Айнӣ тааллуқ дорад. Баъдҳо наслҳои гуногуни нависандагон ба таълифи роман рӯ оварда, ба комёбиҳо ноил гардидаанд.

Навъҳои Роман дар ҷараёни таърихи пайдоиш, ташаккул ва такомули роман худ аз ҷиҳати мавзeъ ва услуби баён беш аз пеш васеъ ва доманадор гардида, паҳлуҳои гуногуни зиндагию фаъолияти xомеаи инсониро фаро гирифт. Вобаста ба ҳамин роман ба навъҳои гуногун тақсим шудааст, ки маъмултаринашон инҳо мебошанд: романи иxтимоию оилавӣ, романи фалсафӣ, романи таърихӣ, романи таърихию инқилобӣ, романи тарҷумаиҳолӣ, романи асотирӣ, романи моxароӣ, романи ҳаxвӣ ва ғайра. Дар адабиёти давраи нави тоҷик романҳои иҷтимоиву оилавӣ, таърихӣ, таърихию инқилобӣ, тарҷумаиҳолӣ ва саргузаштӣ бештар мушоҳида мешаванд[1].

  1. 1.0 1.1 Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41

Сарчашма

вироиш