Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна


АСФАНДИЁРОВА Наиля Сайфуллоевна (тав. 02.12. 1951, Душанбе), иммунолог, доктори илми тиб (1989), узви вобастаи АИ ҶТ (1991). ИДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1974). Ординатори кафедраи терапияи госпиталии ҳамин институт (1974–1976). Корманди ИГЭ-и АИ ҶТ (1976–1977), аспиранти факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Тарту (Эс­тония; 1977–1980), ходими хурд, калон, сарходими илмӣ (1980–1988) ва мудири лабораторияи иммунологияи Институти гастроэнторологияи АИ ҶТ (1988–1993). Ҳоло дотсенти ДДТ-и Рязан ба номи академик И. П. Пав­лов мебошад. Муаллифи тақрибан 150 асари илмӣ, 2 кашфиёт, 3 навоварӣ ва 3 дастури методист. Оид ба иммунология, бемориҳои ҷигар, таъсири шароб ба фаъолияти ҷигар, инчунин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои музмини ҷигар пажӯҳишҳои муҳим анҷом дода­аст.[1]

Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна
Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна
Таърихи таваллуд 1951
Зодгоҳ шаҳри Душанбе
Пеша олим

ОсорВироиш

  1. Современная тактика терапии хронических диффузных поражений печени. Душанбе, 1988;
  2. Лазерная терапия в комплексном лечении хронических диффузных поражений печени с использованием гелий – неонового лазера.Душанбе, 1988.

СарчашмаВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.