Асъади Самарқандӣ (форсӣ: اسعد سمرقندی‎; Саъдуддин Асъади Наҷҷор, соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (охири садаи XII — ибтидои садаи XIII).

Саъдуддин Асъади Наҷҷор
اسعد سمرقندی
Ном ба ҳангоми таваллуд: اسعد سمرقندی
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Наҷҷор (дуредгар) буд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ, масалан, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ, Асъади Самарқандӣ аз шоирони Мовароуннаҳр будааст, ки баъд аз Султон Санҷар (ҳукмронӣ 1118—1158) зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Авфӣ ӯро чун шоири боистеъдод ва дар рубоисароӣ шуҳратманд муаррифӣ намудааст. Аз 8 рубоии дар «Лубоб-ул-албоб» омада бармеояд, ки Асъади Самарқандӣ ба мавзӯъҳои ишқ, ҳаҷв, мадҳ ва ғайра таваҷҷуҳ доштааст. Абёти зерин аз ӯянд:

Эй зулфи ту ранг бурдаву бӯй аз мушк,
Чавгон шудаву бурда басе гӯй аз мушк.
Як мӯй, ки аз фарқи ту афтад ба замин,
Фарқаш накунад касе ба як мӯй аз мушк.

Адабиёт

вироиш