Асҳоби Каҳф
Асҳоби Каҳф (ар. أصحاب كهف – аҳли ғор ва ё ғорнишинон), достони қуръонӣ. Қуръони Карим барои тасбити ақидаи муъминон ва исботи растохези ҷисмонии мурдагон дар рӯзи қиёмат достони ҷавонони муъминеро дар сураи Каҳф (18: 9–26) зикр менамояд, ки дар гузаштаҳои дур барои ҳифзи имони худ аз зулми подшоҳи вақт ба ғоре паноҳ мебаранд ва солиёни дарозе дар он ҷо ба хоби амиқ фурӯ мераванд. Қуръон дар ҳаждаҳ оят ба баёни ҷузъиёти ин ҳодисаи таърихӣ пардохта, тафсилот ва раванди рӯйдоди онро ба сурати навори зиндае аз пеши чашм мегузаронад.
أصحاب الكهف | |
Таърихи таваллуд | асрҳои III-II п.а.м. |
Зодгоҳ | Шом |
Таърихи даргузашт | 387 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишНазари аксари муфассирон бар он аст, ки Асҳоби Каҳф муъминоне аз дини яҳуд буда, зиндагонӣ, даъват ва ғорнишин гаштани онҳо ба замони пеш аз ҳазрати Исо (ъ) рост меомад ва дубора барангехта ва бедор шудани онҳо, пас аз замони Исо (ъ) ба вуқӯъ пайвастааст, зеро достони онҳо дар осор ва ривоятҳои динии мардуми яҳуд низ мавҷуд аст. Ба назари баъзе муфассирон таърихи зиндагонии онҳо ба замони рисолати Мусо (ъ) – пайғамбари банӣ Исроил мувофиқ меояд. Вале аз баъзе шавоҳиди таърихӣ бармеояд, ки онҳо аз ҷумлаи пайравони дини насронӣ буда, пас аз рисолати Исои Масеҳ (ъ) дар садаҳои аввали солшумории милодӣ гузаштаанд. Ғолибан ба назар мерасад, ки таърихи зиндагонӣ ва ғорнишин гаштани онҳо ба даврони фармонравоии яке аз коргузорони пурнуфуз ва ҳокимони сахтгири Рум Трожен (Trajan) дар сарзамини Шом дар соли 98–117 пас аз милод рост меояд ва он ба таври дақиқ пас аз илҳоқи комили сарзаминҳои ҷан. Шом дар соли 106 милод ба империяи Рум рӯй додааст. Диёнати масеҳӣ дар ин давра то андозае дар миёни давлатдорон ва коргузорони табақаҳои болоии императорӣ нуфуз карда буд. Трожен соли 112 милод дар бораи қатли масеҳиёне, ки ба император ва кишвари Рум садоқат надошта бошанд, фармон дод ва шояд ҳамин вазъ сабаби пинҳоншавӣ ва ба ғор паноҳ бурдани Асҳоби Каҳф гардида бошад. Замони аз хоб бархостани онҳо дар давраи ҳокимияти императори Руми Шарқӣ Теодосиюс (Тедосис=Theodosius)-и дуюм дар соли 407–450 милод, замоне, ки масеҳият ба унвони дини расмии кишвар амал мекард, сурат гирифтааст. Ҳарчанд аксари ривоятҳои масеҳӣ ва осори дигари ривоятӣ зуҳури аввали Асҳоби Каҳфро ба замони фармонравоии император Дақёнус (Дакйус – Деций) дар соли 249–251 милод мусодиф донистаанд, вале шавоҳиди муътамади таърихӣ онро рад менамоянд. Дар бораи шаҳр ва сарзамини Асҳоби Каҳф низ дар байни аҳли таҳқиқ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро дар Осиёи Хурд дар шаҳри Эфесус дар шимолу ғарбии шаҳри Тарасус, ки дар он замон пойтахти шарқии империяи Рум буд, донистаанд ва баъзе дигар онро дар наздикиҳои пойтахти мамлакати имрӯзаи Урдун шаҳри Аммон гуфтаанд, ки дар он замон, ҳамон гуна ки дар сарчашмаҳои юнонӣ сабт шудааст, ба шакли музофоте бо номи Филаделфия (Philadelphia) тобеи империяи Рум буд. Онҳо ба таври дақиқ водӣ ва рустоеро бо номи Раҷиб (Рақим) дар назар доранд, ки дар шимолу ғарбии шаҳри Аммон воқеъ шудааст. Ба андешаи аксари муфассирон калимаи «Рақим», ки дар оят зикр шудааст, ба сарзамин ва ё водие ишора дорад, ки ҳодисаи Асҳоби Каҳф дар он ҷо гузаштааст ва каҳфи мазкур низ дар он воқеъ шудааст. Аксари муҳаққиқони ғарбӣ, аз ҷумла мураттибони луғатномаи «Ислам: Энциклопедический словарь» низ назари дуюмро тарҷеҳ дода, Асҳоби Каҳфро ғайр аз «ҳафт хуфтаи эфесӣ»-и маъруф дар Ғарб медонанд. Ахиран – соли 1963 ҳайати бостоншиносони урдунӣ бо роҳбарии Рафиқ Вафо Даҷонӣ дар наздикиҳои шаҳри Аммон дар саҳрои Балқо каҳфе бо ҳамон тавсифоти қуръонӣ кашф намуданд, ки бо лаҳҷаи мардумӣ он Раҷиб гуфта мешавад ва ба гуфти онҳо он ҳамон «Рақим»-ест, ки зикраш дар Қуръон омадааст. Бостоншиносони урдунӣ дар даруни каҳф ҳашт қабр пайдо карданд, ки дар ҳафт қабри он устухонҳои ҷасади дафншудагон вуҷуд доранд ва яке аз онҳо холӣ аст. Ҳамчунин онҳо косахонаи сар ва ҷоғи болои сагеро дар остонаи дари ғор пайдо кардаанд. Дар ин каҳф сиккаҳои византие низ ёфт шуданд, ки қидмати таърихии онҳо ба аҳди ҳузури румиён дар сарзаминҳои Шом бармегардад. Дар он давраҳои таърих аз як сӯ ширку бутпарастӣ дар дарбори императорони Рум ва коргузорони маҳаллии тобеи онҳо ба сурати беравияе ривоҷ ёфта ва аз сӯи дигар зулму ситами миллатҳои тобеи мустаъмарот ба авҷи худ расида буд. Ин вазъи вахими эътиқодӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ гурӯҳи мардуми яктопарастро ба дод оварда буд ва онҳо ба Худо рӯй оварданд ва аз Ӯ мадад хостанд. Худо ба онҳо амр кард, ба он ғоре, ки барояшон қаблан шинохта буд, паноҳ баранд:
«Ва чун аз онҳо ва он чи парастиш мекунанд, ба ҷуз Аллоҳ, канора гирифтед, пас ба он ғор паноҳ баред, Парвардгоратон бароятон раҳмати хешро паҳн месозад ва барои шумо дар коратон кушоиш мебахшад».[1]
Вақте ба он ғор дохил шуданд ва дар фазои бозе аз он ҷой гирифтанд, Худо бар гӯшҳояшон хоб афканд ва солиёни дарозе ҳамон тавр хуфта боқӣ монданд.
«Пас дар он ғор бар гӯшҳояшон солҳои чанде (хоб) афкандем, он гоҳ эшонро барангехтем, то бидонем, ки кадоме аз ду гурӯҳ аз муҳлати истодаи онҳо огоҳтар аст». (18:11, 12).
Бино ба фармудаи Қуръон Худо бар гӯшҳояшон хоб афканда ва робитаи шунавоиро дар онҳо бо берун комилан қатъ карда буд, вале чашмонашон ҳамчунон боз боқӣ монда буданд, ки бинанда онҳоро бедор мепиндошт.
«Ва онҳоро бедор пиндорӣ, дар ҳоле ки хуфтаанд». [2]
Ҳамчунин Худованд онҳоро дар аснои хоб ба чапу рост паҳлу мегардонд, то ҷисмҳояшон ба як паҳлу қолаб нагиранд ва хун дар баданашон ҳамеша дар ҳаракат бошад. Аҷибтар он аст, ки сагашон низ дар остонаи дари каҳф дастони худро дар зери даҳонаш паҳн гузошта буд ва дар он хоби сангин бо онҳо ҳамроҳ буд.
«Ва сагашон (банди) дастони худро дар остонаи дар (-и ғор) паҳн намудааст». [2]
Саранҷом Худованд онҳоро пас аз хоби сангине, ки муддати сесад сол бо солшумории офтобӣ ва сесаду нуҳ сол бо тақвими моҳтобӣ тӯл кашид, бедор сохт ва мардуми шаҳрро ба воситаи худашон аз ҷойи онҳо огоҳ намуд. Ин растохези ҷисмонӣ дар замоне сурат гирифт, ки дини масеҳӣ ба дини расмии кишвар – императории Рум табдил ёфта буд ва мардум озодона маросими динии худро ба ҷой меоварданд, вале дар байни онҳо дар бораи зинда гардонидани мурдагон дар рӯзи қиёмат, ки бо ҷисму рӯҳ ҳар ду бошад ва ё танҳо растохези рӯҳонӣ сурат гирад, шакку тардидҳое ба вуҷуд омада буд ва Худо бо ин намоиши қудрати хеш барояшон исбот намуд, ки он бо ҷисму рӯҳ – ҳарду сурат мегирад.
Асҳоби Каҳф вақте аз хоб бархостанд, эҳсоси гуруснагӣ карданд ва якеро бо пули нуқрае, ки ҳамроҳ доштанд, барои хариди таоме ба шаҳр фиристоданд.
Мардуме, ки дар он замон ба гунае ба ин ҳодиса ошно буданд, дар бораи адади Асҳоби Каҳф низ бо ҳам ихтилофи назар доштанд. Ба гуфтаи Қуръон ҷуз чанд нафаре аз мардуми он замон шумораи Асҳоби Каҳфро ба таври дақиқ намедонист. Ба ҳар ҳол вақте мардум ва подшоҳи замон Асҳоби Каҳфро зинда дарёфтанд ва намоиши қудрати Ҳақ таъолоро дар зинда гардонидани мурдагон бо чашмони худ диданд, Худо рӯҳи онҳоро қабз кард ва ба хоби абадӣ фурӯ рафтанд. Подшоҳ ва бузургони кишвар дари ғорро бастанд ва дар пеши он ибодатгоҳе бино карданд.
Хулоса, он ҷавонони муъмин дар он каҳф сесад сол ҳамчунон хобида боқӣ монданд ва нуҳи дигар бар он афзуданд ва Худо миқдори дар ғор мондани онҳоро беҳтар медонад.
Зикри саги Асҳоби Каҳф дар ин достон ба унсгирӣ, таълимпазирӣ ва вафодории он нисбат ба соҳибаш ишора дорад ва ба гунае ҳамкории вайро бо инсон дар корҳои хайр ифода мекунад ва Худованд ба поси ин садоқат вайро низ дар канори Асҳоби Каҳф ба хоби амиқ фурӯ бурд. Саги Асҳоби Каҳф дар адабиёти динӣ ва тасвирҳои бадеӣ ҷойгоҳи хоссе дорад. Шайх Саъдӣ дар бораи саги Асҳоби Каҳф мег
- Писари Нуҳ бо бадон бинш
- Хонадони нубувваташ гум
- Саги асҳоби каҳф рӯзе
- Пайи некон гирифту мардум шуд. (Саъдӣ)
Достони Асҳоби Каҳф ва эҳёи ҷисмонии он ҷавонони муъмин ҳаёти динӣ ва фарҳангу адабиёти қавмҳои пешинро, ки ҳамзамон ва ё пас аз онҳо зистаанд, зери таъсири ҷозибаи илоҳии худ қарор додааст ва то ҷое дар осори ривоятӣ ва фарҳанги мардумии онҳо танидааст, ки ба достони онҳо пӯшиши устуравӣ низ додаанд ва дар сарзаминҳои гуногуне, чун Андалус, Осиёи Хурд, Яман ва ғайра ҳуфраҳои даруни куҳҳо ва каҳфҳоеро ғори Асҳоби Каҳф номидаанд. Шояд достони «Хуфтагони ҳафтгонаи эфесӣ», ки дар Ғарб маъруфият дорад, бар ҳамин асос дар он ҷо роиҷ гашта бошад.
Достони Асҳоби Каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форс-тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби Каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд. Онҳо аслан аз ашрофзодагон, вазирон ва коргузорони табақаҳои болоии кишвар буданд, ки дар роҳи интишори арзишҳои имонӣ ва ислоҳи вазъи иҷтимоии кишвар аз баҳри мақому мансаб ва ҳама чиз гузаштанд.
Дар ривоятҳои Аҳли Китоб, бахусус осори ривоятии насрониён, номҳои Асҳоби Каҳф батафсил зикр шудаанд, ки ба забони юнонӣ аз Ямлихо, Максималино, Маҳсамалино, Косотонис, Биронис, Динамос ва Колус иборат будаанд. Дар ин ривоятҳо номи саги онҳо «Қатмир» ва ё «Қитмир» низ омадааст. Шояд аз тариқи ҳамин ривоятҳои Аҳли Китоб бошад, ки баъдҳо ин номҳо ва баъзе тафсилоти дигаре дар бораи достони онҳо ба сарчашмаҳои динӣ ва адабиёти бадеии мусулмонон низ роҳ ёфтаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сураи Каҳф, ояти 16.
- ↑ 2.0 2.1 Сураи Каҳф, ояти 18.
Адабиёт
вироиш- Мифологический словарь. Москва, 1990;
- Ислам: Энцинклопедический словарь. Москва, 1991;
- فرهنګفارسئمعین. تهران،۱۹۹۶؛
- الدکتورجوادعلی. المفصلفیتاریخالعربقبلالاسلام. بغداد،۲۰۰۰؛
- الدکتورشوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۳؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- محمدفؤادعبدالباقی. المعجمالمفهرسلألفاظالقرآنالکریم. قم،۲۰۰۵؛
- دائرةالمعارفبزرګاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
- سامیابنعبدالله. اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛
- الدکتورزغلولالنجّار. الانسانفیالقرانالکریم. بیروت،۲۰۰۸؛
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیرمنیر. دمشق،۲۰۰۹.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.