Қуръони Карим (Китоб)

Қуръони Карим (Китоб). (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ). Матни тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳоти Муҳаммадҷон Умаров. – Душанбе:ЭР-Граф, 2011. – 1260 с.

Мундариҷа

вироиш

Ин тарҷума аз Қуръони Карим мабнӣ бар таҷрибаҳои ғании гузаштагон, аз он ҷумла – тарҷумаи «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили- л-Қуръон»-и Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ (машҳур ба «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», асри Х), «Тафсири Ҳусайнӣ»-и Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри ХV), ба хусус тарҷумаи Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абдурраҳими Деҳлавӣ – «Фатҳу-р-Раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон» (асри XVIII) ва амсоли онҳо анҷом ёфтааст, ки тоҷикон таърихан Китоби Муқаддаси дини худро бо эътимод ба онҳо тиловат мекарданд, меомўхтанд, меомўзонданд ва доир ба улуми қуръонию исломӣ китобҳо менавиштанд. Ҳамчунон ки дар тамоми тарҷумаҳои Қуръони Карим рафтааст, мақсад аз ин тарҷума низ пайдо кардани ҳидояти аввалӣ ба маъниҳои қуръонӣ буда, барои таҳлил ва баровардани ҳукм аз онҳо нест. Ва тарҷума барои ҳамаи онҳоест, ки Қуръонро чун ваҳйи илоҳӣ ва Китоби Муқаддаси дини худ пазируфтаанду омӯхтанианд.[1]

Тақризҳо

вироиш

Донистаниҳо

вироиш

Китоби Қуръони карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ) – Душанбе:ЭР-Граф, 2011. – 1260 с. дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Дар бораи муаллиф

вироиш

Пайванди беруна

вироиш
  1. Қуръони карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ)