АСҲÓБИ ШАҶАРÁ (арабӣ: أصحاب الشَّجَرَة аз асҳоб ва ша­ҷа­ра – дарахт), саҳобагоне, ки пас аз шаш соли ҳиҷрати Паёмбар (с) дар маконе бо номи Ҳудайбия ба ӯ байъат намудаанд. Ҳудайбия дар фосилаи 22-километрии ғарби Мак­ка, бар сари роҳи пешинаи Ҷадда, воқеъ шудааст. Вақ­­те Муҳаммад (с) соли 628 ҳамроҳи ҳазору чорсад нафар саҳоба роҳи Маккаро бо ҳафтод шутур барои қурбонӣ пеш гирифт ва бар Ҳудайбия сарозер шуд, шутураш хобид. Ҳарчанд онро ба хестан водоштанд, аз ҷояш наҷунбид.
Он гоҳ Паёмбар (с) бо ёронаш дар Ҳудайбия хайма зад ва ӯ намояндаи худ Усмон ибни Аффонро барои иблоғи мақсади омаданаш ба назди қабилаи Қурайш фиристод. Дар ин асно гурӯҳи синафарае аз ҷавонони Қурайш бе огоҳии сарони худ шабона ба мусулмонон ҳамла намуданд, ки дастаи посдорони шабона бо сардории Муҳаммад ибни Маслама онҳоро дастгир ва ба назди расули Худо (с) овард. Он Ҳазрат (с) бо изҳори ҳусни ният ва ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна амали таҳрикомез онҳоро раҳо кард. Намояндаи расули Худо (с) Усмон ибни Аффон муддате дер кард ва овоза шуд, ки мушрикони Қу­райш ӯро куштаанд. Он ҳазрат (с) мусулмононро ба бай­ъат фаро хонд. Пайғамбари Акрам (с) дар зери дарахте нишаста ва мардум бо ӯ байъат карданд, ки агар ҷанге пеш ояд, ақиб намегарданд (Қуръон: 48:18, 19).
Бинобар ин, он байъат дар таърих бо номи «байъати ризвон» ва он дарахт бо номи «шаҷараи ризвон» шинохта мешавад ва муъминоне, ки дар он ҷо бо Пайғамбар (с) байъат кардаанд, «асҳоби шаҷара» ва ё «асҳоби байъати ризвон» ном гирифтанд (Қуръон: 48:10).

Адабиёт

вироиш
  • .ابنهشام. سیرةالنبی. بیروت،۱۹۹۸؛
  • وهبهالزحیلی. تفسیروسیط. دمشق،۲۰۰۰؛
  • المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • مصطفیمراد. سیرةالرسول. القاهرة،۲۰۰۵؛
  • امیابنعبدالله. اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛
  • شوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۹؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱