Асҳоби Фил (ар. اصحاب فیل‎ — лашкари филсавор) — яке аз ҳаводиси сарнавиштсози таърихӣ дар миёни ақво­ми саҳронишин ва нимамутамаддини араб ба шумор меравад, ки соли 570 ва ё 571 милодӣ– чанд моҳе қабл аз таваллуди Расули акрам (с) ба вуқӯъ пайвастааст. Достони Асҳоби фил дар яке аз сураҳои маккӣ зикр гардида ва он сура ба муносибати зикри ин ҳодиса дар он сураи «Фил» номида шудааст.

Таърих

вироиш

Дар таърихҳо дар тафсили достони Асҳоби Фил омадааст, ки Абраҳа ибни Сабоҳ фармонравои ҳабашита­бори Яман, барои ибодати масеҳиён дар шаҳри Санъо маъбад (калисо)-е бо номи Қуллайс сохт ва чун дид, ки мардум ба он дар баробари хонаи Каъба таваҷҷӯҳе зоҳир намесозанд, ба фикри вайрон намудани маъбади Макка афтод ва бо сипоҳи фаровон ва филони ҷангӣ ба он ҷо лашкар кашид. Вақте ба Макка наздик шуданд, дар ҷое бо номи Муғаммас лашкар заданд. Пайгарди лашкар шутурони мардуми Макка ва дар он миён дусад шутури бобокалони Паёмбар (с) – Абдулмутталибро ғорат намуда, ба лашкаргоҳ овард. Абдулмутталиб дар суроғи шутуронаш ба назди Абраҳа омад. Абраҳа вақте ӯро марди хушсимо ва бовиқор дид, дар ҳаққи вай ниҳояти эҳтиромро ба ҷой овард ва аз вай сабаби омадан пурсид. Абдул­мутталиб гуфт: Шутурони худро гум кардам ва дар ҷустуҷӯи онҳо ба назди шумо омадам! Абраҳа гуфт: Аҷаб одаме будӣ! Ман омадам, ки маркази муқаддаси шумо – хонаи Худоатонро вайрон кунам, ту бошӣ дар бораи он чизе намепурсӣ ва дар фикри шутуронат ҳастӣ!? Абдулмутталиб ҷавоб дод: Ман соҳиби ҳамин шутурон ҳастам ва соҳиби Хона дигар кас аст, ки онро ҳимоя мекунад!

Вақте сипоҳи Абраҳа азми ҳуҷум кард ва фили калонеро бо номи Маҳмуд ба сӯи ҳарами Макка ба ҳаракат дароварданд, пеш нарафт ва дар ҷояш хобид.Онро ба ҳар тарафе сар медоданд, медавид ва ҳа­мин ки ба сӯи Макка равон месохтанд, дар ҷояш меистод. Дар ин асно селаи азими парандагон аз сӯи баҳр дар ҳаво пайдо шуданд ва қудрати Худо ба намоиш даромад. Ҳар як паранда ду санг дар чангол ва санге дар минқор дошт ва бо партоби он пораҳои санггил лашкари Абраҳаро ба ҳалокат расониданд.

 أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ   أَلَمْ يَجْعَلْ كَيْدَهُمْ فِي تَضْلِيلٍ   وَأَرْسَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرًا أَبَابِيلَ   تَرْمِيهِمْ بِحِجَارَةٍ مِنْ سِجِّيلٍ   فَجَعَلَهُمْ كَعَصْفٍ مَأْكُولٍ   ‎  

«Оё надидӣ, ки Парвардигорат ба асҳоби фил чӣ кард? Оё нақша ва тадбири онҳоро табоҳва беасар нагардонд? Ва бар сари онҳо селаи парандагонро равона намуд, ки пораҳое аз санггилро бар (сари) онҳо партоб мекарданд (ва ҳамин тавр) онҳоро ба монанди коҳи кӯбида (ва пасхӯрда)-е намуд»[1].

Аз он ҷо, ки онҳо ҳамроҳи худ филони ҷангӣ оварда буданд, дар таърих бо ёрони фил ва ё сипоҳи филсавор машҳур гардидаанд. Худованд бо зикри намоиши қудрати худ дар ин сура ба дигар кишвардорон, зӯроварон ва тавон­мандон гӯшзад намудааст, ки аз интиқом ва азоби сахти Ӯ биандешанд ва сиёсати душманона ва роҳи си­тез бо дини Ӯро дар пеш нагиранд, зеро чунин рафтор хотимаи бадеро барои онҳо дар пай дорад.

Мардуми араб то он замон ҳарчанд аз тақвими моҳтобӣ ва моҳҳои қамарӣ ба гунае истифода мекар­данд, вале барои сабти муназзами ҳаводиси таърих ва таъйини дақиқи таърихи рӯйдоди онҳо оғоз ва сар­ман­­шаи таърихие надош­танд. Бинобар ин, соли вуқӯи ҳодисаи филро ибтидои солшу­морӣ ва таърихи таъ­ри­хӣ барои ҳа­во­диси баъдӣ қа­рор доданд ва мегуфтанд: он кор чанд сол баъд аз ҳодисаи фил ва ё чанд сол пеш аз таърихи фил рӯй до­да­аст. Лозим ба ёдоварист, ки Расули акрам (с) соли 571 м. баробар бо соли аввали омул фил та­­вал­луд шу­дааст. Ҳодисаи Асҳоби Фил тақрибан ҳудуди панҷоҳ сол пас аз ҳодисаи асҳоби ухдуд ба вуқӯъ пай­вас­тааст.

Надидӣ ту оё, ки Рабби ҷалил,
Чӣ овард бар сари асҳоби фил.
На тадбири эшон бидодӣ бар об,
Ки Каъба зи кина нагардад хароб!?

Гуфтанист, ки дар соли Ҳудайбия – соли шашуми ҳиҷрӣ вақте мусулмонон ба гарданаи кӯҳи мушриф бар Ҳудайбия расиданд, шутури Расули Худо (с) дар ҷояш хобид. Ҳарчанд онро ба хестан водоштанд, аз ҷояш наҷунбид. Гуфтанд: Қасво (номи шутури он ҳазрат) аз ҳаракат бозмонд. Паёмбар (с) фармуд: «Қас­во азҳаракат бознамондааст ва чунин одате ҳам надорад, балки онро ҳобис (боздоранда)-и фил боздошта­аст», яъне он чизе, ки фили лашкари Абраҳаро аз рафтан ба ҳарами Макка боздошта буд, Қасворо низ ҳамон чиз боздоштааст.

Адабиёт

вироиш
  • صفیالرحمانمبارکپوری. الرحیقالمختوم. الریاض،۱۹۹۷؛
  • المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
  • الدکتورمصطفیمراد. سیرةالرسول. القاهرة،۲۰۰۵؛
  • دائرةالمعارفبزرګاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
  • محمدعلئخالدی (سلطانالعلماء). تفسیرصفوةالعرفان. تهران،۲۰۰۷؛
  • صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
  • آنهطوّاقآخوندیګلشاهی. تفسیرګلشاهی. تهران،۲۰۰۸؛
  • اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۹؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱

Сарчашма

вироиш