Шаблон:Шаҳрҳои ИМА

АТЛÀНТА (анг. Atlanta) — шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Ҷорҷия. Атланта дар пуштакуҳи Пидмонт, доман­кӯ­ҳи Аппалачи ҷойгир аст. Маркази муҳимми тиҷоратию саноатӣ дар ҷануби ИМА. Масоҳаташ 343 км2, аҳо­лиаш 520 ҳазор нафар (2010), бо агломератсия (ҳаволӣ) зиёда аз 5,5 млн нафар.

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолӣ аз 61,1% амри­коиҳои африқоинажод, 33,61% са­фед­пӯстон, 2,93% осиёиҳо, 0,18% ҳиндиёни таҳҷоӣ ва ғайра иборат аст.

Иқтисодиёт

вироиш

Атланта дорои шабакаи калони роҳи оҳан, се шоҳроҳи автомобилии бай­нииёлатӣ (маҳалли ҳамдигар­ро буриданашон дар Атланта), аэропорти байналмилалии Харт­с­филд ва дигарон фурудгоҳҳои хурд (парвоз дар сайр­хатҳои дохилииёла­тӣ), метрополитен, 193 сайрхатти ав­то­бусӣ ва ғайра мебошад. Соли 1837 бо оғози сохтмони роҳи оҳании «Вестерн энд Атланта» чун қаряи Тёрминдс арзи ву­ҷуд карда, аз соли 1843 Мартасвил ва аз соли 1845 Атланта (аз исми роҳи оҳан) ном гирифт. Аз соли 1847 – шаҳр. Солҳои 60 садаи XX Атланта яке аз мар­казҳои мубориза барои ҳуқуқҳои табааӣ (фаъо­лияти Мар­тин Лютер Кинг) гардид. Ҳоло Атланта маркази байналмилалии тиҷорат, макони корхонаҳои бузурги саноати автомобил («Ҷене­рал Моторс» ва «Форд»), саноати авиатсионӣ ракетавию кай­ҳонӣ (дар шаҳраки Мариетта), радиоэлектронӣ, ки­миё, селлюлозаю коғаз, инчунин қароргоҳи ширкатҳои «Кока-Кола», «Тёрнер Брод­кастинг Систем», ширкатҳои авиатсионии «Делта Эйр­лайнз», «Ҷорҷия Пасифик Кор­порэйшн» мебошад. Маркази CNN (бо студияҳои телевизиониаш) низ дар Атланта қарор дорад.

Меъморӣ

вироиш
 
Маркази шаҳр

Биноҳои асосии Атланта пештар ка­мошёна буданд, аз солҳои 60 садаи XX маркази шаҳр бо услубҳои замонавии «ҳайтэк», модерн ва постмодерн бино шуда, маҷмӯи иморатҳои «осмонхарош»: марказҳои тиҷоратии Пичтри-Сентр-1 (67 ошёна), Уэстин-Пичтри-Плаза (71 ошёна) ва ғайра қомат афрохтанд. Бинои Бонки Американ-Плаза 312 метр баландӣ дорад.

Фарҳанг

вироиш

Дар Атланта Маркази миллӣ-таърихии М. Л. Кинг (бо хона ва марқадаш), Осорхонаи инфиродии нависанда Д. Ч. Ҳаррис, дониш­гоҳ­ҳои Эморӣ, Атланта, Ог­леторп, донишкадаи технологӣ, Маркази илмии Фернбанк, осорхонаи санъати нафиса, осорхонаи Кока-Кола, толори мусиқии симфонӣ, маркази санъати муосири «Нексус» ва ғайра ҷойгиранд. Соли 1996 дар Атланта Бо­зи­ҳои тобистонаи олимпӣ (ба муносибати 100-солагии ҳара­кати олим­пӣ) баргузор гардид. Марти 2008 дар Атланта тӯ­фони шадиди навъи EF-2 рух дода, ба Филипп-Арена, Парки олимпӣ, Маркази CNN ва Конгресс-Сентр зарари калон расонд. Дар наздикии Атланта сахраи бузурги Стоун-Маунтин ҳаст, ки дар он симоҳои пешвоёни конфедератсияи давраи Ҷанги шаҳрвандии с-ҳои 1861–1865 ҳаккокӣ шудаанд.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.57