Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) — давлат дар Амрикои Шимолӣ. Аз се қисм иборат аст: асосӣ [массиви ягона дар қисмати мобайнии материки Амрикои Шимолӣ, ки 48 иёлат (иёлоти ҳамҳудуд) ва Округи федералии Колумбияро дар бар мегирад; 83,5 дарсади масоҳат ва 99,4 дарсади аҳолии мамлакат] ва 2 эксклав: иёлати Аляска (16,3 дарсади масоҳат ва 0,2 дарсади аҳолӣ, дар канори шимолу ғарбии материки Амрикои Шимолӣ) ва иёлати Гавайи (0,2 дарсади масоҳат ва 0,4 дарсади аҳолӣ; дар қисми марказии уқёнуси Ором). Иёлоти ҳамҳудуди ИМА-ро дар шарқ, ҷанубу шарқ ва ҷануб уқёнуси Атлантик (аз ҷумла дар ҷануб – халиҷи Мексика; гул. Флорида аз Куба ва ҷазираҳои Багам), дар ғарб уқёнуси Ором ҷудо мекунад. Иёлати Аляскаро дар шимол – уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ (баҳрҳои Бофорт ва Чукот), дар ғарб – баҳри Беринг, дар ҷануб халиҷи Аляскаи уқёнуси Ором; иёлати Гавайиро – уқёнуси Ором (тӯли умумии хатти сарҳаддӣ 19924 км). Иёлоти ҳамҳудуди ИМА дар шимол ва иёлати Аляска дар шарқ дар хушкӣ бо Канада, иёлоти ҳамҳудуд дар ҷануб бо Мексика ҳамсарҳадданд. Масоҳаташ 9,5 млн км2 (ҷойи 4-ум дар ҷаҳон). Аҳолиаш 325,3 млн нафар (2017). Пойтахташ ш. Вашингтон. Забони расмӣ – англисӣ. Воҳиди пулӣ – доллари ИМА.
![]() |
![]() |
![]() | |
Шиор: «Ба Худо боварӣ дорем» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико|Суруди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико | |
Рӯзи истиқлолият | (аз 4 июли 1776) |
Забони расмӣ | Инглисӣ |
Пойтахт | Вашингтон |
Шаҳри калонтарин | Ню-Йoрк |
Идораи давлат | Ҷумҳурии федеролӣ конститутсионӣ |
Президент | Ҷо Байден |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
3-ум ҷой дар ҷaҳон 9,857,306 км² 2.23 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2019) • Зичӣ |
3-ум ҷой дар ҷaҳон 328 915 700 34,55 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ • Ба сари аҳолӣ |
1-ум ҷой дар ҷaҳон 16.768 трлн. $ 53,001 $ |
Пули миллӣ | Доллари ИМА |
Интернет-Домен | .us .gov .mil .edu |
Коди телефон | +1 |
Соат | UTC -5 to -10 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
|
ЧуғрофияВироиш
Мавқеи ҷойгиршавӣВироиш
Масоҳати асосии ИМА (бо ном иёлатҳои қитъавӣ) қитъаи Шимолии Амрико дарбар гирифта аз соҳили уқёнуси Атлантик аз ҷониби Шарқ то соҳили уқёнуси Ором дар Ғарб тӯл кашидааст. ИМА дар ҷануб бо Мексика, дар шимол бо Канада ҳамсарҳад аст. Ба ғайр аз ин ба ИМА боз ду иёлат дохил мешавад. Дар қисми шимолу-шарқии Амрико иёлати Аляска ҷойгир аст, ки ҳамчунин бо Канада ҳамсарҳад мебошад. Дар уқёнуси Ором иёлати Гавайӣ [1](англ. Hawaii), ки дар ҷазираҳои Гавайӣ, маркази уқёнуси Ором, нимкураи шимолии Замин, 3700 км дуртар аз ҳудуди қитъавии ИМА, воқеъ аст. Ба ҳайати ИМА ҳамчунин якчанд ҷазираҳо дар баҳри Кариб монанди Пуэрто-Рико, дар уқёнуси Ором (Самоаи Амрикоӣ, Мидуэй, Гуам ва ғайраҳо) дохил мешаванд.
Масоҳати тобеъшудаВироиш
Дар зери тобеъи ИМА якчанд ҷазираҳо, дорои нишонаи гуногун ҳастанд, лекин ин ҷазираҳо ба давлат дохил намешаванд. Дар қисмати ҷазираи азхуднашудаи атолли Палмира пурра Конститутсияи ИМА ба кор меравад. Қисмати дигараш бошад аз рӯи қонуну қоидаи хеш амал мекунад. Аз ҳама бузаргтарин аз ҷазираҳои тобеъи ИМА, Пуэрто-Рико мебошад.
ТаърихВироиш
Санаҳои таърихӣВироиш
- 1620 — аввалин мустамликаи Бритониёи Кабир дар Амрикои Шимолӣ Плимут таъсис гардидааст, маркази Англияи нав, маркази таърихии ИМА аст.
- 1626 — Ҳоланд шаҳраки Амстердами Навро таъсис медиҳад, ки дертар ба шаҳри Ню-Йорк табдил ёфт.
- 1776, 4 июл — Декларатсияи соҳибистиқлоли ИМА аз Британияи Кабир қабул гардид. 4 июл — Рӯзи истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
- 1812—1815 — иштироки ИМА дар ҷанги соли 1812.
- 1814, 24 август — руй додани сухтори шаҳри Вашингтон аз ҷониби қушунҳои бритонӣ.
- 1814, 24 декабр — ба имзо расидани Шартномаи Гент.
- 1815, 8 январ — шикаст хурдани қушунҳои бритонӣ дар задухӯрди назди шаҳри Ню-Орлеан (Орлеани Нав).
- 1815, 17 феврал — Шартномаи Гент, эълони расмии ба охир расидани ҷанг.
- 1819, 21 феврал — тасдиқи шартномаи Адамс-Онис барои Флорида ба маблағи 5 млн доллар.
- 1830 — Конгресси ИМА қонун барои депортатсияи ҳиндуҳои қисмати шарқии соҳили ИМА-ро ба Оклахома кабул менамояд, (Indian Remove Act).
- 1846—1848 — ҷанги забткорона бар зидди Мексика, дар оқибати ин ҷанг, иёлатҳои ҳозираи қисми ҷанубӣ-ғарбӣ, яъне ними ҳудудҳои замини Мексика ба ҳудуди ИМА ҳамроҳ карда шудаанд.
- 1861—1865 — Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА; нест кардани боқимондаҳои ғуломдорӣ дар ИМА.
- 1867 — харидории нимҷазираи Аляска аз имперотурии Русия.
- 1917 — дохил шудани ИМА ба Ҷанги якуми Ҷаҳон ва ҷонибдори Иттиҳоди ҳарбии Антанта гардидани он.
- 1941-1945 — иштироки ИМА дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷониби иттиҳоди давлатҳои зиддифашистӣ.
- 1941, 7 декабр — ҳамлаи ҷопониҳо ба базаи ҳарбии Перл-Харбор, дохил гардидани ИМА ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳон.
- 1945, 6 август ва 8 август — ИМА ба шаҳрҳои Ҳирошима ва Нагасаки (Ҷопон) бомбаи атомӣ мепартояд: дар натиҷа тақрибан 150 ҳаз. наф. одам ҳалок мешаванд.
- 1945, 15 август — Рузи Ғалаба бар зидди Ҷопони милитаристӣ. (V-J Day)
- 1960, август-октябр — миллигардонидани корхонаҳои шахсии амрикоӣ дар Куба.
- 1960, ноябр — ғалабаи Ҷон Фиҷералд Кеннеди (ҳизби демократии ИМА) дар интихоботи президентӣ.
- 1961, 20 январ — ба мансаби Президенти ИМА таъйин гардидани Ҷон Кеннеди.
- 1961, 5 май — Алан Шепард дар киштии «Меркурий» ба кайҳон парвоз намуд.
- 1962, 3 феврал — Ҷон Кеннеди хариду фурушро бо давлати Куба манъ кард.
- 1962, — руй додани бӯҳрони Кариб.
- 8 сентябри 1962 — мушакҳои атомии ИҶШС СС-4 ва СС-5, ки ба ИМА хатаровар буд ба воситаи киштиҳо ба Куба ворид карда шуданд.
- 22 октябри 1962 — баромади президенти ИМА Ҷон Кеннеди бо воситаи телевизион оид ба масъалаи бӯҳрони Кариб.
- 28 октябри 1962 — баъди гуфтушунидҳои дуру дароз сарвари Иттиҳоди Шуравӣ, Н.С. Хрушёв оид ба баровардани мушакҳои атомии ИҶШС аз Куба эълон намуд.
- 1963, май — баромадҳои оммавии аҳолии сиёҳпусти Бирмингем (иёлати Алабама) бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва нажодпарастӣ.
- 1963, 22 ноябр — аз ҷониби террорист кушта шудани президенти ИМА Ҷон Кеннеди.
- 1964 — 1973 — иштироки ИМА дар чанги Ветнам.
- 1969, 21 июл — кайҳонавард Нил Олден Армстронг бори аввал ба рӯи Моҳ баромад.
- 1991 — иштироки ИМА дар ҷанг дар халиҷи Форс.
- 1992, 30 апрел — 2 май — исёни сиёҳпустон дар Лос-Анджелес.
- 1999 — «интервенсияи гуманитарӣ» бар зидди Югославия.
- 2001 — ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба ИМА
- 2003 — иштироки ИМА дар ҷанги Ироқ.
- 2005, сентябрь — тӯфони «Катрина», зери об мондани шаҳри Орлеани Нав, рӯй додани бетартибиҳо дар шаҳр.
- 2007 — буҳрони ипотекӣ дар кишвар.
- 2008, сентябр — саршавии буҳрони молиявӣ дар ИМА.
- 2011, март — октябр — амалиёти низомӣ зидди Либиё.
- 2014, сентябр — иштироки ИМА дар ҷанги шаҳрвандии Сурия.
Сохти маъмурӣ сиёсӣВироиш
Тақсимоти маъмурӣВироиш
Ҳудуди маъмуриаш ба 50 иёлат ва Округи федералии Колумбия тақсим мешавад. Ҳар кадом иёлат, ғайр аз иёлоти Луизиана (ба маҳалҳо тақсим мешавад) ва Аляска (ба боро – ноҳияҳо тақсим мешавад) ба округ (графӣ)-ҳо тақсим мешавад; ҳамагӣ 3007 округ ва 137 воҳиди ба онҳо баробар дорад.
Бюрои барӯйхатгирии ИМА дар ҳудуди мамлакат 4 минтақаи ҷуғрофиёиро ҷудо мекунад, ки ба ҳайати онҳо 9 гурӯҳи иёлот дохил мешаванд: шимолу шарқӣ (9 иёлат, 4,7 дарсади масоҳат ва 17,6 дарсади аҳолии мамлакат; Англияи Нав ва иёлати Атлантикаи Миёна), Ғарби Миёна (12 иёлат; 21,2 дарсади масоҳат ва 21,2 дарсади аҳолӣ; иёлоти шимолу шарқӣ ва шимолу ғарбии Ғарби Миёна), Ҷануб (16 иёлат ва Округи федералии Колумбия; 24,8 дарсади масоҳат ва 37,6 дарсади аҳолӣ; иёлати Атлантикаи Ҷанубӣ, иёлати марказии ҷанубу шарқӣ ва ҷанубу ғарбӣ) ва Ғарб (13 иёлат; 49,3 дарсади масоҳат ва 23,6 дарсади аҳолӣ; иёлати Монтана ва уқёнуси Ором, иёлати Аляска ва Гавайи ҳам ба онҳо дохил мешаванд).
Мулкҳои ИМА: Пуэрто Рико, Иттиҳоди Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ (ҳар ду давлатҳои озоди ба ИМА дохилшуда), ҷаз-ҳои Вирҷин, Гуам, Самоаи Амрикоӣ, Уэйк, Мидуэй, Бейкер, Ҳовланд, Ҷарвис (сетои охир беодаманд), атолл (ҷазираи ҳалқашакли марҷонӣ)-и Ҷонстон, рифи беодами Кингмен дар уқёнуси Ором, пойгоҳи ҳарбии баҳрии Гуантанама дар ҷазираи Куба ва ҷазираи беодами Навасса дар баҳри Кариб.
Давлати ИМА аз 50 иёлат иборат буда, ҳамаи онҳо баробарҳуқуқ мебошанд, ва ҳамчунин Вашингтон дар ҳавзаи Колумбия дорои мақоми пойтахт мебошад. Ҳар як иёлат дорои конститутсияи хеш, ҳокимияти қонунбарор, иҷрокунанда ва судӣ мебошад. Иёлат иборат аз каунтиҳо (дар Луизиана таърихан калимаи «ҷамъомад» (англисӣ: parish), (дар Аляска калимаи "ҳавза" (англисӣ: borough)) истифода бурда мешавад, аст — нисбатан қитъаҳои маъмурии хурдтаре мебошанд ва ҳуқуқҳои ҳукмронии маҳдудтар доранд. Ҳуқуқи каунтиҳо аз он иборат мебошад, ки ба инститҳои давлатӣ назорат баранд.
- Иёлатҳои ИМА
Иёлатҳо |
Масоҳат, ҳаз. км² (1996) |
Шумора, млн наф. (1996) |
Тобеъияти маъмурӣ | |
Айдаҳо (Idaho) |
216 |
1,2 |
Бойсе (Boise) | |
Айова (Iowa) |
146 |
2,9 |
Де-Мойн (Des Moines) | |
Алабама (Alabama) |
133,9 |
4,3 |
Монтгомери (Montgomery) | |
Аляска (Alaska) |
1523 |
0,6 |
Ҷуно (Juneau) | |
Аризона (Arizona) |
295 |
4,4 |
Финикс (Phoenix) | |
Арканзас (Arkansas) |
138 |
2,5 |
Литл-Рок (Little Rock) | |
Вирҷинияи Ғарбӣ (West Virginia) |
62,6 |
1,8 |
Чарлстон (Charleston) | |
Вайоминг (Wyoming) |
253,4 |
0,5 |
Шайенн (Cheyenne) | |
Вашингтон (иёлат) (Washington) |
176,5 |
5,5 |
Олимпия (Olympia) | |
Вермонт (Vermont) |
24,9 |
0,6 |
Монтпилйер (Montpelier) | |
Вирҷиния (Virginia) |
105,2 |
6,7 |
Ричмонд (Richmond) | |
Висконсин (Wisconsin) |
169,6 |
5,2 |
Мадисон (Madison) | |
Гавайӣ (Hawaii) |
16,7 |
1,2 |
Гонолулу (Honolulu) | |
Ҷорҷия (Georgia) |
152,6 |
7,4 |
Атланта (Atlanta) | |
Делавэр (Delaware) |
5,3 |
0,7 |
Довер (Dover) | |
Иллинойс (Illinois) |
150 |
11,9 |
Спрингфилд (Springfield) | |
Индиана (Indiana) |
94 |
5,8 |
Индианаполис (Indianapolis) | |
Калифорния (California) |
411 |
31,9 |
Сакраменто (Sacramento) | |
Канзас (Kansas) |
213,1 |
2,56 |
Топика (Topeka) | |
Кентуккӣ (Kentucky) |
104,6 |
3,9 |
Франкфорт (Frankfort) | |
Колорадо (Colorado) |
270 |
3,8 |
Денвер (Denver) | |
Коннектикут (Connecticut) |
12,9 |
3,3 |
Хартфорд (Hartford) | |
Луизиана (Louisiana) |
125,6 |
4,4 |
Батон-Руж (Baton Rouge) | |
Массачусетс (Massachusetts) |
21,4 |
6,1 |
Бостон (Boston) | |
Миннесота (Minnesota) |
225,2 |
4,7 |
Сент-Пол (St. Paul) | |
Миссисипӣ (Mississippi) |
123,5 |
2,7 |
Ҷэксон (Jackson) | |
Миссурӣ (Missouri) |
180,5 |
5,4 |
Ҷефферсон-Сити (Jefferson Sity) | |
Мичиган (Michigan) |
250,5 |
9,6 |
Лансинг (Lansing) | |
Монтана (Montana) |
380,8 |
0,9 |
Хелина (Helena) | |
Мэн (Maine) |
85,8 |
1,2 |
Огаста (Augusta) | |
Мэриленд (Maryland) |
27,1 |
5,07 |
Аннаполис (Annapolis) | |
Небраска (Nebraska) |
200,3 |
1,7 |
Линколн (Lincoln) | |
Невада (Newada) |
286,4 |
1,6 |
Карсон-Сити (Carson City) | |
Ню-Ҷерсӣ (New Jersey) |
20,2 |
8 |
Трентон (Trenton) | |
Ню-Йорк (иёлат) (New York) |
137,3 |
18,2 |
Олбани (Albany) | |
Ню-Мексико (New Mexico) |
315 |
1,7 |
Санта-Фе (Santa Fe) | |
Ню-Ҳэмпшир (New Hampshire) |
24 |
1,2 |
Конкорд (Concord) | |
Оҳайо (Ohio) |
116,1 |
11,2 |
Колумбус (Columbus) | |
Оклаҳома (Oklahoma) |
181,1 |
3,3 |
Оклаҳома-Сити (Oklahoma City) | |
Орегон (Oregon) |
251,2 |
3,2 |
Сейлем (Salem) | |
Пенсилвания (Pennsylvania) |
118,5 |
12,1 (1994) |
Харрисберг (Harrisburg) | |
Род-Айленд (Rhode Island) |
3,2 |
1,0 |
Провиденс (Providence) | |
Дакотаи Шимолӣ (North Dakota) |
183 |
0,7 |
Бисмарк (Bismarck) | |
Каролинаи Шимолӣ (North Carolina) |
136,4 |
7,3 |
Роли (Raleigh) | |
Теннессӣ (Tennessee) |
109,2 |
5,3 |
Нашвилл (Nashville) | |
Техас (Texas) |
691,2 |
19 |
Остин (Austin) | |
Дакотаи Ҷанубӣ (South Dakota) |
199,7 |
0,7 (1994) |
Пирр (Pierre) | |
Каролинаи Ҷанубӣ (South Carolina) |
80,6 |
3,7 |
Колумбия (Columbia) | |
Флорида (Florida) |
152 |
14,4 |
Таллахасси (Tallahassee) | |
Юта (Utah) |
219,9 |
2 |
Солт-Лейк-Сити (Salt Lake City) | |
Ҳавзаи Колумбия (Columbia) |
0,2 |
0,5 |
Вашингтон (иёлат) (Washington) |
Сохтори сиёсӣВироиш
Оиди Конститутсияи ИМА, ки соли 1787 қабул гардида буд, баъзе уҳдадориҳо барои ҳокимияти давлатӣ ба хокимияти Федералии ИМА дода шудааст. Уҳдадории давлатӣ, ки ба зери назорати ҳокимияти федералӣ дохил намешавад, аз ҷониби иёлатщои ИМА иҷро карда мешавад.
Мувофиқи Конститутсияи ИМА принсипи тақсимоти ҳокимият амал мекунад, ки барои он ҳокимияти федералӣ дорои ваколати ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ кор мебараyд, ки новобаста аз ҳамдигар кор мебаранд.
Ҳокимияти баланддараҷаи ҳокимияти қонунгузор — Конгресси ИМА мебошад, ки иборат аз ду палата аст:
- палатаи поёнӣ — Палатаи намояндагон;
- палатаи болоӣ — Сенат.
Ҳокимияти баланддараҷаи ҳокимияти иҷроия — президенти ИМА. Президент — сардори давлат, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. (ба руйхати президентони ИМА назар кунед). Инчунин вазифаи ноиб-президенти ИМА муқарар шудааст.
Ҳокимяти олии ҳокимияти судӣ — суди олии ИМА мебошад.
Ҳизбҳои асосӣ — Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА ва Ҳизби демократии ИМА. Инчунин ҳизбҳои дигари хурд мавҷуд ҳастанд.
Сиёсати хориҷӣВироиш
ИМА – узви СММ (1945), НАТО (1949), Фонди байналмилалии асъор (1944), Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд (1945), Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором (1989), Аҳдномаи Амрикои Шимолӣ оид ба савдои озод (1992), СУС (1995), Ҳамшарикии фаромиллии уқёнуси Ором (2015).
ИқтисодиётВироиш
Дар соли 2005 Маҳсулоти дохилии ИМА ба 3,6 % зиёд шуда $12,5 трлн долларро ташкил мекард.
АҳолӣВироиш
Аҳолии ИМА зиёда аз 330 млн нафарро ташкил медихад, ва дар ҷаҳон аз рӯи шумора, дар ҷойи 3-юм меистад.
ФарҳангВироиш
ДинВироиш
Таркиби динӣ:
- Протестантҳо – 46,5%,
- Католикҳои Рум – 20,8%,
- Мормонҳо – 1,6%
- Масеҳиёни дигар – 0,9%,
- Яҳудиён – 1,9%,
- Мусалмонон – 0,9%,
- Шоҳидони Яҳува – 0,8%,
- Буддоиён – 0,7%,
- Ҳиндуҳо – 0,7%,
- Ба ягон гурӯҳи динӣ мансуб набудан - 22,8% (2014)
Забонҳои ИМАВироиш
Фонди англисии ИМА, бонуфузтарин созмони ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи сиёсати забоншиносии давлат кор мекунад, моҳи марти соли 2005 гузориши "Бисёр забонҳо - як Амрико" -ро нашр кард, ки мувофиқи он аҳолии ин кишвар дар ҳаёти ҳаррӯза (дар хона, дар ҷои кор, дар кӯча) 322 забонро истифода мебарад.
Иёлати бисёрзабона Калифорния мебошад (207 забон). "Якранг "тарин аз ҳама иёлатҳо – Вайоминг (56). Дар Ню Йорк 129 ва дар Лос-Анҷелес 137 забон гуфтугӯ мекунанд.
Забони бештар маъмул дар Иёлоти Муттаҳида инглисӣ мебошад. Он аз беш аз 300 миллион сокини Иёлоти Муттаҳида ба 215,4 миллион нафар тааллуқ дорад. Забони англисӣ дар саросари Иёлоти Муттаҳида мақоми расмии давлатӣ надорад. Дар сатҳи қонунгузорӣ, он ҳамчун давлатӣ танҳо дар 28 штат ва ду қаламрав (Ҷазираҳои Вирҷинияи ИМА ва Пуэрто-Рико) тасдиқ карда шудааст. Конгресси ИМА ҳар сари чанд вақт лоиҳаи тасвиби забони англисиро ҳамчун забони расмии кишвар баррасӣ мекунад, аммо он миқдори зарурии овозҳоро ба даст оварда наметавонад. Охирин овоздиҳӣ дар бораи Қонуни ваҳдати англисӣ соли 2003 баргузор шуда буд. Тарафдори асосӣ ба ҷонибдории лоиҳаи қонун Фонди забони англисии ИМА мебошад.
Ҳамзамон, муаллифони гузориш қонунигардонии забони испаниро дар сатҳи федералӣ, ки онро 28 миллион нафар сокинони ИМА фаъолона истифода мебаранд, зарур намешуморанд. Мувофиқи маълумоти Бюрои барӯйхатгирии аҳолии ИМА, дар соли 2002 дар Иёлоти Муттаҳида тақрибан 37,4 миллион амрикои испониёӣ зиндагӣ мекарданд, ки ин дар тӯли сол 1,3 миллион нафар афзудааст. Дар бисёр ширкатҳо дар Флоридаи Ҷанубӣ, Калифорнияи Ҷанубӣ ва Техас донистани забони испанӣ шарти ҳатмии корӣ мебошад.
Дар ИМА зиёда аз 700 ҳазор гӯяндагони забони русӣ зиндагӣ мекунанд. Шумораи аз ҳама зиёди онҳо дар иёлати Ню-Йорк зиндагӣ мекунанд (218 765 нафар, ё 30,98% ҳамаи гӯяндагони забони русӣ), хурдтаринашон дар Вайоминг (170 нафар ё 0,02%). Ба даҳ штате, ки дар онҳо забони русӣ гап мезанад, инчунин Калифорния, Ню Ҷерсӣ, Иллинойс, Массачусетс, Пенсилвания, Вашингтон, Флорида, Мэриленд ва Орегон дохил мешаванд.
15 забони бештар маъмулВироиш
(дар қавсайн шумораи забонҳои модарӣ то соли 2013 нишон дода шудааст) [2] (млн. нафар)
- Забони англисӣ (ҳамчун ягона) (231.1)
- Забони испанӣ (аз ҷумла лаҳҷаҳои забони креолӣ) (37.5)
- Забони чинӣ (2.9)
- Забони тагалогӣ (1.6)
- Забони ветнамӣ (1,4)
- Звбони фаронсавӣ (1.3)
- Забони куриёӣ (1.1)
- Забони олмонӣ (1.1)
- Забони арабӣ (0.9)
- Забони русӣ (0.9)
- Забонҳои креолии фаронсавӣ (0.7)
- Забони итолиёӣ (0,7)
- Забони португалӣ (аз ҷумла лаҳҷаҳои забони креолӣ) (0,7)
- Забони ҳиндӣ (0.6)
- Забони лаҳистонӣ (0.6)
Ҷойҳо тамошобобВироиш
ИдҳоВироиш
Сана | Номи тоҷикӣ | Номи аслӣ | Эзоҳ |
---|---|---|---|
1 январ | Соли нав | (англ. New Year’s Day) | |
3-юм рӯзи душанбеи моҳи январ | Рӯзи Мартин Лютер Кинг | (англ. Martin Luther King, Jr. Day) | |
3-юм рӯзи душанбеи моҳи феврал | Рӯзи президентӣ | (англ. Presidents' Day) | Рӯзи таваллуди Ҷорҷ Вашингтон |
Рӯзи душанбеи охирини моҳи май | Рӯзи ёддошти шаҳидон | (англ. Memorial Day) | |
4 июл | Рӯзи истиқлол | (англ. Independence Day) | |
2-юм рӯзи душанбеи моҳи октябр | Рӯзи Колумб | (англ. Columbus Day) | Рӯзи кашф шудани қитъаи Америка |
11 ноябр | Рӯзи ветеранҳо | (англ. Veterans Day) | |
4-ум панҷшанбеи моҳи ноябр | Рӯзи миннатдорӣ | (англ. Thanksgiving Day) | |
25 декабр | Рӯзи таваллуди Исои Масеҳ | (англ. Christmas) |
НигаредВироиш
ПайвандҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Соединенные Штаты Америки // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 168—169. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).
- ↑ Detailed Languages Spoken at Home and Ability to Speak English for the Population 5 Years and Over: 2009—2013(англ.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |