Абдуссалом Атобоев

(Тағйири масир аз Атобоев Абдуссалом)

Абдуссалом Атобоев (тахаллус Атозода; 24.04.1934, Ноҳияи Исфара — 28.04.1985, Душанбе) — нависанда ва драматурги тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1974.

Атозода
Абдуссалом Атобоев
Таърихи таваллуд: 24 апрел 1934(1934-04-24)
Зодгоҳ: Исфара
Таърихи даргузашт: 28 апрел 1985(1985-04-28) (51 сол)
Навъи фаъолият: драматург,нависанда

Зиндагинома

вироиш

Абдуссалом Атобоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 садаи XX чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст. Ӯ 28 апрели 1985 вафот кардааст.

Эҷодиёт

вироиш

Пйесаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои таърихӣ таълиф ёфта­анд. Пйесаи «Суруди нотамом» (1971) аз тақдири фоҷиавии шоираи тоҷик Робиаи Балхӣ (асри 10) ва «Фоҷиаи инсон» (1973) дар бораи воқеаҳои аҳди қадими сарзамини Бохтар (асри 6 то милод) ҳикоят мекунад. Дар пйесаи публитсистии ӯ «Қиёми Лоҳутӣ» (1979)аз рӯзгори инқилобии А. Лоҳутӣ сухан меравад. Мазҳакаи «Иллоанта» (1977), пйесаҳои «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (бо ҳамроҳии Ғ. Абдулло, 1975), пйеса барои театри лухтак «Қиссаи аввалин» (бо ҳамроҳии Е. Абрамян, 1978) ва ғайра низ ба қалами Атобоев Абдуссалом тааллуқ доранд. Пйесаҳои Атобоев Абдуссалом дар маҷмуаҳои ӯ «Суруди нотамом» (1982), «Шамшери меросӣ» (1984) ва дар «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷилди 5) ба табъ расидаанд.

Сарчашма

вироиш