Ноҳияи Исфара
Ноҳияи Исфара (форсӣ: ناحیۀ اسفره) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ноҳияи маъмурӣ | |
40°07′ с. ш. 70°38′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | вилояти Суғд |
Шомили | 3 шаҳрак, 9 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Исфара |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 31 январи 1927 |
Масоҳат | 880,9 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 285 000[2] нафар (2022) |
Зичӣ | 314,2 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | IR |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.IR |
Коди телефон | +992 3462 |
Нишонаи почта | 735920 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ02 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара (форсӣ: اسفره) аст, ки 108 км шарқтар аз шаҳри Хуҷанд дар каронаи рӯди Исфара ҷойгир аст. Аз Исфара то Душанбе 410 км роҳ аст.
Аҳолӣ — 285 ҳаз. нафар (2022)[3].
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Исфара бо сарзамине 835,9 км² дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, дар шарқ ва ҷануб — бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб — бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.
Иқлим
вироишАҳолӣ
вироишсол | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
192,8 | ↗196,3 | ↗200,2 | ↗204,5 | ↗269,6 | ↗274,0 | ↗282,2 | ↗285 |
Таърих
вироишИн ноҳия 31 январи соли 1927 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта аст. Дар моҳи октябри соли 1929 бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуд.
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Исфара 1 шаҳр, 3 шаҳрак (Шӯроб, Нафтобод, Нурафшон) ва 9 ҷамоат дорад[4]:
Ҷамоату шаҳракҳои ноҳия | ||
---|---|---|
№ | Номи воҳиди маъмурӣ | Аҳолӣ |
1 | Исфара, шаҳр | 51000 |
2 | Шӯроб, шаҳрак | 5120 |
3 | Нафтобод, шаҳрак | 6200 |
4 | Нурафшон, шаҳрак | 2160 |
5 | Навгилем | 41300 |
6 | Хонобод | 12870 |
7 | Кӯлканд | 27500 |
8 | Зумрад | 20450 |
9 | Чилгазӣ | 17792 |
10 | Лаккон | 8900 |
11 | Сурх | 19850 |
12 | Чоркӯҳ | 41560 |
13 | Ворух | 38000 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Исфара Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод
вироишНоҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 22 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.