Ато ибни Соиб (ар. عطا ابن سائب) Сақафии Куфӣ (ё ибни Молик, ибни Зайд) — фақеҳ ва муҳаддиси машҳури Куфа. Аз табақаи панҷуми ровиён. Вай аз Иброҳими Нахаъӣ, Абумуслими Ағарр ва Анас ибни Молик ривоят кардааст. Аҳмади Ҳанбал ӯро муҳаддиси сиқа ва марди солеҳ гуфтааст. Ато ибни Соиб яке аз устодони имом Абуҳанифа буд. Дар ривояти ҳадис садуқ аст ва Бухорӣ ва асҳоби «Сунан»-и чаҳоргона аз тариқи ӯ ҳадис овардаанд. Ҳофизаи Ато ибни Соиб дар охири умраш тағйир ёфта, ривоятҳоро омехта мекард. Бинобар ин, ривоятҳое, ки ба давраи пеш аз ихтилоти ҳофизааш бармегарданд, ҳама саҳеҳанд. Со­ли 136 ҳиҷрӣ/753-754 милодӣ вафот кадааст.[1]

Ато ибни Соиб
عطا ابن سائب
Иттилооти инфиродӣ
Зодгоҳ: Куфа
Таърихи даргузашт: 753-754 милодӣ
Вироиши Викидода

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.70 / А. Боқизода, С.Шаҳобуддинов.

Адабиёт вироиш

  • Муҳаммад ибни Исо ат-Тирмизӣ. Шамоилу-н-набӣ. Душанбе, 2010.;
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية،الریاض،۲۰۰۴؛
  • خیرالدینالزرکلی،الاعلام،بیروت،۲۰۰۵