Атргул
Атргул (Rosa odorata), гулест хушрангубӯ.
Замонҳои қадим Атргулро аз Чин ба Ҳиндустон, шаҳрҳои машриқзамин (аз ҷумла Хуҷанд, Бухоро ва Самарқанд) ва асри (1789) ба Аврупо ва дигар мамлакатҳо бурдаанд. Буттаи Атргул зебо, навдаҳои рост (50–120 см) ва баргҳои калон (10–15 см)-и паршакл дорад (то сармои аввали зимистон намерезад). Навдаҳои баъзе Атргул дарози печон буда, хорҳои чангакшакл дорад. Атргул и панҷ барга баъди ҳар дафъа буридани шоху навдааш нағз шоха давонда, то охири тирамоҳ гул мекунад. Гулҳои А. калону зебо (қутраш 5–10 см), хуш бӯй ва рангоранг (гулобӣ, гуло бии паст, сурх, сурхи кушод, зарди гуногунтобиш ва ғайра) мешаванд. Дар ҳар як шохчаи А. 2–3 гул мешукуфад. Атргулро аз қаламча ва бо роҳи пайванд (асосан ба буттаи настаран – R. canina) зи ёд мекунанд. Соли оянда аввали баҳор нӯги навдаро аз болои муғҷаи пайвандшуда мебуранд (дар тӯли нашв 4–5 бор навдаҳои зиёдатиро буридан мебояд). Баъди 15–20 см рӯидани гул нӯги навдаҳоро мекананд, шохчаҳои паҳ луиро ҳар вақт кӯтоҳ мекунанд. Ох. окт. ва аввали ноябр гулҳои пайвандӣ барои кӯчат тайёр мешаванд. Қаламчаи Атргулро дар гулзор тирамоҳ ё ба ҳор мешинонанд. Хоки гулзорро дар умқи 30–35 см нарм карда, ба 1 м 2 5–10 кг пору меандозанд. Баъд дар фосилаи 70×70 см чола (бараш 30–40, умқаш 40–50 см) кофта, қаламчаҳоро мешинонанд. Дар тӯли нашв 6 маротиба хоки бехи ниҳолҳоро нарм намуда, 2 маротиба ғизо (ба 1 м 2 30 г селитра ва 45 г сулфати аммоний) медиҳанд, 20 маротиба об мемонанд. Буттаи А.-ро соле ду маротиба (охири тирамоҳ ва аввали баҳор) дар ҳар як навда 2–4 ё 4–7 муғҷа монда буридан мебояд.
Дар Тоҷикистон Атргул аз аввали май то ноябр–декабр гул мекунад. Барои гулзор кардани шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ парвариш ва ба хавоза бардоштани Атргули печон (дар пешайвон, девор, панҷараҳо ва ғ.) ва дар боғу чорбоғҳо бунёд намудани гулзорҳои Атргули панҷбарга тавсия карда мешавад. Буттаи Атргулро дар ноҳияҳои баландкӯҳ зимистон хокпӯш менамоянд. Атргул бештар ба касалии гарда гирифтор мешавад. [1]
Адабиёт
вироиш- Сокольская О. Б. История садово-паркового искусства. М., 2004;
- Ижевский С. Розы. М., 2011.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.78