Атрезия (Atresia; аз а – не ва забони юнонӣ|юн. tresis – сӯрохӣ) — адам (набудан)-и сӯрохи табиӣ ё баста шудани он дар узвҳои наймонанди бадан (аорта, шараёни шуш, ҳалқум, нойи нафас, сурхрӯда, рӯда, мақъад, маҳбал, гарданаи бачадон ва ғайра). Атрезия модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Атрезияи модарзодӣ дар натиҷаи инкишофи нодурусти ҷанин дар батни модар, Атрезияи ғайримодарзодӣ дар асари газак, зарбу лат, осеб (масалан, дар натиҷаи аз ишқор ё кислотаҳо сӯхтани луобпардаҳо) ва ғайра ба вуҷуд меояд. Атрезияи модар­зодӣ дар баъзе мавридҳо (масалан, Атрезияҳои шоҳраг, нойи нафас, рӯда, роҳи шоша ва ғайра) сабаби ҳалокати кӯдаки нав­зод мегардад. Атрезияро бо амали ҷарроҳӣ табобат мекунанд.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.78