Атсефат (C4H10NO3PS) — як навъ инсектисид. Ҳарорати гудозишаш 92-93°С, зичиаш 1,4 г/см3; дар об ҳал мешавад. Барои маҳв кардани ҳашароти зараррасон, аз қабили ширинча, кирмаки пулакчаболҳо, малах ва ғайра атсефатро ба зироат, дарахтони мевадор (аз ҷумла рустаниҳои ситрусӣ), ток, финдиқи заминӣ, зайтун, соя, пахта, лаблабу, картошка, шолӣ, тамоку, рустаниҳои ороишӣ ва ғайра мепошанд. Давомнокии таъсири атсефат 10-21 шабонарӯз аст.

Адабиёт

вироиш
  • Крамаренко В. Ф. Токсикологическая химия. К., 1990;
  • Физер П., Физер М. Органическая химия. М., 2009.

Сарчашма

вироиш