Лаблабу рустании хуштаъми ғизоӣ буда аз калимаи лотини гирифта шудааст. Лаблабуи ширин дар садаи XVIII дар натиҷаи дурага кардани лаблабуи баргдори бебехреша ва лаблабуи кам қаде, ки онро чун хӯроки чорво истифода мебурданд ба вуҷуд омадааст. Соли 1747 олимони соҳаи рустанипарварӣ муайян намудаанд, ки дар таркиби лаблабу сахароза будааст. Аммо танҳо дар садаи XVIII муайян шуд, ки аз ин рустании хуштаъм ҳосил кардани қандро ба роҳ монанд. Дар соҳаи тиб реша ва барги онро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Дар таркиби меваи лаблабу 75% об 25% модаҳои хушк 20%, сахароза, глюкоза, фуруктоза, сафеда, равған, калий, калсий, оҳан йод ва дигар ветаминҳо мавҷуданд.

Лаблабу
Лаблабу
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Beta vulgaris L.

Дар таркиби пасмонадаҳои саноати лаблабу то 60% қанд мавҷудаст, ки онро барои истеҳсоли спирт ва глитсерин истифода мебаранд, ки аз замонҳои қадим ҳамчун гиёҳи табобати истифода мешавад. Абумансури Муваффақ фармудааст, ки лаблабу бандҳои ҷигаро мекушояд, Абуали Ибни Сино бошад ин рустании хуштаъмро барои бемории таблаза тавсия додаст. Дар заминҳои кишт ду навъи лаблабу парвариш карда мешавад сурх ва сафед. Исетеъмоли лаблбуи сефед нисбат ба сурх зиёдаст чунки лаблабуи сафед хусусиятҳои нармкунӣ, ҳазми ғизоро дорад онро барои муолиҷаи захмҳо ва рехтани мӯи сар итифода мебаранд. Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ овардааст, ки лаблабу банди узувҳоро мекушояд ва барои бемориҳои вараҷа рудаю гурда хеле фоидабахш мебошад. Обаш бошад захми пустро шифо башида варами онро мегардонад. Барги майда кардаи онро болои захм молида бо дока мебанданд ва зуд захмро шифо мебахшад. Оби баргаш бошад барои муолиҷаи зуком хеле муфид аст. Лаблабу дар организми инсон барои ҳосил намудани хун нақши бузургро ба уҳда дорад.