Афзал Махдуми Пирмастӣ
АФЗÁЛ МАХДУМИ ПИРМАСТӢ (أفضل مخدوم ییرمستی) (соли таваллуд номаълум – вафот 1915, Бухоро) — шоир ва тазкиранависи тоҷик. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Дар баробари улуми мутадовилаи мадраса ба омӯзиши нуҷум, тиб ва рамл машғул шудааст. Афзал Махдуми Пирмастӣ тақрибан соли 1900 ба хидмати дарбор даромад ва бо супориши амир Абдулаҳад (ҳукмр. 1885–1910) ба тартиб додани тазкира сар кард. Соли 1904 таълифи тазкираашро ба анҷом расонд ва онро «Афзалу-т-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор» ном кард (мухтасар «Афзалу-т-тазкор»). То замони мо аз Афзал Махдуми Пирмастӣ ҳамин тазкира ва намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд. Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» байте чанд аз ашъори Афзал Махдуми Пирмастӣ, инчунин намунаеро аз «Афзалу-т-тазкор» (маълумот дар бораи Тошхоҷа Асирӣ) ҷой додааст.
Афзал Махдуми Пирмастӣ (أفضل مخدوم ییرمستی) | |
Таърихи таваллуд: | номаълум |
Зодгоҳ: | Бухоро |
Таърихи даргузашт: | 1915 |
Маҳалли даргузашт: | Бухоро |
Навъи фаъолият: | шоир |
Намунае аз ашъор
вироишНа бар ин аст дили ман, на бар он аст дили ман,
Ҳар чӣ марзои ту бошад, ба ҳамон аст дили ман.
Чӣ бигӯям ба ту аз ҳоли дили зори ҳазинам?
Ки чунин аст дилам, ё ки чунон аст дили ман…
Зи нигоҳи бути таннози ситампешаам, Афзал,
Шуда хуну зи раҳи дида чакон аст дили ман.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.