Афитис
Афитис (Aphytis) — як навъи ҳашарот. Дар зиреҳакҳои ҷисми модина зиндагӣ мекунад. Дарозии баданаш тақрибан 1 мм, рангаш зард, баъзан доғҳои сиёҳ дорад. Кирминааш лӯнда ё байзашакл, зарди чиндор. Афитис беш аз 40 навъ дошта, дар ҳама ҷо вомехӯрад. Афитиси тилоранг (Aphytis chrysomphali) паразити махсуси зиреҳаки қаҳваранги соҳилҳои Баҳри Сиёҳи Қафқоз мебошад. Афитиси кӯтоҳшилшила (Aphytis proclia) баъзе солҳо 60–65%-и модинаи зиреҳаки калифорниягӣ ва Aphytis mytilaspidis қисми зиёди зиреҳакҳои дарахтони сӯзанбаргро маҳв менамояд. Аксар афитисро бо роҳи партеногенез зиёд мекунанд. Сернаслии афитис ба гулшаҳд вобаста аст. Модинаи афитис дар сурати аз гулшаҳд ғизо гирифтан 40–70 ва ҳангоми аз он маҳрум шудан 1–5 тухм мегузорад. Кирминаҳои болиғи афитис дар бадани зиреҳакҳои нобудшуда зимистонро мегузаронанд ва баҳорон ба зоча табдил меёбанд. Болиғони онҳо тобистон зиреҳро сӯрох карда, берун мебароянд. Модинаи афитис ба бадани зиреҳак якто (баъзан ду ва беш аз он) тухм мегузорад. Кирминаи аз тухм ташаккулёфта шираи бадани зиреҳакро макида мегирад. Вобаста ба миқдори насли зиреҳакҳо афитис соле то 4 маротиба афзоиш мекунад. Барои ба афзоиши афитис мусоидат намудан дар байни қатори дарахтони боғ рустаниҳои гулдор коштан лозим аст.
Афитис | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Aphelinidae.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Aphytis Howard, 1900 | ||||||||
|
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Исанчев В. В. Защита растений от вредителей. М., 2002.