Афлутин, Флутин (ар. فِلوطین‎, муарраби Плоти́н, юн.-қад. Πλωτῖνος; 204/205, Ликопол, Миср, Империяи Рум — 270, Минтурне, Кампания) — файласуфи идеалисти давраи атиқаи мутааххир, асосгузори навафлотуния.

Афлутин
Таърихи таваллуд 205[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 270[2][3][4][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа
Шогирдон Порфирий[d] ва Кассий Лонгин[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таҳсилот

вироиш

Баъди касби улуми замона дар синни 28-солагӣ ба Искандария рафт. Дар он ҷо 10 сол дар мактаби Аммоний Саккас ба омӯзиши илми ҳикмат машғул шуд ва зери таълимоти ӯ роҳи оштидиҳии таълимоти Афлотун ва Арастуро пеш гирифт. Бо фалсафаи ҳинд ошноӣ дошт ва ҳангоми ҷанги Эрону Рум ҳамроҳи аҳли рикоби императори Рум Горпионс ба Эрон омад. Бино ба маълумоти муҳаққиқон, дар Эрон Афлутин бо орои «фаҳлавиён», пайравони монавияву маздакия ва умуман афкори зардуштӣ шиносоии комил пайдо кард.

Таълимот

вироиш

Афлутин баъди бозгаштан ба Рум ба тадриси илми ҳикмат машғул шуд ва шогирдону пайравони бисёре пайдо кард. Ӯ дар даҳ соли аввали фаъолияташ таълимоташро фақат шифоҳӣ ба шогирдонаш нақл мекард, вале минбаъд бо исрори шогирдонаш ба навиштани асарҳояш шурӯъ кард. Афлутин ҳамагӣ 54 рисола таълиф карда, онро ба шаш фасл (халқиёт, табииёт, илоҳиёт, илмуннафс, ақл ва ваҳдат) ҷудо намуд. Баъди вафоти Афлутин шогирдаш Порфирий асарҳои ӯро дар нуҳ ҷилд мураттаб сохт ва бинобар он ки ҳар фасл нуҳ рисоларо дар бар мегирифт, номи онро «Эннеадҳо» (Нуҳгона) номид.

Фалсафаи Афлутин

вироиш

Рукни асосии фалсафаи Афлутин диалектикаи се ҷавҳари ҳастӣ — «воҳид», «ақл» ва «нафс» мебошад. Таълимоти доир ба воҳид ё худ аҳад, ки сарманшаи моварои табиат дониста мешавад, хеле ҷолиб аст. Афлутин асли вуҷудро аз воҳиде иборат медонад, ки он феъли том, қувваи фоила, сурати мутлақ, асли коинот бошад ҳам, худ моварои (берун аз) коинот буда, ақли башар дар дарки моҳияти он оҷиз аст. Мутафаккир онро масдари кул, воҳиди якто ва камоли маҳз мешуморад, ки танҳо бо роҳи сайру сулук аз дараҷаи башарият ба зинаи малакутӣ расида, онро бо дидаи қалбӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Минбаъд Афлутин назарияи судурро пазируфт. Ба ақидаи ӯ аз файзи воҳид мисли аз Хуршед таровидани нур содири аввал ҳосил мешавад. Афлутин онро ақли кулл ва муфориқоту мусули олами улвӣ меномад, ки дар айни тааддуд воҳид ва дар айни касрат муттаҳид аст. Мутафаккир барои бетағйир нигоҳ доштани иллати нахустин ба назарияи судур даст зад ва ақли кулли ӯ «ҳақиқатест» варои олами шаҳодат ва он чӣ дар олами шаҳодату маҳсусот аст, дар ҳақиқат сояи он маонӣ ва ҳақоқиест, ки дар ақли куллӣ вуҷуд дорад. Аз ақли кулл сеюмин уқнум, ки нафси кулл аст, содир мешавад ва ин уқнум асли ҳаётӣ ва ҳаракат аст ва ҷони ҷаҳон ба шумор меравад. Агар ин нуктаро содатар баён кунем, чунин бармеояд, ки Худо ҳамчун мабдаи хайру файзофаранда аст ва содир ё худ файзи аввали он — ақли кулл баъд аз воҳид комилтарин офаридаи муҷаррад — писари зебои падар аст, ки тамоми камолотро аз ӯ касб намудааст. Ин ақл низ хосияти офариниш дорад ва аз он нафс содир мешавад ва ин «таслиси сегона» ё худ «уқнумҳои салоса» — Худо ва ақлу нафс ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат ақл воситае байни мабдаи файз ва нафс аст, охирӣ робитаи байни оламҳои рӯҳонию ҷисмониро барқарор менамояд. Ӯ ақлро оинаи аҳадият мепиндорад, ки ба воситаи «раъюлъайн» мушоҳида мешавад ва он ҳамчун ҷавҳари олам ба нафсҳои ҷузъӣ (самовӣ, малоик ва башарӣ) тақсим шуда, ба ҳар ҷисме метавонад русух кунад, онро ба ҳаракату табаддулот водор созад ва нафсҳои ҷузъияи фардиро ба вуҷуд оварад. Дар ин маврид ҷисм ҳамчун заифтарин мартабаи мабдаи аввал ба унвони сурат пазирои модда хоҳад буд. Сурат бо соҳиб будани хайр ва камолу ҷамол ҷанбаи вуҷуд ва модда ҳамчун шарр ва таквинкунандаи сурат ҷанбаи адами ҷисмҳоро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, судури мавҷудот як навъи интиқол аз лониҳоя ба ниҳоят ва аз касрат ба ваҳдат аст. Дар як тараф Худо ва дар тарафи дигар ҷисм ба дараҷаҳои гуногуни камолот — аввалӣ дар сатҳи ваҳдат ва дуюмӣ дар сатҳи касрат қарор доранд, ки доираи комили вуҷудро ташкил мекунанд ва меҳвари асосии ин баҳсро ҳамон қавси нузул ва қавси cууд ташкил медиҳад. Воситаи нафси кулл бо аҳадиятро Афлутин ақл медонад, вале барои дарки моҳияти воҳид аз доираи ҳиссу ақл берун баромада, ба кашфу шуҳуд расиданро талқин менамояд. Таълимоти Афлутинро як ҷараёни дорои хусусияти натурфалсафӣ тасаввур намудан мумкин аст, зеро дар он инсон, Худо ва табиат ҳамчун категорияҳои ҳастӣ қисми таркибии ҷараёни умумии бавуҷудоӣ мебошанд.

Афлутин ва мутафаккирони Шарқ

вироиш

Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ таълимоти Афлутин ва навафлотуниёнро асоси таълимоти ҳастишиносӣ (онтологӣ)-и худ қарор додаанд. Масалан, Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва дигарон дар асл мавҷудияти Худоро эътироф кунанд ҳам, дар боби пайдоиши олам ҳамон усули назарияи судури навафлотуниёнро пазируфтаанд, ки зимни он Худо фақат ҳамчун моҳият ва сабаби аввал дониста шуда, раванди пайдоиши силсилаи маротиби вуҷуд дар заминаи таълимоти пантеистӣ (ниг. Пантеизм) шарҳ дода шудааст. Ин ақидаи зина ба зина халқ шудани мартабаҳои вуҷуд, ки яке сабаби пайдоиши дигаре мегардад, на фақат ба талимоти динӣ созгор набуд, балки доираи фаъолияти Офаридгорро маҳдуд намуда, онро бо дигар категорияҳои ҳастӣ яксон медонист. Хулосаи мазкур ифодакунандаи ҷиҳатҳои натуралистӣ ва оғози инкишофи афкори материалистии мутафаккирони форс-тоҷик дар давраи ҳукмронии схоластикаи асрҳои миёнаи Шарқ ба шумор мерафт.

Таълимоти тасаввуфии «ваҳдати вуҷуд», «ваҳдати мавҷуд» ва «ваҳдати вуҷуд ва касрати мавҷуд» низ аз назари Афлутин ва навафлотуниён ғизои маънавӣ гирифтааст. Афлутин ба фалсафаи асрҳои миёнаи Ғарб (Августин) ва хусусан мутафаккирони давраи Эҳё (М. Сичино, Пико делла Мирандола), намояндагони идеализми олмон Афлутин Шефтсбери, Ҷ. Баркли, Ф. В. Шеллинг , Г. Гегел, И. В. Ҳёте ва романтизми мактаби Иена таъсир расонд.

Адабиёт

вироиш
  • Блонский П. П. Философия Плотина. М., 1918;
  • Лосев А. Ф. Диалектика числа у Плотина. М., 1928;
  • Антология мировой философии. Т. I. М. 1969;
  • أفلوتین. تهران،۱۳۷۶

Сарчашма

вироиш