Руми Бостон (итол. Civiltà romana) — яке аз тамаддунҳои пешқадами бостонии ҷаҳонӣ, давлати бузургтарини давраи бостон, ки номи худро аз номи шаҳри асосӣ (Roma — Рум) гирифт, ва бояд ёдовард шуд, ки шаҳри Рум аз номи бунёдгари худ — Ромул (лотинӣ. Romulus) ном гирифт. Маркази Рум дар ҳамвории ботлоқзор воқеъ гашт, ки бо пуштаҳо иҳота шуда буд. Таъсири муъайян ба тамаддуни Руми Бостон фарҳанги қабоили этрускҳо ва юнониҳои бостонӣ расонид. Қуллаи баланди бузургии Руми Бостон ба қарнҳои II п. м. рост меояд, ҳамон вақте, ки зери таъсири ин имперотурӣ фазои давлатҳои имрӯза аз Шотландия дар шимол то Эфиопия дар ҷануб, Эрон дар шарқ то Пуртуғол дар ғарб афтода буданд. Ба замони имрӯза, фарҳанги Руми Бостон, ҳуқуқи румӣ, баъзе шаклҳои меъморӣ, тоқ, гунбад ва бисёр навигариҳои дигар тақдим намоид (мисол, чархи обӣ, осиёби обӣ). Масеҳият, ҳамчун дин дар ҳудуди Имперотурии Руми Бостон пайдо шуд. Забони расмии ин давлат забони лотинӣ буд. Дин дар ҳудуди ин давра бештар чандхудоӣ буд. Нишони ғайрирасмии Руми Бостон, Уқоби заррин (aquila) ва пас аз пазириши масеҳият лабарум (лот. Labarum)[1] (парчаме, ки Имперотур Қустантин барои сарбозони худ тасдиқ кард) бо хризма (туғрои Исо — бо ҳарфҳои пайвасти Хи ва Ро) буд.

Нишони Руми Бостон
Ҳудуди Рум ва заминҳое ки дар давраҳои бостонӣ зери назорати ӯ буданд.

Таърих

вироиш
 
Мувофиқи қисса, Румро соли 753 п.м. Ромул ва Рем, бунёд карданд, ки онҳоро гург ба воя расондааст.

Давраҳои Руми Қадимро ба се гурӯҳи ҳукмронии сиёсӣ ва иҷтимоӣ тақсим кардан мумкин аст: аз давлати шоҳӣ, ки давраи аввали ҳукмронӣ ибтидо мегирад то давраи анҷом ёфтани шоҳаншоҳии бузург.

Дар давраҳои шоҳӣ Рум давлати хӯрд буд ва ҳудуди як қисми Латсияро ишғол мекард, ки қабилаҳои лотинҳо сукунат мекарданд. Давраи ибтидои Ҷумҳурии Руми Қадим, Рум ҳудуди замини худро хеле зиёд кард ба туфайли ҷангҳои бисёр. Пас аз ҷанги якум Рум бе тақсимот дар нимҷазираи Аппенин (Penisola appenninica, Итолиёи имрӯза) ҳукмронӣ мекард. Пас аз забт кардани Итолиё Рум нақши асосиро дар сиёсати байн давлатҳои баҳри Миёназамин иҷро мекардад ва ин гуна рафтор ба ҷанги дигар, бо Карфаген ки давлати калон буд дучор гардонид. Бо се ҷанг Карфагенро мағлуб карда шаҳрро хароб намуданд. Ҳамон вақт румиҳо ғасби худро ба шарқ ниҳода Иллирия, Юнон, ва пас Осиёи Хӯрд ва Суриёро зери итоати худ гардонданд. Дар асри I п.м. Рум ба як чанд ҷангҳои ғайринзомӣ дучор гашт, ки дар он Октавиан Август ғолиб баромад ва асосгузори сулолаи Юлий-Клавдий шуд, аммо сари давлат кам аз як аср ин сулола ҳукмронӣ кардааст. Қуллаи баландтарини шоҳаншоҳии Рум ба давраҳои тинҷӣ рост омад (асри II п.м.), аммо аз асри III сар карда аз сабаби талоши давлат байни сиёсатмадорони Рум ба нохушиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Дар асри IV шоҳаншоҳиро ба ду қисм тақсим карданд ва дини насронӣ ҳамчун дини давлатӣ дар қаламрави тамоми ҳудуди шоҳаншоҳӣ тасдиқ гардид

Дар асри V шоҳаншоҳии Руми Ғарбӣ бо муҳоҷиршавии қабилаҳои олмонӣ дучор шуд, ки ин ба барҳамхӯрии шоҳаншоҳӣ таъсири сахт расонд. Сарнагун кардани охирин шоҳаншоҳ Ромул-Августула аз ҷониби сарвари қабилаҳои олмонӣ Одоакр 4 сентябри соли 476, расман рӯзи сарнагуни Шоҳаншоҳии Рум ба ҳисоб меравад.

Як қатор тадқиқотчиён, таърихдонони ИҶШС дар ин самт (С. Л. Утченко) ҳисоб мекарданд, ки Рум тамаддуни аслии худро бунёд кард ва дар он тартиби махсуси баҳодиҳӣ нисбати ҳаёти одамизод ва инкишофёбии ӯ дар ҷамоати Рум дар тулли равиш ва инкишофи таърих.

Шакли ҳукумат

вироиш
 
Ромул, якум Рекс, Акрони ҷоҳил ҷасади ӯро ба калисои Юпитер бурда истодааст. рассом Жан Огюст Доминик Энгр, 1812. Romolo

Рекс дар Руми Бостон ҳаками олимартаба ба ҳисоб мерафт ва ӯро (ба ғайр аз Ромул, чун ӯ бунёдгари шаҳр) шоҳзодагон интихоб мекарданд ва авлодони муҳими ҳукмрон, барои ҳукмронии шаҳр. Дар он ҷо сарчашмае вуҷуд надорад, ки ин мансаб аз насл ба насл гузаштани шоҳони чор шоҳи лотинии якум ва мудати се шоҳи этрускҳо. Дар оқибат таърихдонон фикр мекунанд, ки шоҳони бостониро аз рӯи қувва интихоб мекарданд ва тавзеҳ намедиҳанд ки аз рӯи қувваи ҷисмӣ ва ё молиявӣ. Барои таърихдонони бостони фаҳмидани аниқи ваколатдории шоҳон ва сабти он мушкил буд. Баъзе олимони имрӯза фикр мекунанд, ки ин давлати халқӣ ва шоҳ ҳамчун роҳбар буд ва ҳокими мутлақ ба ҳисоб мерафт, аммо дар байни халқ ва Сенат роли ночизро бози мекард ҳамчун роҳбари одӣ барои назорат.

Вақте ки шоҳ фавтид, Рум ба даврае дохил мешуд, ки онро давраи байнишоҳӣ мегуфтанд. Ҳаками олии давлат ба Сенат равона мегашт, то ки Сенат вазифадор буд, ки шоҳи навро ҷустуҷӯ кунад ва дар ин ҳол бо таври машварат яке аз аъзои худи Сенат интихоб мешавад, ба мудати 5 рӯз то ки дар давоми ин вақт ҳукмрони нави Румро интихоб кунад. Пас аз гузаштани ин муҳлат агар аъзои сазовор пайдо нашавад, сенаторҳо ин ваколатро ба дигар сенатор ва ба мудати 5 рӯзи дигар месупоранд ва ин гуна расм то даме давом медод, то ки як ҳукмрони нав интихоб шавад. Пас аз ёфтани як фарди сазовор барои подшоҳӣ ва пазириши ӯ аз ҷониби Сенат, ӯ ба палата дохил мешуд. Кумисиюн метавонист аъзоро қабул кунад ва ё на.

Низои иҷтимоӣ

вироиш
 
Сарлавҳ: Сисерон Катилинро таъна карда истодааст.

Муъомилаи байни асилзодагон ва намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ, бениҳоят ҷиддӣ буд. Хонаводаи намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ одатан дар пуштаҳо ва берун аз девори шаҳр зиндагӣ мекарданд. Ин норозигӣ соли 494 п.м., 450 п.м., ва соли 287 п.м. ба рад кардани ҳамкорӣ бо асилзодагон оварда расонд. Соли 494 п.м. ҳамагӣ дар давоми 15 соли бунёди Ҷумҳурӣ намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ якум бор тавонистанд, ки намояндагони худро интихоб кунанд. «Туда» ваъда дод, ки эҳтиёти роҳбарони худ муқаддас аст", яъне асилзодагон дастнорас ҳастанд ва касе, ки асилзодагонро хафа мекунад ё ба онҳо ягон зарар меоварад, ҳатман ба қатл супорида мешаванд. Баромади дувуми онҳо, барои дар оянда муаян шудани ҳуқуқҳо ва вазифаҳои қонунии онҳо вобаста буд. Танҳо аз байни асри чори пеш аз милод ба намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ иҷозат шуд, то ки онҳо дар ҳакамҳо иштирок намоянд. Сеюм баромадро Лекс Гортензий ташкил кард ва дар он намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ метавонистанд овози худро диҳанд (Concilium Plebis (Ҷомеаи Плебейҳо) ин қонун имрӯз — " плебиссит " ном дорад.

Низоъи байни синфҳои намояндагони табақаи поёнии аҳолӣ ва асилзодагон бо ақидаҳои маъмулӣ мувофиқат намекунад, чун ин низоъ ба ҷойи суст шудани давлати Рим, мушоҳида карда мешавад, ки онҳо на фақат пурзӯр, балки заминҳои дигарро запт мекарданд.

Нигаред

вироиш

Сарчашмаҳои дасти аввал

вироиш
  • Тит Ливий. «История от основания города»(рус.)
  • Дион Кассий. «Римская история»(рус.)
  • Аммиан Марцеллин. «Деяния»(рус.)
  • Полибий. «Всеобщая история»(рус.)
  • Публий Корнелий Тацит. «История», «Анналы»(рус.)
  • Плутарх. «Сравнительные жизнеописания»(рус.)
  • Аппиан. «Римская история»(рус.)
  • Секст Аврелий Виктор. «О происхождении римского народа»(рус.)
  • Флавий Евтропий. «Бревиарий от основания города»(рус.)
  • Гай Веллей Патеркул. «Римская история»(рус.)
  • Публий Анней Флор. «Эпитомы Тита Ливия»(рус.)
  • Геродиан. «История Рима от Марка Аврелия»(рус.)
  • Диодор Сицилийский. «Историческая библиотека»(рус.)
  • Дионисий Галикарнасский. «Римская древняя история»(рус.)
  • Гай Светоний Транквилл. «Жизнеописание двенадцати цезарей»(рус.)
  • Так называемые «Авторы жизнеописаний августов» (Scriptores Historiae Augustae): Элий Спартиан, Юлий Капитолин, Вулкаций Галликан, Элий Лампридий, Требеллий Поллион и Флавий Вописк(рус.)

Пайвандҳо

вироиш