Афросиёб (форсӣ: افراسیاب‎) — шоҳи Турон, персонажи асотиру ривоятҳо ва достонҳои ҳамосии бостонии мардуми ориёӣ ва «Шоҳнома»Фирдавсӣ.

Афросиёб
Сурат
Фарзанд Фарангис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Афросиёб дар Авесто ба шакли Франграсйана, дар осори паҳлавӣ – Фрасйик омада­аст. Маънои калимаи Франграсйана, Фрасйик «касе, ки ба ҳарос меандозад» мебошад. Афросиёб дар Авесто дорои сифати «макрйа» – «сазовори марг», «муҷрим» аст. Оид ба якчанд лаҳзаи зиндагӣ ва фаъолияти Афросиёб дар бахши «Яштҳо»-и Авесто («Меҳр-яшт», «Обон-яшт», «Зомид-яшт», «Дрвасп-яшт» ва ғайра) ишораҳо мавҷуданд. Дар маҷмӯъ аз матолиби Авесто бармеояд, ки Афросиёб набераи Траетаона (Фаридун), шоҳи Турон, душмани эрониён будааст. Вай мехост ба фарри шоҳӣ ва тоҷу тахти Эрон соҳиб шавад. Бо ин мақсад ӯ ба эзад Аредвисура Аноҳита қурбониҳо оварда ин матлаби худро иброз дошт. Аредвисура Аноҳита ин хоҳиши Афросиёбро рад кард. Ба ҳамин монанд дар яштҳои дигар низ Афросиёб аз эзадоне, ки яшт махсуси онҳо мебошад, дархости тоҷу тахт менамояд, вале эзадон хоҳиши ӯро намепазиранд. Барои аз таъқиби душманон ва аз марг раҳо ёфтан Афросиёб қасри оҳанине (дар Авесто он Ҳангкан ном дорад) сохта буд, ки баробари ҳазор қади одам баландӣ ва сад сутун дошт. Дар ин қаср ӯ аз ҷавоҳироти ҷилодиҳанда моҳу офтобу ситораҳо сохта, боғу кӯшкҳо бино карда, кулли асбоби зиндагонию маишатро муҳайё сохта буд. Ба назари Афросиёб паноҳгоҳи ӯ ҷое буд, ки ба он ҳеч шахси бегонае даромадан наметавонист. Бо вуҷуди ин рӯзе ӯ дар боғаш шахсеро дид, ки аз паси буттаҳои гул ба вай наззора мекард. Ин шахс дар Авесто Ҳаома ном дорад ва яке аз эзадон аст, ки дар устураи Афросиёб ба шакли инсон даромадааст. Афросиёб пай бурд, ки ин шахс фиристодаи марг аст. Афросиёб қасри худро тарк карда, ба кӯҳ гурехт. Ҳаома дар он ҷо ӯро дастгир кард ва ба Хаосрава (Хусрав – Кайхусрав) супорид. Кайхусрав ба кинхоҳии Сиёвуш ва Ағрирас Афросиёб ва бародараш Гарсевазро ба қатл расонд. Ҳамин матолиби авестоӣ, ки мухтасаран овардем, дар осори паҳлавӣ («Бундаҳиш», «Динкард», «Минуи Хирад» ва ғайра), таърихҳои исломии арабӣ ва форсӣ («Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣва тарҷумаи форсии он ба Абӯали Балъамӣ, яке аз вазирони сулолаи Сомониён нисбат дода мешавад, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»-и Масъудӣ, «Осор-ул-бо­қия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Ғурар-ул-ахбори мулук-ул-Фурс»-и Саолибӣ, «Муҷмал-ут-таворих»-и муаллифаш номаълум ва ғайра), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва асарҳои дар пайравии он навишташуда (масалан, «Барзунома») мукаммалтар гардидаанд. Дар осори паҳлавӣ Афросиёб чун «қаҳрамони маданиятомӯз» амал менамояд. Ӯ барои мардум дар кӯҳсору водиҳо ҷӯй канд, оташкадаҳо бино кард ва ғайра.

Афросиёб дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ набераи Тур, писари Пашанг аст. Бо баҳонаи кинхоҳӣ ба сабаби кушта шудани Тур борҳо ба Эрон ҳуҷум карда, ин кишварро тороҷу ғорат менамуд ва ҷанговарон, занону кӯдакони эрониро ба асирӣ мебурд. Афросиёб шоҳи Эрон Нӯзарро асир гирифта, ба қатл расонд. Мехост паҳлавонон – ҷанговарони эрониро, ки ҳамроҳи Нӯзар буданд, нест бикунад, вале Ағрирас – бародари Афросиёб онҳоро раҳо кард. Барои ин кораш Афросиёб Ағри­расро кушт. Боз як бадкирдории Афросиёб дар Турон кушта шудани Сиёвуш мебошад. Ҳатто Рустам, ки борҳо Афросиёбро шикаст дода, аз мулки Эрон дур мекард, ба ҷавру ҳилаву найранги Афросиёб гирифтор шуд. Афросиёб писари Рустам – Суҳробро, ки дар Турон таваллуд ёфта буд, ба ҷанги Рустам фиристода, ба ҳамдигарро шинохтани онон мумониат кард. Дар натиҷа Суҳроб ба дасти Рустам кушта шуд. Чунонки дар «Барзунома» омадааст, Афросиёб набераи Рустам – Барзу – писари Суҳробро ба ҷанги Рустам фиристод, вале дар ин достон набераву бобо ҳамдигарро бо ёрии модари Барзу шинохтанд ва Барзу дар ҷангҳо ба муқобили Афросиёб қарор гирифт. Поёни кори Афросиёб дар «Шоҳнома» ба достону ривоятҳои Авесто монанд аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Афросиёб тимсоли шахси бадкирдор, шоҳи золиму хунхор ва ғоратгару кинаҷӯй мебошад. Як хислати бадтари Афросиёб ҷангҷӯист. Афросиёб ба асотиру ривоятҳо, достонҳои ҳамосии туркҳо, озарбойҷониҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо низ роҳ ёфтааст. Дар баъзе ҳамосаҳои туркӣ Афросиёб шоҳи кишвари туркон аст, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳуҷум мекард. Сулолаҳои туркии Қарахониён, Салҷуқиён худро аз дудмони Афросиёб медонистанд. Сабаби ин таҳаввулот таъсири ҳамосаҳои қаҳрамонии эронӣ ба ҳамосаҳои туркӣ мебошад.[1] / М. Диловаров.

Адабиёт

вироиш
  • Авесто. — Душанбе, 2001;
  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1–9. — Душанбе, 2007–2010;
  • Мӯъминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамад­дуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
  • Османов М. Н. Фирдоуси. Жизнь и творчество. — М., 1959.
  • Стариков А. А. Фирдоуси и его поэма «Шахнаме» // Фир­доуси. Шахнаме. Т. 1. — М., 1957;
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.124-125