Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ (форсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی‎; 940[1], Тус, Давлати Сомониёнтақрибан 1020[1][2], Тус, Давлати Ғазнавиён) — шоири эронӣ[3][4][5][6]. Офаринандаи “Шоҳнома” — ҳамосаи миллии мардуми ориёӣ ва аз бузургтарин суханварон ва чакомасароён (шоъирон).

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
форсӣ: فِردُوسی
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: حَکیم اَبوالقاسِم فِردُوسی طوسی
Таърихи таваллуд: 940[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 1020[1][2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: порсӣ (тоҷикӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тӯс дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

Зодсоли Абулқосим Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Абулқосим Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:

Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Бад-он гаҳ ки буд сол панҷоҳу ҳашт.
Замину замон пеши ӯ банда шуд,
Фаридуни бедордил зинда шуд.

Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.

Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.

Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад[7]‏.

Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.

Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.

Абулқосим Фирдавсӣ аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин [ва ягона боқӣ монда] осори Вай «Шоҳнома» аст, ки дар муддати 30-35 сол навишта шудааст. Ҳаким Фирдавсӣ гуфтааст [хитоб ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки гӯфта буд: «Шоҳнома - ҳеҷ арзише надорад!»]:

Яке бандагӣ кардам, эй шаҳрёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
   
Пайафкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.

Аз ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин -
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

 
Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Library of the World's Best Literature / зери таҳрири C. D. Warner — 1897.
  3. John Andrew Boyle Ferdowsī(пайванди дастнорас) // Britannica
  4. Крымский А. Е. Фирдоуси // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  5. Османов, 1977.
  6. Лахути, 2017, с. 406.
  7. محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2

Бунмояҳо вироиш

  • محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2.
  • ‏جلیل دوستخواه. شناخت‌نامهٔ فردوسی و شاهنامه. چاپ اول، تهران: دفتر پژوهشهای فرهنگی، بهار ۱۳۸۴، ISBN 964-379-060-6. ‏
  • ذبیح‌اللّه صفا، تاریخ ادبیات در ایران، جلد اول.
  • محمدامین ریاحی. فردوسی: زندگی، اندیشه و شعر او. چاپ اول، تهران: طرح نو، ISBN 964-5625-38-6. ‏
  • سید حسن تقی‌زاده، فردوسی و شاهنامه او، انجمن آثار ملی، ۱۳۴۹
  • تئودور نولدکه، حماسه ملی ایران، ترجمه بزرگ علوی، تهران ۱۳۲۷
  • ژول مول، دیباچهٔ شاهنامه. ترجمهٔ جهانگیر افکاری، چاپ چهارم، تهران: انتشارات و آموزش انقلاب اسلامی، ۱۳۶۹.