Афросиёб (осорхона)
Осорхонаи таърихии Самарқанд «Афрасиёб» ( ӯзбекӣ: «Afrosiyob» Samarqand tarixi muzeyi ) — дар шаҳри Самарқанд( Ӯзбекистон ) воқеъ аст. Бахшида шудааст ба таърихи шаҳри Самарқанд ва атрофи он. Бинои осорхона дар қисмати шимолу шарқии шаҳр, дар наздикии шаҳри бостонии Афросиёб ҷойгир аст, ки яке аз бузургтарин маконҳои бостоншиносии ҷаҳон аст.
Афросиёб | |
---|---|
Санаи асосгузорӣ | 1970 |
Афросиёб дар Викианбор |
Бинои осорхона ба ифтихори 2500-солагии Самарқанд бо ташаббуси роҳбарияти Ӯзбекистон сохта шудааст, (меъмор Шмавон Азатян, соли 1970).
Осорхона дар бораи таърихи таъсиси шаҳри Самарқанд, дар бораи таърихи минбаъдаи он, дар бораи шаҳркадаи бостонии Афросиёб нақл мекунад. Дар осорхона экспонатҳои гуногун, аз ҷумла экспонатҳое, ки дар рафти кофтуковҳо дар ҳудуди Афросиёб, Самарканд ва атрофи онҳо ёфт шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар байни онҳо боқимондаҳои теғҳои қадимӣ, оссуарийҳо, кордҳо ва дигар ашёи буридан, тирҳо, тангаҳо, сафолҳо, дастнависҳо ва китобҳои қадимӣ, ҳайкалчаҳо ва дигар ашёи рӯзгори қадим мавҷуданд. Яке аз экспонатҳои намоён фрескаҳои нодири ҳифзшудаи кохи Самарқанди мансуб ба сулолаи Ихшид (асрҳои 7—8) мебошад. Дар осорхона қисме аз экспонатҳо ба даврони пеш аз ислом, қисман ба ёдгориҳои маҳаллии дини зардуштӣ, ки то замони пайдоиши ислом, дар Суғд дини асосӣ буд, иртибот доранд.