Афюн
Афюн (аз юнонӣ opium – шираи кӯкнор) — шираи ғӯзаи норасидаи кӯкнор, ки дар ҷои қаламкардаи он хушк шудааст.
Афюн | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: параметри latin пур нашудааст. |
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО Параметри latin пур нашудааст |
||||
|
Таърих
вироишИстеъмоли афюн мастию беҳушӣ меоварад. Маълумоти нахустин оид ба афюн соли 500 то милод вуҷуд дошт. Бино ба бозёфтҳои бостоншиносӣ одамон ҳанӯз дар асри санг бо мақсади таскин бахшидани дард аз афюн истифода мекарданд. Хосиятҳои афюн ба мисриёни қадим маълум буд. Дар бораи афюн дар асарҳои олимони Юнони Қадим, масалан, Буқрот маълумот дода шудааст. Табибони қадим афюнро чун доруи хобовар кор мефармуданд, вале нависанда ва олими Рум Плиний қайд кардааст, ки истеъмоли афюн одамро ба ҳалокат мерасонад. Афюнро садаи XVI ба Ҳиндустон, сипас аз Эрон ва Ҳиндустон ба Аврупо бурдаанд. Соли 1669 табиби англис Т. Сайденгейм вояи муолиҷавии афюнро муқаррар кард. Дар гузашта афюн бо мақсади табобат фаровон кор фармуда мешуд. Дар Хитой маълумоти нахустин оид ба афюн соли 973 ба вуҷуд омадааст. Хитойиҳо афюнро асосан чун маводди мухаддир истифода мекарданд. Дар натиҷа он ба саломатии аҳолӣ таъсири марговар расонд. Соли 1839 ҳукуматдорони Хитой дар бораи нест кардани афюн дар ҳудуди давлати худ қарор содир намуданд. Дар ИМА ба афюнмандӣ бунёди роҳи оҳан, ки дар сохтмони он коргарони хитойӣ ширкат доштанд, асос гузошт. Дар як муддати кӯтоҳ одамони бисёр ба афюн дилбастагӣ пайдо намуданд.
Вазъи ҳуқукӣ
вироишСоли 1913 Думаи Россия лоиҳаи қонунро дар бораи ҷавобгарӣ барои истеъмолу истифодаи афюн қабул намуд. Дар асоси қонуни мазкур гунаҳкорон ба муҳлати 1,5 сол аз озодӣ маҳрум мешуданд. Соли 1923 Комиссариати Халқии Тандурустӣ ба дорухонаву бемористонҳо гирифтани афюн, морфий, кокаин ва намакҳои онҳоро бидуни рухсатномаи махсус, ки ташкилотҳои дахлдор медоданд, манъкард. Дар ИҶШС нақеи афюн (доруи меъда) то соли 1952 истеҳсол мешуд.
Зарар
вироишАфюн организмро заҳролуд мекунад. Одаме, ки афюн истеъмол кардааст, дигарбора аз он наметавонад дил канад. Одамони тарёкиро бо як нигоҳ метавон шинохт. Ранги рӯйи онҳо зард буда, чашмони бенурашон ба косахона фурӯ меравад, калавида ҳаракат мекунанд, дасташон меларзад. Дар бисёр мавридҳо хоб халал ёфта, иштиҳо нест мешавад, организм билкул заиф мегардад. Афюн ба қобилияти насловарии занҳо таъсири манфӣ расонда, онҳоро безурёт менамояд. Нашъамандон умри зиёд намебинанд.
Хусусиятҳои табобатӣ
вироишДар тиб аз алкалоидҳои тозакардаи кӯкнор фақат дору тайёр карда мешавад. Дар таркиби афюн қариб 20 алкалоид мавҷуд аст: морфин, кодеин, наркотин, неопин, псевдоморфин, тебаин, парфироксин, папаверин ва ғайра. Афюн сафеда, қанд, равған, пектин ва намакҳои ғайриорганикӣ низ дорад. Хусусиятҳои фармакологии афюнро аз рӯйи морфини таркиби он (10–11%) муайян мекунанд. Доруҳои афюн дар шакли хока (Opium pulveratum), қиёми хушк (Extractum opiisiccum), нақеъ (Tinctura opiisimplex) истеҳсол карда мешаванд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.131 / Ю. Нуралиев.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.