Унсури холии Викидода

«Ахбору-т-тивол» (ар. اَخبارُ الطّوال‎) — асарест дар таърихи қадиму ҷадиди мардумони хилофати ислом.

Мундариҷа вироиш

Маълумоти бештар дар бораи замони Сосониён ва мардумони тобеи онон аст. Дар он маълумоти аввалия дар хусуси ҷунбишҳои мардумии қаламрави хилофати шарқии ислом гирд омадаанд. Махсусан ахбори таърихӣ дар наҳзатҳои аҳли ташайюъ ва хавориҷ зиёд аст. Муаллифи асар яке аз аввалин таълифгаронест, ки осори паҳлавиро интиқодан мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, дар баробари ин аз худ хурофоти мазҳабӣ ва ҳеч навъи таассуб нишон надодааст. Муаллифи он Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд ибни Вананди Динаварӣ (вафот 895) аслан нуҷумшинос, риёзидон, гиёҳшинос ва луғатнависи маъруф буд, ки ба воситаи ин асари таърихиаш дар миёни муаррихон яке аз беҳтарин муаррихон низ эътироф шудааст. Ӯ агарчи ин китобро ба арабӣ таълиф намуд, вале худ аз донишмандони эронӣ буд. Бадин восита аст, ки дар саросари китоб меҳр ба эроният эҳсос мегардад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мирхонд, Равзату-с-сафо // Бо пешгуфтор ва таълиқоти Н.Амиршоҳӣ. Ҷ. 1. Д., 2004;
  • Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007

Сарчашма вироиш