Унсури холии Викидода

Ахлóқи Шифоӣ (ар. اخلاق شفائ‎) — асари Саидмузаффар ибни Муҳаммад Ҳусайнии Табиби Кошӣ, мутахаллис ба «Шифоӣ» доир ба илми ахлоқ.

Ба забони форсӣ таълиф шуда, дар ду мақола тадвин гардидааст. Мақолаи нахустини он дар бораи фазилатҳои ахлоқӣ аз 21 боб ва мақолаи дуюм дар дифоъ аз илми ахлоқ аз 17 боб иборат мебошад. Дар «Ахлоқи шифоӣ» вобаста ба мавзӯъҳои ахлоқӣ достонҳои муносибе нақл шудаанд. Бино ба маълумоти «аз-Зареъа» муаллиф китоби дигаре ҳам дар илми тиб ба номи шоҳ Таҳмосп иборат аз 20 боб таълиф кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • محمد علی طبری. زبدةالاثار. تهران، ۱۳۷۲

Сарчашма

вироиш