Аҳмади Дониш

(Тағйири масир аз Ахмади Дониш)

Аҳмади Дониш (форсӣ: احمد دانش‎), Аҳмад-махдум ибни Носир (1827[1], Ноҳияи Шофирком ё Бухоро1897[1], Бухоро, генерал-губернатории Туркистон) — нависанда, мутафаккир, шоир, рассом, хаттот, меъмор ва донишманди тоҷик[2][3]. Саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварӣ дар адабиёти тоҷик.

Аҳмади Дониш
Ном ба ҳангоми таваллуд: احمد
Таърихи таваллуд: 1827[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1897[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Ҷавонӣ вироиш

Номи ӯ Аҳмад ва тахаллуси илмию адабиаш «Дониш» аст. Ҳамзамонон ӯро ба сабаби калон будани сараш «Аҳмади Калла» низ меномиданд. Дар осори баъзе ҳамзамононаш бо номи Аҳмад-махдум низ машҳур аст.

Дар оилаи Носир ном муллои камбағал таваллуд шудааст. Хатту саводро аз модараш омӯхт. Модараш зани босаводу фозила буд ва барои духтарони маҳалла дар хонааш мактаб дошт. Баъди касби маълумоти ибтидоӣ ба мактаби қориён дохил шуд, вале таҳсили ӯ дар ин мактаб дер давом накард. Бо сабаби лакнат доштани забонаш талаффуз ва ҳифзи Қуръон барояш мушкил буд. Барои таҳсили улум ба мадраса рафт. Илова ба барномаи мадраса мустақилона аз рӯи китобҳои олимони бузурги форс-тоҷик ва араб илми табииёт, риёзиёт, нуҷум, ҳайъат, таърих, фалсафа ва адабиётро меомӯхт. Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хатти зебо ва дар рассомию наққошӣ истеъдоди фавқулодае дошт. Солҳои таҳсил дар мадраса ӯ ин ҳунари худро такмил дода, миёни аҳли илму адаб ба ғайр аз донишмандӣ бо рассомиву хаттотӣ низ ном баровард. Хаттотиву рассомӣ ҳангоми таҳсил манбаи таъмини зиндагии ӯ буд.

Дарбори амир Насруллоҳ вироиш

Пас аз хатми мадраса Аҳмади Дониш ба воситаи яке аз устодони санъаткораш чун меъмор ва наққош ба хидмати дарбори амир тавсия шуд, вале он ҷо бештар ба китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмӣ машғул шуд. Ҳунари хаттотию рассомӣ ва дониш дар илми нуҷум Аҳмади Донишро назди аҳли дарбор ва шахсан амир Насруллоҳ (ҳукмронӣ 1826-60) соҳиби обрӯю мартаба гардонд.

Нахустин намояндагии дипломатӣ вироиш

Амир Насруллоҳ солҳои 1857 ба Петербург ҳайати намояндагӣ равон кард ва Аҳмади Донишро чун мирзо (котиб, дабир) ба ин ҳайат ворид намуд. Сафари Русия ва шиносоӣ бо Петербург доираи назар ва ҷаҳонбинии Аҳмади Донишро хеле васеъ кард. Аҳмади Дониш на танҳо дар музокира ва боздидҳои расмии дипломатӣ ширкат дошт, балки бо чандин муассисаи илмию маърифатӣ, марказҳои санъату ҳунари Петербург шинос шуд. Дар миёнаи соли 1858 Аҳмади Дониш бо ҳайати сафорат ба Бухоро баргашт ва дар бораи ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Русия ба амир ахбори тоза ва ибратбахш арз намуд. Вай бовар дошт, ки амир аз рӯи ин маълумот низоми давлатдории худро беҳтар мекунад, вале Амир Насруллоҳро муваффақияте даст надод ба ҷуз ин ки хост муносибати иқтисодиву сиёсиро бо Русия мустаҳкам кунад.

Дарбори амир Музаффар вироиш

Соли 1860 ба тахти аморати Бухоро амир Музаффар нишаст. Чун муносибаташ бо донишмандон чандон хуб набуд, дар ҳамин замина мартабаи дарбории Аҳмади Донишро поин бурда, дар корҳои давлатдорӣ бо ӯ камтар маслиҳат мекард. Бо супориши амир соли 1865 рисолае дар илми нуҷум бо номи «Манозиру-л-кавокиб» (Манзараҳои ситораҳо) таълиф намудааст. Аз ин бармеояд, ки амир Музаффар ӯро танҳо чун як мунаҷҷим дар дарбор нигоҳ медоштааст.

Амир Музаффар дар муносибат бо Русия низ сиёсати нодурустро пеш гирифт. Маслиҳатҳои Аҳмади Дониш дар ин самт ба амир таъсир накард, дар натиҷа байни Бухорову Русия ҷанг сурат гирифт ва соли 1868 амир Музаффар шикаст хӯрда, маҷбур шуд бо Русия муоҳидаи сулҳ бандад. Пас аз имзои ин сулҳнома амир чун нишони дӯстӣ ба Русия сафорате ташкил дод ва аз Аҳмади Дониш хоҳиш кард, ки ҳамчун шахсе, ки пеш аз ин ба Русия сафар карда, тарзи муомила ва расму таомули онҳоро медонист, дар ин сафорат ширкат кунад.

Дувумин намояндагии дипломатӣ вироиш

Тирамоҳи 1869 Аҳмади Дониш бо ҳайати сафорати амир ба Русия равон гардида, охири ноябр ба пойтахти Русия — Петербург расиданд. Аҳмади Дониш то марти 1870 дар он ҷо зиндагӣ кард. Пас аз ҷангу зиддиятҳои сиёсиву дипломатӣ байни Русияву Бухоро муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро аз нав барқарор намудан лозим буд. Аҳмади Дониш чун як сиёсатмадор ва ходими хирадманди давлатӣ дар анҷом додани гуфтугӯи дипломатӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву сиёсии байни Русияву Бухоро хидмати басо арзандаро анҷом дод. Обрӯю эътибори ӯ ҳам дар доираҳои расмӣ ва ҳам дар байни аҳли илму фарҳанги Петербург хеле афзуд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш на танҳо аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, тарзи мамлакатдорӣ ва сохти давлатии Русия хабардор шуд, балки роҷеъ ба таърихи гузашта ва инқилоби сиёсиву иҷтимоии Русияву Аврупо низ маълумот пайдо намуд. Ҳамаи ин доираи ҷаҳонбинии ӯро такмил дод, назари танқидии ӯ нисбат ба сохти феодалии аморати Бухоро дақиқтар шуд. Пас аз бозгашт аз Петербург амир Музаффар бар ивази хидматҳояш дар сафорати Бухоро ба ӯ унвони «Ӯроқ»-ро дода, пешниҳод кард, ки яке аз мансабҳои баландро ишғол намояд, вале Аҳмади Дониш рад кард. Зеро ӯ бовар дошт, ки агар тарзи давлатдорӣ ва тартиби аморат ба ҳамин раванду усули бесомон бошад, ширкати ӯ дар корҳои маъмурии мамлакат барои кишвар ва мардум ҳеч манфиате намеорад. Бесарусомонии усули тартиби давлатдорӣ Аҳмади Донишро водор сохт, ки дар аввали солҳои 70 (тақр. байни солҳои 1870—1873) оид ба ин масъала рисолае таълиф намояд. Дар ин асар, ки бо унвони «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» машҳур гашт ва он дар асл як барномаи ҷиддии ислоҳоти тартиби давлатдорӣ ва сохти иҷтимоии аморати Бухоро буд, Аҳмади Дониш асоси давлатдорӣ ва раиятпарвариро пеш аз ҳама, ба адолат ва донишу маърифат вобаста кард. Бе адолати ҳақиқӣ ва илму дониш идораи давлат ғайримумкин аст. Тартибу низоми давлат аз адл бармехезад ва Аҳмади Дониш мафҳуми адлро на ба тарзи муҷаррад, (абстракт) балки равшану возеҳ баён карда, онро бо воқеият ва ҳаёти иҷтимоии замонаш вобаста намудааст. Чунин рӯзмаррагии баёноти Аҳмади Дониш дар муҳимтарин масъалаҳои назарии давлат ва сиёсат асари ӯро ба таҷрибаи рӯзгор ва ҷамъият бевосита наздик намуд ва аҳаммияти онро дар ҷомеаи он замон ниҳоят барафзуданд.

Аҳмади Дониш дар сиёсати давлатдорӣ фақат бо мафҳум ва ақидаҳои мутафаккирони Шарқ маҳдуд нашуд, пешниҳод кардааст, ки дар сохт ва тартиби давлатдорӣ низоми баъзе давлатҳои Аврупо ва Русия низ ҷорӣ карда шавад. Яке аз пешниҳодҳои муҳимми Аҳмади Дониш дар ин бобат дар Бухоро дар ҳузури амир таъсис додани маҷлиси машваратие ба тарзи парламентҳои аврупоӣ буд. Аҳмади Дониш пешниҳод кард, ки дар ин маҷлис (машваратхона) бояд намояндагони гуногуни ҷамъият ҳузур дошта бошанд ва дар иҷрои корҳои давлатӣ райъ ва андешаи худро изҳор доранд. Кори давлат ва мамлакат, асосан, дар ҳамин машваратхона анҷом гирад ва пас аз муҳокимаву баррасӣ бояд аз тарафи амир тасдиқ карда шавад. Ин пешниҳоди Аҳмади Дониш то андозае маҳдуд намудани ҳукмронии мутлақи амир буд.

Пешниҳоди дуюми Аҳмади Дониш дар маъмурияти аморат ташкил намудани тартиби вазорат буд. Ин пешниҳод ҳам то андозае ҳуқуқи амирро маҳдуд мекард, зеро корҳои давлату мамлакат аз рӯи пешниҳодоти Аҳмади Дониш бояд на аз тарафи як шахс, яъне амир, балки аз тарафи шахсони масъул ва маъмур анҷом дода шавад. Аҳмади Дониш бо ин васила мехост, ки дар кори давлат тартиби мустаҳкаме ҷорӣ шавад ва ташкилу иҷрои корҳоро назорат кардан имконпазир гардад.

Аҳмади Дониш дар баробари ислоҳи сохти давлатӣ ва иҷтимоии ҷамъият ба тағйири усули мактабу маориф ҳам диққати ҷиддӣ дода, ташкили мактабҳои наверо пешниҳод намудааст, ки дар онҳо фанҳои дунявӣ ва донишҳои барои ҷамъият зарурӣ таълим дода шаванд. Аҳмади Дониш усули таълиму тадриси аз зиндагӣ дури мадрасаҳои Бухороро сахт танқид кардааст. Аҳмади Дониш ҳамзамонони худро ба омӯхтани забонҳои гуногун, махсусан забони русӣ тарғиб мекард. Ин буд пешниҳодоти Аҳмади Дониш ба амир, ки ҳама асоси давлати феодалии аморати Бухоро ва мавқеи ҳокимияти мутлақаи амирро ба куллӣ дигар месохтанд. Бинобар ин, амир на танҳо пешниҳодҳоро қабул накард балки, ақидаҳои Аҳмади Донишро хилофи амнияти ҳокимияти худ дониста, вайро пас аз бозгашташ аз сафари сеюми Петербург (охири солҳои 1873 − аввали 1874) ба туманҳои дурдасти Бухоро қозӣ таъйин намуд ва бо ҳамин баҳона аз маркази аморат бадарға кард. Ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш аз охири солҳои 70 дар муддати қариб 5-6 сол аввал дар Ғузор ва баъд дар Наҳрпай расман дар вазифаи қозӣ, аммо аслан дар ҳолати назрбандӣ зиндагӣ мекард.

Дарбори амир Абдулаҳад вироиш

Пас аз он ки Аҳмади Дониш аз корҳои давлатӣ ва хидмати дарбор фориғ шуд, тамоми қувват ва вақти худро сарфи корҳои илмию эҷодӣ намуда, муддати қариб 15 сол (солҳои 70-80-ум) «Наводиру-л-вақоеъ»-ро навишт. Соли 1885, пас аз вафоти амир Музаффар Аҳмади Дониш ба Бухоро баргашт. Амири нав — Абдулаҳад (ҳукмронӣ 1885—1910) чун нишонаи марҳамату илтифот Аҳмади Донишро китобдори яке аз мадрасаҳои Бухоро таъйин намуд, аммо ӯ пинҳонӣ назорат карда мешуд.

Аҳмади Дониш дар Бухоро машғулияти илмию адабии худро давом дод. Ӯ «Наводиру-л-вақоеъ»-ро аз нав китобат ва таҳрир мекард ва дар байни тарафдорону ҳаводорони худ паҳн менамуд. Таъсири «Наводиру-л-вақоеъ» дар бедории фикрӣ алайҳи аморат бузург буд, бинобар ин табақаи ҳукмрони замон, амир ва аҳли дарбор онро чун асари зараровар ба асосҳои дину шариат ва аморату ҳокимияти амир маҳкум ва мазаммат намуда, муаллифро ба бединӣ, куфр, илҳод ва коҳинӣ айбдор мекарданд. Барои дар байни зиёиён паст кардани мавқеи Аҳмади Дониш уламои дин ӯро дар надонистани асосҳои Ислом айбдор мекарданд. Аҳмади Дониш дар ҷавоби онҳо соли 1894 рисолаи «Меъёру-т-тадаюн»-ро дар шинохти меъёри диндорӣ — таълиф намуд (соли 2010 ба алифбои кириллии тоҷикӣ баргардон ва мунташир шудааст). Аҳмади Дониш дар ин асар аҳком ва нуқтаҳои дини исломро таҳлил намуда, собит сохт, ки дар таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои шаръӣ бартар аз уламои расмии замонаш қарор дорад. Истило шудани аморати Бухоро аз ҷониби Русияро Аҳмади Дониш дар ин китоб воқеаи нангин шумурда, ватанфурӯшии ҳамзамононашро аз сустии дину имони онҳо медонад.

Аҳмади Дониш солҳои 90 асри 19 чанд рисолае дар илми нуҷум ва ҳайъат таълиф намуда, нақша (харита)-и ш. Бухороро низ тартиб дод. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин тамоми диққат ва дидаи таҳқиқи ӯ ба эҳтиёҷ ва ҷараёни воқеаҳои иҷтимои он давр нигаронида шуда буд. Аҳмади Дониш тадриҷан ба хулосае омад, ки вазъияти мамлакат ва тартиботи идораи давлати аморати Бухороро бо ҷорӣ намудани ислоҳоти ҷузъӣ ба низоми муайян даровардан ғайримумкин аст. Танҳо ба воситаи тамоман барҳам додани асосҳои иҷтимоии сохти аморати Бухоро ба он тағйирот даровардан мумкин буд. Аҳмади Дониш ин фикру ақидаҳои худро дар рисолае, ки дар ду-се соли охири ҳаёти худ таълиф карда буд, хеле равшан ва муфассал баён кардааст. Ин рисола бо номи шартии «Рисолаи таърихӣ» машҳур шудааст. Дар он Аҳмади Дониш таърихи 100-солаи ҳукмронони сулолаи манғитияро таҳлил ва таҳқиқ кардааст. Давраи ҳукмронии амир Музаффар дар ин рисола хеле батафсил ва аз назари танқидӣ ниҳоят сахт ва мутоябаомез тасвир шудааст. Аҳмади Дониш бештар ба он воқеаҳои таърихие диққати махсус додааст, ки бебунёдӣ ва ноустувории ҳокимияти амирони Бухороро равшан нишон медиҳанд. Барои инъикоси равшантару муассиртари воқеаҳои таърихӣ Аҳмади Дониш аз зиндагии худ, аз ҳаёти ҳаррӯзаи халқи одӣ бисёр воқеаю лаҳзаҳои муҳимро ҳикоят мекунад. Дар хотима Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки ин давлати амирон, ки ба зулм ва нобаробарии иҷтимоӣ асос ёфтааст, яқинан сарнагун мешавад ва дар сурати сарнагун нашудан ҳам ба муқобили он ҳуҷум намудан ва ин салтанати зулмпояро барҳам додан лозим аст. Аҳмади Дониш навишта буд: «Дар оянда касоне, ки зиндаанд, хоҳанд дид, ки… саркардагон охир сари худҳоро ба дор хоҳанд супорид ва амирону волиён ҳамчунон бенасиб ба хусрони абадӣ гирифтор хоҳанд шуд… Давоми салтанат низ дар Мовароуннаҳр ба дасти ин тоифа пойдор намонад… Ва ин фармонфармоён, ки ҳоло мо „ҳазрати амир“ ва „ҷаноби вазир“-аш мехонем… ба далели аҳкоми шаръия ҳар соате чанд мартаба азли эшон зоҳир мегардад ва касеро инқиёди ҳукми эшон ҳам лозим не». Дар шароити нимаи дуюми асри 19 чунин хулоса ва даъвати Аҳмади Дониш ғояти ҷасорат буд. Мутаассифона, ин рисола нотамом мондааст ва худи муаллиф ҳам онро ба тарзи махфӣ иншо карда буд, ки дар замони зиндагӣ ва баъди фавти ӯ низ то муддате аз назарҳо пӯшида ва номаълум монд.

Афкор вироиш

Афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш се нуқтаи барҷаста дорад: якум − Аҳмади Дониш сохти давлатӣ ва ҷамъиятии замонашро сахт танқид кардааст, намояндагони табақаи ҳукмрон ва ҳомиёни ин тартиботи феодалиро мазаммат ва маҳкум намудааст; дуюм − Аҳмади Дониш омӯхтани илмҳои дақиқ ва дунявӣ, омӯхтани забон ва илму маданияти рус, аз худ намудани таҷрибаи тараққиёти мамлакатҳои пешқадами Аврупоро тарғиб ва усули таҳсили мадрасаро сахт танқид намудааст; сеюм − Аҳмади Дониш манфиати оммаи меҳнаткаш ва тамоми ситамдидагонро ҳимоя кардааст.

Аҳмади Дониш дар масъалаҳои пайдоиши олам ва модда, ҳаракат ва ҷараёни олами наботот ва ҳайвонот, рӯҳ ва нафси инсон, азалият ва абадияти олам, зоти илоҳӣ ва муносибати он ба мавҷудот фикрҳои тоза баён кардааст. Аҳмади Дониш дар ҳамаи ин масъалаҳо, пас аз баёни афкор ва ақидаҳои мутафаккирони гузашта тартиби муайяни ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии худро изҳор намудааст. Дар масъалаҳои асосии фалсафаи табиат Аҳмади Дониш идеалист буд, аммо дар афкору ақидаҳои ӯ нақши офарандаи илму фунуни нави Русияву Аврупо ситоиш шудаанд. Дар баёни масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ Аҳмади Дониш бештар ба мавқеи вуқӯъгӯӣ (реализм) наздик буд. Вай воқеаҳои ҷамъиятиро дар доираи воқеияти ҳамон ҷамъият таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.

Аҳмади Дониш бо афкор ва осори маорифпарварии худ дар адабиёти нимаи дуюми асри 19 таъсир ва мақоми намоён дорад. Аҳмади Дониш на танҳо олим ва мутафаккир, балки нависанда ва суханвари ҳунарманд низ буд. Аҳмади Дониш дар асарҳои бадеии худ майли вуқӯъгӯиро дар адабиёти асрҳои пешина давом дод ва дар усулу услуби бадеӣ, дар мазмуни ғоявӣ роҳи наве вазъ намуд, ки он адабиёти маорифпарварӣ ном гирифт. Таъсир ва мавқеи Аҳмади Донишро дар адабиёти ин давр бо се нукта муайян кардан мумкин аст: якум — Аҳмади Дониш дар асарҳои бадеии худ ҳаёти воқеии он замонро вуқӯъгӯёна тасвир кардааст, ки ин ибтидои роҳи нави тасвири бадеӣ дар адабиёт ба шумор меравад. Ин тарзи нав бо ғояҳои нави адабиёт ва афкори пешқадами маорифпарварӣ сахт алоқаманд буд. Аз ин сабаб, ин равияи нав дар таърихи адабиёти тоҷик давраи нав − давраи вуқӯъгӯии маорифпарварӣ ба шумор меравад; дуюм — Аҳмади Дониш дар услуби забони бадеӣ низ нақши мусбате боқӣ гузошт. Вай чорчӯби анъанавии насри бадеии классикиро хеле васеъ кард, аз имкони васеи забони зиндаи халқи тоҷик — аз мақолу зарбулмасал, ибораҳои рехтаи халқӣ, сувароти хаёли (образҳои) зиндаи забони гуфтугӯӣ фаровон истифода намуд. Ин воситаҳои нави услубу забон, равияи вуқӯъгӯии тасвири бадеиро дар адабиёт пурзӯр кард, майли демократикунонии забони адабиро дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 чун як ҷараёни адабӣ қувват дод; сеюм − Аҳмади Дониш дар насри бадеӣ навъҳои (жанрҳои) нав ба вуҷуд овард. Жанри нави ҳикояти реалистӣ ва фалсафию романтикӣ аз жанрҳои нави адабиёт тоҷик буданд, ки дар адабиёти он давр танҳо бо қалами Аҳмади Дониш офарида шудаанд. Ҳамчунин рисолаҳои илмию фалсафии ӯ бо сохту устухонбандии худ аз рисолаҳои анъанавии олимони гузашта фарқ доранд. Дар ин рисолаҳо баёни воқеаҳои ҳаёт ва зиндагӣ, андешаҳои илмию фалсафиро хеле зинда, таъсирбахш ва ба ҳаёт наздик намудааст. «Рисолаи таърихӣ»-и Аҳмади Дониш бо сохту банд ва ғояву мазмуни худ дар адабиёти тоҷик як жанри тамоман навест, ки онро аз рӯи қонунҳои адабӣ ба памфлет нисбат метавон дод.

Муҳимтарин хусусиятҳои афкор ва осори бадеии Аҳмади Дониш барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такомули роҳи эҷодии шоирону нависандагон мисли С. Айнӣ, Ҳайрат, Мирзо Сироҷ ва дигарон нақши пураҳаммияте гузоштанд. С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» навиштааст, ки «шиносоии ман бо „Наводиру-л-вақоеъ“ дар ман танҳо инқилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависшавиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад-махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода муҷассам кунонда нишон дода тавонад». Образи Аҳмади Дониш дар повести «Сапедадам» ва романи «Ситорае дар тирашаб»-и Р. Ҳодизода амиқу ҳарҷониба офарида шудааст. Соли 1976 ҷашни 150-солагии Аҳмади Дониш дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил шуда, ба ин муносибат дар муассисаҳои илмӣ семинар ва конференсияҳо доир гардида буданд. Киностудияи «Тоҷикфилм» филми бадеиеро бо номи «Ситорае дар тирашаб» аз ҳаёту фаъолияти Аҳмади Дониш таҳия намуд, ки то ҳол маъруф аст. Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Лоҳутӣ песаи С. Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон»-ро ба саҳна гузошт, ки солҳои зиёд намоиш дода мешавад.

Осор вироиш

  • Порчаҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ». Сталинобод, 1957;
  • Асарҳои мунтахаб. Сталинобод, 1959;
  • Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. Сталинобод, 1960;
  • Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. Д., 1972, 1992;
  • Осори баргузидаи бадеӣ. Д., 1976; Рисола дар назми тамаддун ва таовун. Д., 1977 (ба хатти форсӣ);
  • Путешествие из Бухары в Петербург. Д., 1976;
  • Наводиру-л-вақоеъ. Китоби 1 ва 2. Д., 1988;
  • Меъёру-т-тадаюн. Д., 2010;
  • Наводир-ул-вақоеъ (порчаҳо). Рисола (мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития) // Энциклопедияи насри тоҷику форс. Д., 2010.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Бертельс Е. Э., Рукописи произведений Аҳмада Калла // Тр. Таджикистанской базы АН СССР. Т. 3, М. — Л., 1936;
  • Раҷабов З. Маорифпарвар − Аҳмади Дониш. Д., 1964; Маъсумӣ Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш. Д., 1976;
  • Диноршоев М. Д. О просветительской социальной философии Ахмада Дониша. М., 1978;
  • Зокиров Н. М., «Меъёру-т-тадаюн»-и Аҳмади Дониш сарчашмаи динӣ ва фалсафӣ. Д., 2005.
  • Ашуров Г. А. Самиев Б. Д. Социально-философский анализ взглядов таджикских просветителей о структуре социальных отношений конца XIX и начала XX веков. Д., 2007.