Ахтарсанҷӣ, астроме́трия (аз юн.-қад. ἄστρον — «ахтар» ва μετρέω — «ченкунӣ») — фасли ахтаршиносӣ, ки вазифаи асосии он пажӯҳиши вижагиҳои ҳандасӣ, кинематикӣ ва динамикии ҷирмҳои осмонӣ, яъне муайян кардани мавқеи ҷирмҳои осмонӣ ва вектори суръати онҳо дар лаҳзаи муайяни вақт, сохтани манзумаи шастии координатаҳо барои санҷишҳои ахтаршиносӣ, омӯзиши қонуниятҳои гардиши Замин ва ҳисоби вақт, инчунин муайян кардани қимати собитҳои асосии ахтаршиносӣ аст. Бо усулҳои астрометрия инҳирофоти манзар (параллаксҳо) ва қутри кунҷии ҷирмҳои осмонӣ, андоза ва мавқеи ҷузъҳои сатҳи онҳоро андозагирӣ мекунанд. Ахтаршиносии куравӣ, ки усулҳои риёзии омӯзиши мавқеи зоҳирӣ ва ҳаракати ҷисмҳои осмониро муоина мекунад, ахтаршиносии амалӣ, ки усулҳову афзорҳои муайян кардани вақт, координатаҳои ҷуғрофиёӣ ва азимутҳои рӯйи Заминро муоина мекунад, ахтаршиносии бунёдӣ, ки дар асоси мушоҳидаҳои зоҳирии меридианӣ ва қиматҳои ададии муҳимтарин собитҳои астрономӣ зиҷи ситораҳо­ро тартиб медиҳад ва координатаҳои ҷирмҳои осмониро муайян мекунад ва ахтаршиносии аксбардорӣ, ки бо ёрии астрографҳо қитъаҳои осмонро аксбардорӣ намуда, аз рӯйи зиҷи ситораҳои маълум координатаҳо ва ҳаракати хусусии ҷисмҳои дигарро муайян мекунад, низ ба астрометрия марбут медонанд. Солҳои 50-60 садаи XX алоқамандона ба инкишофи таҳқиқи Кайҳон дар астрометрия вазифаҳои нав ба миён омаданд: муайян кардани координатаҳои обектҳои зудҳаракати осмонӣ (радифҳои маснӯъ), санҷишҳои астрометрӣ аз дохили дастгоҳҳои парвозҳои кайҳонӣ ва аз сатҳи Моҳ, самтгириҳои радифҳои маснӯъ, зондҳои кайҳонӣ ва ғайра Натиҷаҳои таҳқиқоти астрометрӣ дар фаслҳои дигари ахтаршиносӣ — механикаи осмон, астрофизика, астрономияи ситоравӣ, инчунин дар геодезия ва геофизика низ мавриди истифода қарор мегиранд.

Озмоишгоҳи ҳаракати реактивии NASA дар Калифорния

Адабиёт

вироиш
  • Подобед В. В., Нестеров В. В. Общая астрометрия. Москва, 1975;
  • Жан Ковалевский. Сов­ременная астрометрия. Фрезино, 2004.

Сарчашма

вироиш