Ахтаршиносии шиҳобӣ

Ахтаршиносии шиҳобӣ, астрономияи метеорӣ, шиҳобшиносӣ — фасли ахтаршиносӣ, ки таркиб, пайдоиш ва таҳаввули шиҳобҳо (моддаи метеорӣ)-ро дар фазои байнисайёравӣ меомӯзад.

Таҳқиқ

вироиш

Таҳқиқи таркиб ва ҳаракати шиҳобҳо бо роҳи мушоҳидаҳои оптикӣ, радиолокатсионии шиҳобҳо, мушоҳидаи рӯшноии бурҷҳои дувоздаҳгона, ба қайд гирифтани баҳамбархӯрии шиҳобҳо бо ёрии датчикҳои радифҳои маснӯи Замин ва зондҳои кайҳонӣ, омӯзиши ҳаракати сели шиҳобҳо бо усулҳои механикаи осмонӣ сурат мегирад. Ахтаршиносии шиҳобӣ дар Тоҷикистон, Русия, Украина, Чехия, ИМА, Британияи Кабир ва Австралия омӯхта мешавад.

Таҳқиқот дар Тоҷикистон

вироиш

Таҳқиқоти маҷмӯи (комплексӣ)-и бисёрсолаи шиҳобҳо дар Итститути астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии маълумоти пурраро доир ба нуқтаи тобиш (радиант), суръат, масса, зичӣ ва мадори ҳазорҳо шиҳоб фароҳам овард. Параметрҳои физикавӣ ва реҷаи бодӣ дар минтақаи шиҳобии атмосфераи Замин (баландии 60 – 120 км) муайян карда, саҳми шиҳобҳо дар иондоршавии қабатҳои болоии атмосфера ва воридшавии моддаҳои шиҳобӣ ба Замин, Зуҳра ва Миррих баҳо дода, ассосиатсияҳои нави шиҳобӣ – гурӯҳҳои шиҳобҳои аносири мадорашон наздик муайян карда шуданд. Аз рӯйи мушоҳидаҳои фотографии шиҳобҳои олимони тоҷик (Л. Н. Рубсов, В. М. Колмаков, Р. Ш. Бибарсов, Р. П. Чеботарев) феҳристи мадори шиҳобҳо тартиб дода шуд, ки он ба Бонки умумиҷаҳонии маълумоти шиҳобҳои Иттиҳоди байналмилалии ахтаршиносӣ дохил карда шудааст.

Соли 1964 П. Б. Бобоҷонов бо ҳамроҳии Е. Н. Крамер усули «суратгирии лаҳзавӣ»-и шиҳобҳоро ихтироъ карданд, ки бори аввал дар ҷаҳон дар Расадхонаи Ҳисор амалӣ шуд. Суратгирии лаҳзавии шиҳобҳо (П. Б. Бобоҷонов, Н. А. Коновалов, В. С. Гетман) на танҳо имкони муайян намудани таркиби сифатӣ, балки таркиби миқдории шиҳобҳоро низ фароҳам овард. Дар натиҷа бори аввал дар ҷаҳон акси шиҳобҳо дар фосилаи хурди вақт (0,00056 с) ба даст оварда, ҳодисаи порашавии шиҳобҳо муайян карда шуд. Дар асоси ин маълумот ҳодисаҳои физикавӣ дар шиҳобҳо омӯхта, таснифоташон тартиб дода, андозаи пардаи туманноки (кома) дурахшони шиҳобҳо муайян, ҳодисаи коҳиши ҷисмии шиҳобҳо ба пораҳои калон ва ҳаракату нурафкании онҳо таҳқиқ карда шуд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар таҳқиқи физикаи шиҳобҳо падид омадани назарияи порашавии квазибефосилаи ҷисми шиҳобҳо ва методикаи татбиқи он ҳангоми тафсири аксҳои шиҳобҳо бо мақсади муайян намудани андоза, массаи маводди порашуда ва зичии шиҳобпораҳо мебошад (П. Б. Бобоҷонов, Г. Г. Новиков, В. Н. Лебединес, А. В. Блохин). Дар Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор дар ИҶШС мушоҳидаҳои яквақтаи аккосӣ ва радиолокатсионӣ доир шуд. Чунин мушоҳидаҳо имкон доданд, ки таносуби байни интенсивнокии шиддати нурафкании шиҳоб ва зичии электронии ибтидоии пайи он дақиқ, коэф. часпиши электронҳо ба атомҳои нейтралии пайдоишашон шиҳобӣ ҳисоб карда шавад (П. Б. Бобоҷонов, Р. Ш. Бибарсов). Аз рӯйи мушоҳидаҳои радиолокатсионии садҳо ҳазор пайи шиҳобҳо тақсимоти фазоии ҷараёни ҳавоӣ дар минтақаи шиҳобии атмосфера сохта, равандҳои беионшавии пайи онҳо таҳқиқ карда шуданд (Р. П. Чеботарев, В. М. Колмаков, Р. Ш. Бибарсов). Қайди шиҳобҳои ниҳоят суст бо ёрии системаи радиотехникии «Горизонт» ва санҷиши зондии яквақтаи атмосфера бо ёрии истгоҳи худкори ионосферӣ имкон дод, ки нақши шиҳобҳо дар иондоршавии қабатҳои болоии атмосфераи Замин муайян карда шавад (Л. Н. Рубсов). Олимони тоҷик суръати бодро дар қисмати поинии ионосфера аз рӯйи сайри ғайриякҷинсагиҳои ионосферӣ андоза карда, дар муқоиса бо мушоҳидаҳои радиолокатсионии сайри пайи шиҳобҳо суръати ҷараёнҳои ҳавоиро дар баландиҳои гуногун муайян намуданд. Солҳои 1968–70 олимони Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати экспедитсияи истивои (экваториалӣ)-и шиҳобӣ дар Африқо таҳқиқоти илмӣ карда, радиантҳо ва мадори шиҳобҳои Нимкураи Ҷанубӣ, инчунин реҷаи бодии қисмати болоии атмосфераи минтақаи истивоии Заминро муайян намуданд. Дар натиҷаи таҳқиқот бузургии воридоти моддаи шиҳобӣ дар баландиҳои 80–120 км, тақсимоти радиантҳои шиҳобҳои тасодуфӣ (спорадавӣ) дар минтақаи истивоии гунбади осмон муайян ва феҳристи мадори якчанд ҳазор шиҳоби тира тартиб дода шуд. Мадори зиёда аз 500 шиҳоби дурахшон аз рӯйи мушоҳидаҳои аккосӣ ва 5000 шиҳоби тира аз рӯйи мушоҳидаҳои радиолокатсионӣ дар хатти истиво, ки олимони тоҷик муайян кардаанд, ба Бонки умумиҷаҳонии маълумоти Иттиҳоди байналмилалии ахтаршиносӣ дохил карда шуданд.

Олимони тоҷикистонӣ А. Ф. Заусаев, А. И. Пушкарев бонки маълумоти мадори кеплерии ҷозибавии (мадори оскулишаванда) ҷирмҳои хурди атрофи 9 сайёраи бузургро барои 20 ҳазор сол тартиб доданд, ки он барои таҳқиқи таҳаввули ҷирмҳои хурди Манзумаи Офтоб бо муваффақият истифода мешавад. Усулҳои радиотехникии таҳқиқи шиҳобҳо солҳои 60 садаи XX оғоз ёфта, дар таҳқиқи ионосфераи Замин, паҳншавии радиомавҷҳо ва алоқа дар Манзумаи Офтоб нақши амиқ гузоштанд. Баҳри амалӣ гаштани ин мақсад дар Расадхонаи Ҳисор маҷмааи радиофизикӣ барои таҳқиқи ионосфераи арзҳои миёна ва маркази босамари радиоафканишоти Офтоб сохта шуд. Солҳои 80 садаи XX олимони Институти астрофизика падида (эффект)-и таъсири ҳодисаҳои ионосферӣ ба зилзиларо ошкор намуда, дар якҷоягӣ бо олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон усули пешгӯӣ намудани зилзилаҳои харобиоварро дар муҳлатҳои кӯтоҳ (2–3 шабонарӯз) пешниҳод карданд (Л. Рубсов, О. Алимов).

Дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон олимони тоҷик таҳаввули тӯдаҳо (рой)-и шиҳобӣ, мадори зузанабҳои кӯтоҳдавр ва астероидҳои наздик ба Заминро васеъ таҳқиқ намуда, дар бораи шакли тӯдаи шиҳобҳо ва динамикаи сели шиҳобҳо маълумоти тозаро ба даст оварданд. Онҳо исбот карданд, ки миқдори сели шиҳобҳое, ки як зузанаб ба вуҷуд меоварад, ба таснифи мадори Заминро бурида гузаштани мадори зузанаб вобаста аст. Аксари зузанабҳои кӯтоҳдавр мадори Заминро 4 маротиба бурида мегузаранд ва онҳо то 4 сели шиҳобҳоро ба вуҷуд меоваранд. Аз рӯйи ин хусусият исбот карда шуд, ки якчанд астероиди ба Замин наздик ва хавфнок ҳастаи зузанабҳои хомӯшшуда мебошанд. Ин усулҳои нави таҳқиқи тӯдаи шиҳобҳо, ки аз ҷониби олимони тоҷик пешниҳод шудаанд, асоси корҳои илмии олимони ҷаҳон гардиданд.

Сарчашма

вироиш