Ашиату-л-ламаот
Унсури холии Викидода |
«Ашиату-л-ламаот» (ар. اشعة اللمعات — тобишҳои равшаниҳо) — асари Абдулҳақ ибни Сайфуддин Деҳлавии Бухории муҳаддис (вафот 1442) — ки тарҷума ва шарҳи форсии китоби «Миликоту-л-масобеҳ» дар ҳадис мебошад. «Маликоту-л-масобеҳ»-ро Валиуддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Хатиби Табрезӣ (ваф. ҳудуди 1340) дар асоси китоби «Масобеҳу-с-сунна»-и имом Бағавӣ (вафот 1116) соли 1336̸37 тартиб додааст. Ин маҷмӯа аз 6294 ҳадис иборат буда, аксарияти ҳадисҳои саҳеҳ ва ҳасани «Сиҳоҳи ситта» ва як миқдори дигар аз «Муснад»-и имом Аҳмад, Доримӣ, Байҳақӣ ва дигар дар он ворид карда шудааст.
Тарҷума ва шарҳи Абдулҳаққи Деҳлавӣ яке аз беҳтарин ва саҳеҳтарин тарҷума ва шарҳи ин ҳадисҳо ба забони форсӣ маҳсуб мешавад. Муаллиф пеш аз тарҷума ва шарҳи худ як муқаддимаи муфассал дар баёни истилоҳоти илми ҳадис овардааст, ки он дар ҳақиқат як рисолаи мустақил ва хеле хуб дар ҳадисшиносӣ ба забони форсист. Абулҳаққи Деҳлавӣ дар поёни муқаддимаи худ тарҷумаи ҳоли ҳамаи он имомонеро овардааст, ки аз онҳо дар ин маҷмӯа ҳадис оварда шудааст ва ё ба илми ҳадис алоқамандӣ доранд, аз қабили: Бухорӣ, Муслим, Молик, Шофеъӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал, Абудовуди Сиҷистонӣ, Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷа, Доримии Самарқандӣ, Абулҳасани Доруқутнӣ, Байҳақӣ, Абулҳасани Разин, Нававӣ ва Ибни Ҷавзӣ.
Шарҳ аз чаҳор ҷилд иборат аст: ҷилди 1 аз китоби имон то китоби ҷаноиз; ҷилди 2 аз китоби закот то китоби маносик; ҷилди 3 аз китоби буюъ (тиҷорат) то китоби руъё; ҷилди 4 аз китоби адаб то китоби фитан (фитнаҳо). «Ашиату-л-ламоат» дар Ҳиндустон борҳо ба шакли чопи сангӣ нашр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- شیخ عبدالحق محدث دهلوی. أشعة اللمعات. جلدهای۱-۴. لکهنو، ۱۸۹۴
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.