«Ашкана», «Аскана» — яке аз оҳангҳои мавсимию маросимии мусиқии форс-тоҷик, ки машшоқи аҳди Сосониён Бомшод эҷод намудааст. Бино ба ахбору тавзеҳоти манбаъҳои хаттии мусиқию («Китобу-л-кофӣ ал-мусиқӣ»-и Ибни Зайла) таърихӣ («Муруҷу-з-заҳаб»-и Масъудӣ, «Китобу-л-маҳвун ва-л-малоҳӣ»-и Ибни Хурдодбеҳ) ашкана ба силсилаи оҳангҳои замзамавии бематни хуросонӣ мансуб будааст. Мутрибони номии аҳди Сосониён Накисои Чангӣ, Саркаб, Саркаш ва дигар ашканаро бо маҳорати тамом иҷро менамудаанд. Ашкана дар аҳди хилофати араб ва асрҳои 11–12 дар санъати мусиқӣ маъмул буда, дар осори классикони адабиёти форс-тоҷик (Низомӣ, Манучеҳрӣ ва дигар) тавсиф шудааст;

Адабиёт

вироиш
  • Борбад ва замони ӯ. Д, 2004; Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011.

Сарчашма

вироиш