Унсури холии Викидода

«Ашкол-ут-таъсис» (ар. أشکال التأسیس‎ — «Шаклҳои асосии ҳандаса») — рисола дар баёни асосҳои илми ҳандаса, ки аллома Шамсуддин Муҳаммад ибни Ашрафи Самарқандӣ (вафот 1305) ба забони арабӣ (соли 1281) таълиф кардааст.

Муаллиф дар он 35 шакл (теорема)-и ҳандасаи Евклиди юнониро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Баъдан соли 1412 Қозизодаи Румӣ дар Самарқанд бар ин рисола як шарҳи муфассали илмӣ навишт, ки боиси маъруфияти бештари ин рисола ва муаллифи он дар Шарқу Ғарб гардидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арабские рукописи по астрономии и математике в Фондах научной библиотеки им. Н. И. Лобачевского / Состав. М. Н. Идеатуллин. Қазон, 1987;
  • حاجی خلیفة. کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱. بیروت، ۲۰۰۷

Сарчашма

вироиш