Ашкрезӣ — шоридани ашкро гӯянд, ки сатҳи ғӯзаи чашмро шуста, онро аз хушк шудан муҳофизат мекунад. А. ба афзоиши микробҳо низ монеъ мешавад. Ашк ба тавассути ашкроҳа ба халтаи ашк, баъд ба ҷавфи бинӣ мешорад. Дар мавриди ба чашм афтодани ҷисмҳои бегонаи майда, газаки мултаҳима ва қарнияи чашм ғадудҳо ашкро зиёд ҳосил мекунанд. Дар ин ҳолатҳо агар бемории асосиро муолиҷа намоянд, А. муътадил мегардад. Душвории ҷараёни ашк, маъмулан, ба танг ё руст шудани ягон қисми ашкроҳа, инчунин нодуруст ҷой гирифтани пилки чашм, ки боиси аз ғӯзаи чашм дур шудани даҳанаи ашк мегардад, вобаста аст. А. дар баъзе одамон аз хунукӣ, шамол, рӯшноии баланд, аз таъсири чанг ба вуҷуд меояд. Шахсоне, ки аз А. азият мекашанд, бояд ба духтур муроҷиат намоянд.

Сарчашма

вироиш