Ашк — маҳсули тарашшуҳи ғадуди ашк.Чашмро тар карда, аз вай ғубор ва бактерияҳоро шуста тоза мекунад. Дар таркибаш 99 % об, 0,9 %моддаҳои ноорганикӣ (хусусан хлориди натрий), тақрибан 0,1 % сафеда низ дорад.

Ашк
Писарбачае бо чашмони ашколуд
Ашк

Ашк, сиришк, оби дида, обе, ки аз гиря ва бо таъсири ҳиссиёти ҷисмӣ ё рӯҳӣ аз чашм фурӯ мерезад. Ашк моеъи шаффоф буда, таркибаш аз 99 % об, 0,9 % моддаҳои ноорганикӣ (хлориди натрий, карбонати натрий ва магний, ҳамчунин кислотаи сулфид), тақр. 0,1 % сафеда иборат аст. Ашк вазифаи муҳофизиро иҷро карда, чашмро аз ҷинсҳои бегона тоза менамояд. Ҳангоми ҷудо гаштани Ашк ғӯзаи чашм тар мешавад, ғубор ва бактерияҳо аз чашм ихроҷ мегарданд. Ашк эҳсосотро низ инъикос мекунад, мас., ҳангоми гиря ё ханда аз чашм Ашк мерезад. «Хушк будани чашм» аломати хастагӣ ё хирагии чашм аст. Барои муолиҷа ашки сунъиро истифода мебаранд[1].

Ҳамчунин нигаред

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Ашк — дар Эниклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/ashk/1-1-0-406(пайванди дастнорас)