Аштак
АШТÁК, аштақ, ҳаштак, қайса - як навъ ғулинги буғдода ва хушконидаи бедонак. Барои аштак зардолуи тару тоза ва нимпухтаро ба сабад ё қутиҳои чӯбини роғдор андохта, ба дамдони махсус болои ҳам мегузоранд ва сарпӯшашро мепӯшанд. Сипас дар ягон зарф сулфури ғурӯша ё хокаро даргиронда, ба зери қуттиҳо мегузоранд ва бо дуди он зардолуҳоро буғ (1–1,5 соат) медиҳанд. Баъди бо гази сулфур (SO2) буғ додан, зардолуро ба рӯйи фанер ё тахтаҳои махсус паҳн карда, дар офтоб пажмурда (24–36 соат) менамоянд, баъд донакашро аз ҷойи думчаи мева бароварда, 5–6 рӯз дар офтоб мехушконанд.Зардолуи буғдода хушранг (зарди шаффоф ё сурхи ҷилодор) мешавад ва муддати зиёд кирм намезанад. Баъзан ба дохили аштак мағзи худи зардолу, мағзи бодом, чормағз ҷой карда мехушконанд. Ин гуна аштакро нонаштак ё аштаки хубонӣ меноманд. Аштаки мағздор хушмаза мешавад, вале зуд кирм мезанад. Аштакро асосан барои тайёр кардани ғулингоб, инчунин дар қаннодӣ истифода мекунанд. Барои аштак бештар навъҳои зардолуи сергӯшт истифода мегарданд. Махсусан зардолуи навъҳои Хурмоӣ, Бобоӣ, Исфарак, Субҳонӣ, Зарифӣ, Кадухурмоӣ, Боқитаптап, Аҳрорӣ, Фалғарӣ, Ниёзӣ, Мирсанҷарӣ ва ғ. аштакбобанд. Аштак17–18% об, 68–76% қанд, 1,4–3,4% моддаҳои пектинӣ, ҷавҳари себ, витаминҳои С, B1, В2, каротин (провитамини А) ва ғ. дорад. Аштак бештар дар ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ маъмул аст. Баъзан аз навъҳои шафтолу низ аштак тайёр мекунанд. Аз 100 кг зардолуи тару тоза 22–26 кг аштак тайёр кардан мумкин аст.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.