Аштархонӣ
Аштархонӣ — навъе аз гелосҳои пешпазак.
Дарахташ зудсабз, сершохубарг, навдаҳои яксолааш ғафси сермуғҷа. Баргаш калон, байзашакли дилмонанд, думчааш дароз (3-5 см) ва ғафс. Аввалҳои апрел гул карда, аввалҳои май мевааш мепазад. Мевааш калон (вазнаш андаряк 4,2 г), гирда, рангаш сурхи ҷигаритоб; пӯст ва мумпардааш ғафс. Гӯшташ хамираки сершира, донакаш майдаи гирда (вазнаш 0,6 г), аз гӯшт нағз ҷудо мешавад. Баъди пухтан 8,3 % қанд ва 0,5 г/л туршӣ дорад. Ҳосилашро асосан тар мехӯранд, мураббо мепазанд; ба ҷойҳои дур кашондан мумкин. Аштархониро ба ниҳоли хасаки гелос ё бехҷасти олболу пайванд мекунанд. Ниҳоли пайвандиаш баъди 3-4 сол самар меоварад. Асосан шохчаҳои кӯтоҳаш (1-3 см) ҳосил мебанданд. Дарахташ 25-35 сол самар медиҳад. Аз дарахти 15-16-солааш 35-45 кг ҳосил меғундоранд. Гулаш аз гарди гули диг. навъҳои гелос хубтар гардолуд мешавад. Бинобар ин, онро ҳамроҳи диг. навъҳои гелос мешинонанд. Macалан, ҳангоми аз рӯйи тартиби 5×5 м якҷо бо навъи гелоси Сарви субҳонӣ шинондан, аз ҳар га 110—120 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Аштархониро баъзан саҳван Дили говак номида, ба навъи аврупоӣ нисбат медиҳанд. Дар «Бобурнома» бо номи «Аштархонӣ» омадааст. Дарахти Аштархонӣ ба сармо ва камобӣ тобовар буда, дар заминҳои сернам низ хуб месабзад. Бештар аз касалиҳои занбӯруғӣ ва шилмшорӣ зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аштархонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.